ҲАМКОРИҲО ДАР ҶОДАИ ТАНДУРУСТӢ

Ба мамлакатамон шифокорон аз кишварҳои дуру наздик омада, дар клиникаю шифохонаҳо одамонро аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд, ба беморон ташхис гузошта, маслиҳатҳои муфид медиҳанд, бо шифокорони маҳаллӣ ҷарроҳиҳои мураккабро ба сомон мерасонанд.

Аз ҷумла, гурӯҳи духтурони душанбегӣ аз Маркази тиббии «Насл» таҳти сарварии раиси ташкилоти ҷамъиятии Бунёди рушди тиббии хусусии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 2 Шамсиддин Қурбонов дар клиникаи «Novo Medics»-и шаҳри Ҷиззах бемориҳои гинекологӣ, бепуштӣ ва монанди онро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, тавсияҳои зарурӣ доданд. 
Ба наздикӣ ба Маркази ихтисосёфтаи илмӣ-муоинавии онкология ва радиологияи вилоят аз Тотористон гурӯҳи 17 нафараи духтурони соҳибмалака омаданд. Касалиҳои гурдаву меъдаро аз муоина гузаронида, ду ҷарроҳии мураккабро бомуваффақият анҷом доданд. Меҳмонон изҳор намуданд, ки дар ин шифохонаҳо шароит барои табобати саривақтии беморон хуб аст. Таъминот бо таҷҳизот ва малакаву маҳорати духтурон ҳам шоистаи таҳсинанд.  

Анорбой НАЗАРОВ,  
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: