ТИРБАНДИИ РОҲ ВА МУШКИЛОТИ НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТИРО ВАЗОРАТ ЧӢ ХЕЛ ҲАЛ МЕКУНАД?

Президент Шавкат Мирзиёев корҳоеро, ки оид ба коҳиш додани тирбандии роҳ, беҳтар гардондани хидмати нақлиёти ҷамъиятӣ амалӣ мегарданд, зери тозиёнаи танқид гирифт.

Камбудиҳо як ба як номбар карда, кори масъулон дар ин бобат ғайриқаноатбахш дониста шуд.
Аз ин эътирози ҳақдор ҳоло фурсати зиёд нагузаштааст. 29 январи соли ҷорӣ дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таҳти раёсати Сарвари давлатамон оид ба вазифаҳои устуворе, ки бояд дар соҳаҳои манзил, сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, нақлиёт ва экология ба амал бароварда шаванд, баргузор гардид, дар ин бобат сухан рафт.
Ҳангоме ки сухан перомуни масъалаҳои марбут ба тирбандии роҳ ва нақлиёти ҷамъиятӣ рафт, ба вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов, муовини аввали ӯ Маманбий Омаров ва дигар шахсони масъул ҳайфиту эълон карда шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ин охирин ҳушдор барои онҳост.
Пас сабабҳои асосии мушкилот дар чист. Дар ҳалли онҳо кадом хулосаву равиш муҳим аст? Мо бо ин гуна саволҳо ва ҷиҳатҳои мавзӯъ ба нуқтаи назари муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маманбий Омаров таваҷҷуҳ зоҳир намудем.
– Солҳои охир дар кишварамон оид ба ислоҳоти куллии соҳаи нақлиёт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, механизмҳои таъмини аҳолӣ бо хидматрасонии босифат ва кафолатноки нақлиёт фароҳам оварда шуданд. Тамоми маҳалҳои истиқоматии ҷумҳурӣ ҳаматарафа мавриди санҷиш қарор гирифта, маълум гардид, ки зиёда аз 10 ҳазор маҳаллаи истиқоматӣ 1113-тоаш бо нақлиёт фаро гирифта нашудааст ва дар 1081-тоаш равуои нақлиёти автомобилии ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуд, – мегӯяд Маманбий Омаров. – Дар ин бобат барои маълумот зикр намоем, роҳе, ки ба 32 нуқтаи аҳолинишин мебарад, бо нақлиёти ҷамъиятӣ фаро гирифта нашудааст, чунки сифати роҳ ба талаби бехатарии ҳаракат ҷавоб намедиҳад. Ин роҳҳо ба барномаи таъмир дароварда шуданд.
Боз як ҷиҳат ин аст, ки иқтидор, қулайӣ ва бехатарии аксари нақлиёти дар хатсайрҳои мавҷуд ҳаракаткунанда ба талабот ҷавобгӯ нест.
Масалан, имрӯз ҳиссаи нақлиёти автомобилии «Дамас» дар саросари ҷумҳурӣ 72 фоизро ташкил медиҳад.
Муайян карда шуд, ки барои нав кардани хатсайрҳои мавҷуда (зиёда аз даҳ сол), зиёд кардани иқтидори онҳо (бо автобус ва микроавтобусҳо иваз кардани «Дамас»), фарогирии хатсайрҳое, ки фаъолият нишон намедиҳанд, иловагӣ зиёда аз 4200 автобус ва беш аз 5500 микроавтобус зарур аст.
Имрӯз дар асоси талаботи аҳолӣ хатсайрҳои мавҷудаи ҳар як минтақа аз нав дида баромада шуда, шабакаҳои нави хатсайрӣ таҳия карда шудаанд. Ба ин муносибат дар соли ҷорӣ таъмини хариди 2000 автобус ва 2000 микроавтобус барои нақлиёти ҷамъиятии вилоятҳо муҳимтарин вазифа мебошад.
Барои маълумот зикр намоем, дар соли 2023 қариб 2000 автобус ва 1000 микроавтобус харид шуда буд. Имрӯзҳо хатсайрҳо дар асоси тамоюли «Аз маҳаллаи деҳа – ба маркази ноҳия, аз маркази ноҳия – ба маркази вилоят» ташаккул дода мешавад. Самти мазкур тавассути платформаи электронии «Тендери электронӣ» тибқи озмуни шаффоф гузаронда, ба соҳибкорон вобаста карда  мешавад.
– Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки на ҳамаи автобусҳое, ки бояд ба вилоят оварда шаванд, оварда нашудаанд. Корҳои ҷорӣ кардани низоми маблағгузории нақлиёти мусофирбар дар шаҳрҳои Андиҷон, Самарқанд, Намангон, Қаршӣ ва Урганҷ дар асоси шартномаи брутто ба охир расонда нашудааст. Дар ин бобат нақшаҳо чӣ тавр сурат гирифта буд?
– Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки низоми «Брутто-шартнома», ки соли гузашта ҷорӣ шуда буд, механизми маблағгузории кафолатноки интиқолдиҳандагон ва хидматрасонии босифатро ба мусофирон фароҳам овард. Ҷорӣ намудани низоми «Брутто-шартнома» пеш аз ҳама дар шаҳри Тошканд асоси кори пурсамари автобусҳои ҳозиразамон гардид.
Масалан, фосилаи автобусҳо ду-се баробар кам шуда, ҳоло 8-10 дақиқаро ташкил медиҳад (пеш 8-20 дақиқа буд), мусофиркашонии рӯзона 1,7 баробар зиёд шуда, ба 1 миллион нафар расид. Барои муқоиса бояд қайд кард, ки қаблан рӯзе 650 ҳазор нафар мусофир кашонда мешуд. 
Метавонам илова кунам, ки бо мақсади фароҳам овардани қулайиҳои бештар барои фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти мо 48,2 километр хати алоҳида ташкил карда шудааст. Дар чанд марҳила дар асоси 11 шоҳрох, 14 ҳалқа, 96 пайвандкунанда ва 46 расондадиҳанда, ҳамагӣ 167 самти нави хатсайр озмунҳои электронии тендерӣ гузаронда шуданд.
Ин корҳо дар шаҳрҳои Урганҷ, Андиҷон, Қаршӣ, Нуқус ва Намангон то 1 март ва дар дигар шаҳрҳо аз 1 июл дар ҳамкорӣ бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ анҷом дода мешаванд.
Дар натиҷа дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр хидмати босифати ҳамлу нақл, даст кашидан аз ҷадвали ҳаррӯза, ҷамъоварии пурраи роҳкиро, хидмати мутамаркази диспетчерӣ ва низоми шаффофи маблағгузорӣ таъмин карда хоҳад шуд.
Дар бобати шаҳрҳои калони ҷумҳурии мо бошад, ҳоло дар чортои онҳо «Нақшаи маҳорати нақлиёт» таҳия гардида, дар 17-тои боқимонда пешбинӣ шудааст, ки то 1 апрели соли ҷорӣ анҷом дода шавад.
Агар, дар бораи иншооти инфрасохтори нақлиёти ҷамъиятӣ сухан ронем, он фаъолияти ба воситаи автовокзали марказҳои вилоятҳо ва автовокзали ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки автостансияҳо дар Бухоро ва Намангон аз нав сохта, дар Қаршӣ, Навоӣ, Тирмиз, Гулистон ва Фарғона ба дараҷаи талаб оварда шаванд. Ба ғайр аз ин, боз дар 47 ноҳия бунёд намудани автостансия ба нақша гирифта шудааст.
– Дар ҷаласае, ки таҳти раёсати сарвари давлатамон баргузор шуд, қайд гардид, ки ҳарчанд корхонаи тобеи низоми Вазорати нақлиёт барои сафарҳои байналмилалӣ 167 автобус дошта бошад ҳам, корхона наметавонад бо бахши хусусӣ ва ҳамлу нақли кишварҳои ҳамсоя рақобат кунад. Кадом ҷиҳатҳоеро номбар карда метавонед, ки дар ин бобат бояд бартараф карда шаванд?
– Дар ҳақиқат яке аз самтҳои муҳим ин хатсайри автобусҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин бобат дар маҷмӯъ 32 хатсайри нави мунтазами автобусҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон 4, ба Қирғизистон 5, ба Қазоқистон 18 ва ба Русия 5 роҳандозӣ шуда, дар соли гузашта ба 411 ҳазор мусофир хидмат расонда шудааст.
Соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, ки шумораи хатсайрҳои мунтазами автобусҳои байналмилалӣ ду баробар зиёд карда шавад. Баъдан ба Федератсияи Русия ҳамагӣ 10 хатсайри байналмилалии автобусҳо ҳаракат мекунанд. Бо ин мақсад корхонаи ҶММ «Ӯзавтотранссервис», ки асосан дар хатсайрҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, бо ҷалби бахши хусусӣ аз ҷиҳати молиявӣ мустаҳкам шуда, автобазаи нави хидматрасонӣ таъсис дода мешавад.
Сабаби қатъ ёфтани ҳаракати автобусҳо аз водӣ дар он аст, ки ҳамлу нақли мултимодалии як чипта, ки бо Русия мепайвандад, ташкил карда мешавад. Яъне, аз шаҳри Андиҷон то шаҳри Тошканд самти роҳи оҳан, аз Тошканд ба Маскав ҳаракати автобус, Андиҷон, Тошканд, Маскав самти мултимодалӣ ба роҳ монда мешавад.
– Зарурати барҳам додан ба равишҳои куҳна дар низоми роҳҳо талаби замон аст. Равишҳои куҳнае, ки Президент дар ҷамъомад дар назар дошт, дар чиҳо намоён мешаванд?
– Пеш аз ҳама бояд таъкид кард, ки қарори имзокардаи сарвари давлатамон оид ба ислоҳоти соҳаи роҳ тамоми масъалаҳои марбут ба соҳаро фаро гирифта, самти ҳалношуда вуҷуд надорад. Дар ин асос ба панҷ самт эътибори алоҳида нигаронда шуд – сифат, лоиҳасозӣ дар асоси инноватсионӣ, азхудкунии маблағҳои ҷудошуда ва рақамисозӣ.
Якум, сифати роҳҳои нақлиёти автомобилии сохташаванда ва ҷавобгӯ будан ба талаботи техникӣ ба низоми назорате, ки ҳангоми сохтмони роҳ муқаррар карда шудааст, вобаста аст. Дар ин соҳа дар назди вазорат Инспексияи назорати нақлиёт ташкил карда шуда, барои он тамоми ваколатҳо амиқ муайян карда шуданд. Соли ҷорӣ системаи иттилоотии «Назорати сифати роҳ» таҳия карда ва бо маркази идоракунии лоиҳаҳои «Ҳукумати электронӣ», системаҳои иттилоотии «Сохтмони шаффоф» ва «Назорати ягонаи давлатӣ» муттаҳид карда, ба кор дароварда мешавад.
Дар натиҷаи ба кор даромадани ин система тамоми равандҳо аз бақайдгирии иншооти роҳсозӣ то қабул ба истифода рақамӣ гардонда хоҳад шуд. Имкони аз низом дар шакли электронӣ омӯхтан, амалӣ намудани назорати ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва хулосаҳои экспертии объектҳои сохтмони роҳ, назорати техникӣ, муаллифӣ ва дохилӣ, инчунин маълумот дар бораи корҳои дар объект иҷрошуда, ҳуҷҷатҳои иҷро фароҳам оварда мешавад.
Инчунин дар Донишкадаи бозомӯзии кадрҳои назди Вазорати нақлиёт тибқи барномаи таълимӣ, ки дар асоси талаботи Федератсияи байналмилалии муҳандисони машваратӣ – «FIDIC» тасдиқ шудааст, такмили ихтисоси кормандони идораи роҳҳо, кумитаи роҳҳои автомобилгард ва инспекторони инспексияи назорати нақлиёт мунтазам ба роҳ монда мешаванд.
– Ба Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, ки имсол барои гузоштани камаш 30 тарозуи нақлиётӣ чора бинад. Қарор шуд, ки лоиҳаҳои пилотӣ дар ҳар як вилоят оғоз карда шаванд. Ин дар оянда чӣ гуна имкониятҳоро фароҳам меорад?
– Назорати риояи параметрҳои ба вазн ва ҳаҷми роҳ додашудаи нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ вазифаи муҳим аст. Имрӯз ҷамъ 9 тарозуи статсионарӣ (сетоаш дар ҳоли анҷомёбист) ва 15 тарозуи сайёр, ки параметрҳои вазн ва ҳаҷмро ҳангоми ҳаракати мошинҳои боркаш бидуни омили инсонӣ автоматӣ муайян мекунанд, насб карда шудаанд.
Дар баробари ин дар солҳои 2024-2026 дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо 44 тарозуҳои замонавӣ, аз ҷумла тарозухонаҳои низоми «WIM», ки ҳангоми ҳаракати нақлиёти автомобилии боркаш вазн ва андозаҳои ҳаҷмро аниқ менамояд, насб карда мешаванд. Ин албатта, имкони муайян намудани вазну ҳаҷми автомобилҳои боркаш, таҳлил намудани онро фароҳам меорад.
– Дар шаҳри Тошканд тирбандии роҳ ба мушкилии калон табдил меёбад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таҳияи пешниҳодҳо бобати мушкили тирбандӣ бо назардошти муносибати системавӣ супоришҳо дод.
– Тавре ки шумо зикр кардед, имрӯз яке аз мушкилоти асосии пойтахти мо тирбандии нақлиёт аст. Муносибати илмӣ дар такмил ва рушди инфрасохтори роҳи нақлиёт муҳим ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, дар заминаи равиши илмӣ ба ташкил кардани Маркази ташкил ва идоракунии ҳаракати назди ҳокимияти шаҳри Тошканд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар натиҷа барои дуруст ташкил кардани ҳаракати нақлиёт, ба танзим овардани инфрасохтор ва афзалият додан ба нақлиёти ҷамъиятӣ эътибори алоҳида дода мешавад.
– Дар кадом самтҳои дигар низоми камбудиҳое мушоҳида шуданд, ки боиси вокуниши танқидии Президент дар ҷаласа гардиданд ва аз онҳо чӣ гуна хулоса бароварда шуд?
– Дар баробари корҳое, ки имрӯз дар соҳа анҷом дода шудаанд, мушкилот ва камбудиҳо низ вуҷуд доранд, ки ҳалли худро интизоранд. Бояд эътироф кард, ки аз сабаби пурра истифода набурдани имкониятҳои мавҷуда дар баъзе самтҳо ба саҳлангорӣ роҳ дода шуд.
Ба ҳамин муносибат имсол ба бо усули нав ба роҳ мондани системаи кор, якҷоя бо корхонаҳои хурду калони соҳаи нақлиёт, пеш аз ҳама, аз ҳисоби истифода бурдан аз захираҳои дохилӣ ба ҳаҷму сифати хидмати нақлиёт диққати махсус дода мешавад.
Мо аз вазифа ва супоришҳои дар ҷамъомад ба миён гузошташуда хулоса баровардем. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мавҷуда мо ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба нақлиёт ва инфрасохтори роҳ ҳамчун вазифаҳои асосии рушди соҳаи нақлиёт дар соли 2024 таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Мо барои қонеъ гардондани эҳтиёҷот ва талаботи соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолӣ ба нақлиёт чораҳои амалӣ мебинем.
Ғайр аз ин, мо миқдор ва ҷуғрофияи хатсайрҳои дохилиро оид ба воситаҳои нақлиёт зиёд мекунем. Сифати ҳамлу нақл беҳтар шуда, лоиҳаҳои азим оид ба рушди долонҳои нақлиётии байналмилалӣ суръат бахшида мешаванд. Ба мақсади баланд бардоштани салоҳияти транзитии мамлакатамон, дар бозори нақлиёт ва хидмати логистика коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти хуфиёна, инчунин гирифтани пеши роҳи коррупсия тезондани ҷараёни рақамисозӣ ба назар гирифта шудааст.
Бо мақсади беҳтар гардондани сифати сохтмони роҳ ва таъмин кардани бехатарии мусофирон ҷорӣ намудани низоми назорати қатъӣ яке аз вазифаҳои муҳими мо хоҳад буд.

Суҳбатнигор
Абдулазиз РУСТАМОВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: