МЕҲРУ МУРУВВАТ БА КӮДАКОНИ БЕПАРАСТОР

Дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Сӯх ба як гурӯҳ кӯдаконе, ки аз парвариши падару модари худ маҳрум мондаанд, меҳру мурувват нишон дода шуд.

Дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Сӯх ба як гурӯҳ кӯдаконе, ки аз парвариши падару модари худ маҳрум мондаанд, меҳру мурувват  нишон дода шуд.
Ин иқдом бар асоси қарори Девони Вазирон аз 17 январи соли 2022 “Дар бораи чорабиниҳои ҷорӣ намудани “Дафтари меҳр” барои дастгирии ҳарҷонибаи кӯдакони ятим ва аз парвариши волидайн маҳрумшуда” сурат гирифт. 
– Дар ноҳияи мо бо мақсади ҳалли мушкилот ва ҳимояи манфиатҳои чунин кӯдакони аз парвариши падару модар маҳрум «Харитаи роҳ» таҳия гардидааст. Дар доираи он як қатор тадбирҳо баргузор намудем, ки маҳз ба хурсанду шодмон намудани чунин кӯдакон нигаронида шудааст. Ин бор барои харидории ин савғотиҳо, ки 9 нафар кӯдакон дар маърази тақдимоти он қарор доранд, бештар аз 70 миллион сӯм маблағ харҷ гардид. Интизор меравад, ки дар оянда ҳаҷми чунин маблағҳои хайрия беш аз пеш афзоиш хоҳад ёфт, – гуфт дар ин чорабинӣ ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Кӯдаконе, ки соҳиби мизу курсӣ ва ноутбук шуданд, аз ин ғамхорӣ басо шоду мамнун гаштанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: