Баланд бардоштани салоҳияти сайёҳӣ яке аз вазифаҳои муҳим мебошад, ки имрӯзҳо дар назди мутасаддиёни соҳа қарор дорад.
Президент аз рӯзҳои аввал барои рушду инкишофи ин соҳа диққату эътибори ҷудогона нигаронид. Ба амал татбиқ сохтани лоиҳаҳои нав, бунёд намудани меҳмонхонаҳо, дар дурдасттарин деҳаҳо ҳам барои пазироии меҳмонони чи дохиливу чи хориҷӣ, сайёҳон шароити мусоид ба вуҷуд оварданро ба масъулон, роҳбарони идораву муассисаҳо, ҳокимон мушаххас дастур дода буд.
Охир, ин кор аз як тараф ба аҳолӣ фоида орад, аз сӯи дигар барои бо шуғл бандкунӣ заминаи хубест. Дар ин ҷода чӣ гуна муваффақиятҳо ба даст омаданду чӣ бохте дорем?
Дар толори бинои ҳокимияти вилоят муовини ҳоким, сардори Сарраёсати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ Синдор Раҳмонқулов барои рӯзноманигорон бобати корҳое, ки соли 2023 дар вилоят дар соҳаи сайёҳӣ, фарҳанг, мероси маданӣ ва коммуникатсияҳои оммавӣ ба амал бароварда мешаванд, нишасти матбуотӣ гузаронд.
Мавсуф аввал дар хусуси корҳое, ки тӯли соли 2022 амалӣ гардиданд, чанд ҳарф зад.
– Дар давоми соли 2022 ба туфайли таъсис додани 19 кемпинг, 7 меҳмонхона, 32 хона-меҳмонхонаҳои оилавӣ, 9 ҳостел (ҷамъ 67-то), 821 ҳуҷра ва дар он беш аз ду ҳазору сад ҷой ба вуҷуд омаданд, – гуфт ӯ.
– Алҳол дар қаламрави вилоят 427-то объекти мероси фарҳангӣ мавҷуд буда, аз ин 268-тояш ёдгориҳои археологӣ, 100-то ёдгориҳои меъморӣ, 59-тои дигар намунаҳои монументалӣ маҳсуб меёбанд, – ба суханаш идома дод Раҳмонқулов.
Маълум аст, ки дар давоми солҳои 2016–2022 баҳри истироҳату фароғати мардум як андоза ғамхорӣ зоҳир гардид: боғҳои истироҳативу фароғатӣ таъсис ёфтанд; иншооти зиёд рӯи таъмири мукаммалро диданд; дар ҳаёти фарҳангӣ падидаи нек ба вуҷуд омад; марказҳои фарҳангӣ қулаиҳоро соҳиб гардиданд.
То имрӯз дар ҳудуди вилоят 12 маркази фарҳанг намои замонавӣ гирифт. Дар ҳамаи онҳо шароити хуб ва қулай барои фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, гузаронидани тадбирҳои фарҳангӣ муҳайё карда шуд.
Назар ба таъкиди ӯ барои дар соли 2023 рушду инкишоф додани сайёҳӣ дар маҳаллаи «Дуоба»-и ноҳияи Зомин, «Ӯхм», «Дӯстӣ», «Сайёд» ва «Учқулоч»-и Фориш, «Зарафшон» ва «Бахтли»-и ноҳияи Арнасой «харитаи роҳ» ба тасвиб расидааст. Ба ғайр аз ин, қад-қади Даҳлези нақлиёти сайёҳӣ (шоҳроҳи автомобилгард) дар ноҳияҳои Шароф Рашидов ва Ғаллаарал фаъолияти корвонсаройҳои замонавӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ҷодаи сайёҳӣ оиди ба амал татбиқ намудани 46 лоиҳа пешниҳод карда шудааст, ки дар маҷмӯъ 2 миллиарду 29 миллион сӯм арзиш доранд. Дар сурати амалӣ сохтани он 1700 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд меоянд.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бо суолҳо муроҷиат намуданд. Миёни онҳо муҳимтаринаш марбут ба масъалаҳои таъмири босифати роҳҳо, иваз намудани сутунчӯбҳо ба бетонӣ, беҳ сохтани корҳои коммуникатсионӣ дар маҳаллаи «Ӯхм»-и ноҳияи Фориш буданд, ки айни ҳол вазъи воқеӣ ба эътирози ҳақиқии сокинони ин маҳал сабаб гардидаанд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.