АЪЗОИ НАВИ ИТТИҲОДИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Хабари хуши ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудани шаш нафар шоиру нависандагони тоҷики ӯзбекистонӣ: Юнуси Имомназар (шаҳри Тошканд), Расулбеки Аҳмадзод (вилояти Фарғона), Пайғом (Тӯхтамиш Боқиев, вилояти Сирдарё), Зоҳир Ҳасанзода (вилояти Самарқанд), Хусрави Саъдулло (шаҳри Тошканд), Маликаи Бахтиёр (вилояти Самарқанд) ба сартосари ҷумҳурӣ паҳн шуд.

Хабари хуши ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудани шаш нафар шоиру нависандагони тоҷики ӯзбекистонӣ: Юнуси Имомназар (шаҳри Тошканд), Расулбеки Аҳмадзод (вилояти Фарғона), Пайғом (Тӯхтамиш Боқиев, вилояти Сирдарё), Зоҳир Ҳасанзода (вилояти Самарқанд), Хусрави Саъдулло (шаҳри Тошканд), Маликаи Бахтиёр (вилояти Самарқанд) ба сартосари ҷумҳурӣ паҳн шуд. Бояд гуфт, ки чанде қабл аз ин гурӯҳ шоир Нормурод Каримзода (вилояти Самарқанд) низ ба узвият пазируфта шуда буд. Пас, имсол аз адибони тоҷики ӯзбекистонӣ ҳафт нафар ба узвият пазируфта шудаанд. Албатта, ин сабаби хурсандӣ ва шукргузорист. Вале синну соли аксарияти пазируфташудагон аз 50-60 болост. Зоҳир Ҳасанзода ва Нормурод Каримзода беш 70 сол доранд. Фикр мекунем, бояд бештар ҷавонони боистеъдодро ба узвият қабул кард. Зеро имрӯз дар вилоятҳои ҷумҳурӣ теъдоди ҷавонони сазовортар кам нест...  
Ин ҳодиса, ки рӯйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти тоҷикони Ӯзбекистон мебошад, натиҷаи эътибори роҳбари мамлакат ба фарҳангу адаби миллатҳои маскуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла тоҷикон, маҳсуб меёбад. Бешубҳа, чунин эътибору эҳтиром ба таҳкими дӯстии халқҳои бумӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Тоҷикон таърихан дар ин марзу бум маҳфилҳое доштаанд, ки бори Иттиҳоди нависандагонро бар дӯш доштааст. Рӯдакии Самарқандӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Носири Хусрав, Абӯрайҳони Берунӣ, Сайидои Насафӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Шавкати Бухороӣ, Исмати Бухороӣ, Аҳмади Дониш ва дигаронро ягон созмон ба узвият напазируфтааст. Вале онҳо дар маҳфилҳои адабӣ гирдиҳам омадаанд, як умр ғами сухан, меҳан ва инсонро хӯрдаанд...
Умед аст, ки оянда аз ҳисоби шоирону нависандагони тоҷик теъдоди ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон пазируфташудагон бамаротиб меафзояд ва Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттиҳоди нависандагони ҷумҳурӣ, ба хотири рушди адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон, аз нав кори худро шурӯъ хоҳад кард.
Инак, ба ҷойи шодбошу табрик мо тасмим гирифтем, ки аз эҷоди адибони тоза ба узвияти Иттиҳоди нависандагони пазируфташуда ба алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони рӯзнома намунаҳо пешниҳод намоем.

Бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: