ДОНИШҲОИ АНЪАНАВИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

Дар Бухоро хонишҳои анъанавии XII байналмилалии Ибни Сино – анҷумани илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Абӯалӣ ибни Сино ва тамаддун» ба амал омад.

Меҳмонон ба зодгоҳи олими қомусӣ ташриф оварда, ба пояи ҳайкали вай гулчанбар гузоштанд ва бо осорхонаи ӯ шинос шуданд. Бояд таъкид намуд, ки дар музейи Афшона дастнависҳои тиббии Шайхурраис мавҷуд аст. Мегӯянд, ки дар китобхонаҳои Ҳиндустон доир ба мероси Ибни Сино 25 ҳазор китоб ва 17 ҳазор нусха маҷалла нигоҳ дошта мешавад. Аён аст, ки Бӯалӣ оид ба илмҳои гуногун беш аз 450 асари илмӣ таълиф намудааст, вале то замони мо фақат 242-тои онҳо расидааст.
– Ҳоло ҳангоме ки мероси гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино баҳри некӣ, баҳри ҳифзи саломатии мардуми олам хидмати арзанда дорад, пас вай фарзанди фарзонаи бани одам, олими хеле бузург аст, – гуфт роҳбари Бунёди байналмилалии илмию амалии илму фарҳанги Эрон ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Ғиёсиддин Таҳомуҳаммадӣ ҳангоми мулоқот бо паёмнигорон. – Онҳое, ки ширкати ин анҷумани дар ҳар ду сол дар Бухоро баргузоршавандаро орзу мекунанд, хеле зиёданд. Мо шодем, ки зодгоҳи эшонро зиёрат кардем. Ҳама медонанд, ки Ибни Сино дар шароити асрҳои миёна фарҳанги халқҳои Осиёи Марказиро ба сатҳи маданияти пешқадамтарини олам боло бардошта, бо  номи «Авитсенна» машҳури олам гардидааст.  
Дар доираи хонишҳо байни як қатор донишгоҳҳои хориҷӣ меморандумҳои ҳамкорӣ таҳия ёфт. Ин тадбири муҳими байналмилалӣ имконият дод, ки баҳри дақиқтар омӯхтани мероси пурарзиши олими ҳамадон имкониятҳои нави ҳамкорӣ арзи вуҷуд кунад. 
Дар ҷараёни тадбир баробари шунидани маърӯзаҳои шавқовар доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Сино ба олимоне, ки баҳри омӯзиш ва барқароркунии мероси пурарзиши ӯ саҳми муносиб гузоштаанд, мукофоти фахрии «Абӯалӣ ибни Сино» инъом гардид. Инчунин ба як гурӯҳ олимон, аз ҷумла ба намояндагони Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро рутбаи «доктори фахрӣ» ва медали тиллоӣ супорида шуд. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: