Инсоният аз қадимулайём ба покизакорӣ, тозаву озодагии гирду атроф ва манзили худ эътибори ҷиддӣ додааст.
Инсоният аз қадимулайём ба покизакорӣ, тозаву озодагии гирду атроф ва манзили худ эътибори ҷиддӣ додааст. Сирату сурати инсон ҳаматарафа бояд зебо бошад, даруну беруни ҳавлию маскани худро тоза нигоҳ дорад.
Дар шаҳру деҳотамон ҳавлиҳое ҳастанд, ки аз берун ниҳоят боҳашам, гирду атрофи он тозаву озода, гулу райҳон ва дарахту буттаҳо шинонда шудаанд, ки ҳаваси кас меояд. Табиати инсон чунин аст, вақте гузораш ба кӯча, ҳавлӣ ва макони дигаре афтад, албатта ба таъмир, тозаву озода ва шукӯҳу ҳашамати он таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Албатта, агар кӯча об зада рӯфта бошад, дар ду тарафи он гулу райҳон ва дарахтони сарсабз шинонда шуда бошанд, чашму дили кас баҳра мегирад.
Аммо ба баъзе ҳавлиҳои боҳашам назар андозед, тамоман манзараи дигарро мебинед. Ҳама ҷо титу парешон, ранги девор кандагӣ, сатил пури партов... Пас, соҳибхона барои худнамоӣ беруни ҳавлиашро обод кардааст. Дар баъзе ҷойҳо баръакс, беруни ҳавлӣ харобаю дарунаш обод.
Модоме ки инсон зебоиро мехоҳад, дарун ва ҳам беруни ҷойи зисташро бояд обод гардонад.
Дар оятҳои китобҳои муқаддас оварда шудааст, ки “поккорӣ” – тозагӣ, озодагӣ, яъне таҳорат, ғусл кардан, баданро тоза нигоҳ доштан аст, ки аксарият ба ин амалҳо риоя мекунанд. Аммо, агар ба тозагии ҳавлию ҷой, сари оташдон, дегу табақ, кӯча, ҷойҳои истироҳатӣ ва ҷойи кор эътибор надиҳем, соҳиби имони мукаммал намешавем.
Дар ҳадиси шариф гуфта шудааст: “Покӣ нисфи имон аст”. Расулуллоҳ (с.) фармудаанд: “Пояи ислом покизакорист”. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ислом инсониятро ба поккорӣ, тозагиву озодагӣ даъват менамояд. Дар ҷое, ки покизакорӣ ҳукмфармост, дар он ҷо хайру барака мешавад.
Аммо, баъзан нопокиҳо, бетартибӣ ва ифлосии таги дар, кӯча ва ҳавлиҳоро дида табъи кас хира мегардад, таассуфовараш, аз ин гуна хонаву ҷо файзу барака мепарад. Барои ҳамин ҳам, дар таълимоти дини ислом чизҳои ба инсон нофорамро аз кӯчаву роҳҳо гирифта партофтан ҷоиз ба шумор рафтааст. Абу Ҳурайра(р.а.) ривоят мекунад: “Пайғамбарамон марҳамат кардаанд: “Имон аз ҳафтоду чанд ё ки шасту чанд шуъба иборат аст. Афзалиятноки он “Ла илаҳа иллаллоҳ” гуфтан ва хурдтаринаш чизҳои ба инсон озордиҳандаро аз сари роҳ гирифта партофтан”.
Аксарият гирду атрофи дарвозахонаашро мерӯбаду ба тозагии кӯча коре надорад. Барои рӯфтани ҳар як тангкӯча фаррош лозим нест. Агар ҳама гирду атрофи кӯчаи худро рӯбад, тамоми кӯча тамиз мегардад. Одатан ба порчаи замини таги дарвозаашон ток мешинонанд, гулу райҳон мекоранд, аммо соҳибхонаҳое ҳастанд, ки ба об додану парвариши онҳо эътибор намедиҳанд. Ин боиси хирагии табъи роҳгузарҳо мегардад.
Хулоса, дини ислом инсонро ба покизагии руҳиву маънавӣ ва ҷисмонӣ даъват мекунад.
Ғафурҷон РАЗЗОҚОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддин Нақшбанд,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.