МО НАСӮЗЕМ, ТУ НАСӮЗӣ....

Обуна – 2024

Забони тоҷикӣ аз забонҳои сарватманд, зебо ва қадимтарини дунёст. Вай забони модарии мост. Ҳифз намудани ин сарвати бебаҳо вазифаи ҳар як соҳибзабон аст. Соҳибзабон метавонад тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» онро омӯзад. Пайдост, ки «Овози тоҷик» ягона рӯзномаи сартосарии ҷумҳу- рист. Вай аз мавҷудияти мову забони мо дарак медиҳад, шиносномаи мардуми тоҷики Ӯзбекистон аст. 
«Овози тоҷик» рӯзномаи хонданибоб аст, агар шумо иштиёқи хондан дошта бошед, вагарна баҳона бисёр. Ваҳдату ягонагии мо дар обуна ба «Овози тоҷик» аст, зеро:
Иззат натавон ёфт ба тақлиди азизон,
Юсуф нашавад, ҳар кӣ дарафтод ба чоҳе...

Ҳама имконияти обуна шудан дорем. Метавонем ба пешвози 100-солагии он ҳамагон обуна шуда, сарбаланд бошем.
Миллионҳо маблағро ба бод медиҳем. Барои обуна бошад, «маблағ» надорем. Мо нахонем, фарзандони мо намехонанд, онҳо нахонанд, наберагон низ нахоҳанд хонд. Пас чӣ мешавад? Мактабҳои тоҷикӣ чӣ меша- ванд? Мабод он рӯз, ки аз лоқайдиву бемасъулиятӣ рӯзномаи худро аз даст диҳем. Ин шармандагист. Охир мо насӯзем, кӣ месӯзад? Ку нангу номус, ку ифтихор?
Биёед, фикр кунем, ки омӯзгори тоҷик аз куҷо ва ба чӣ васила забони адабиро меомӯзад? Имрӯз зиёиву коргар як хел андеша доранд: рӯзнома маводи дилписанд надорад, забони рӯзнома душвор аст.
Ин баҳонаи маҳз аст. Омӯзгороне, ки чунин меандешанд, ғурури миллӣ надоранд. Онҳо пайгири мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» ҳастанд. 
Соҳибзабонони азизу арҷманд, имрӯз бояд аз ҳарвақта зиёдтар масъулият- шинос бошем. Фурсати он расидааст, ки арвоҳи ононеро, ки барои ин забон фидокорӣ кардаанд, шод намоем. Ҳеҷ кас аз мо қаҳрамонӣ талаб намекунад. Набояд фаромӯш кард, ки:
Дарёст қатрае, ки ба дарё расидааст,
Ҷуз мо каси дигар натавонад ба мо расид.

Сулаймон СОДИҚ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: