Вақте вожаи дӯстиро ба забон меорем, беихтиёр меҳрубонӣ, самимият ва вафодории шахси дар рӯ ба рӯямон буда пеши назар меояд.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Мирзо ТУРСУНЗОДА.
Вақте вожаи дӯстиро ба забон меорем, беихтиёр меҳрубонӣ, самимият ва вафодории шахси дар рӯ ба рӯямон буда пеши назар меояд. Ҳаёти каси бе дӯст гули худрӯйи пажмурдаеро мемонад, ки дар байни санги хоро рӯйидаасту баъди чанде хазон мешавад. Агар боғбон тавону салиқаашро барои зиёд кардани теъдоди ниҳолакон бо роҳи пайвандкунӣ сарф намояд, инсонҳо бо роҳи пайванди қалбҳо дӯстонро зиёд мекунанд. Дӯсти ҳақиқӣ онест, ки дар лаҳзаҳои душвор ба кумаки дӯсташ шитобад. Дӯстии байни ду шахс ё ду кишвар дар ҳама давру замон чун обу ҳаво, ки бидуни он унсурҳои ҳаёт нест, зарур аст. Дӯстии байни Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва поягузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ то ба имрӯз қимати худро кам накардааст. Дар маҳфилҳои сухан ин бузургон дар васфи дӯстӣ байтҳо мехондаанд:
З-ин назми нав чархи куҳун,
якбора гӯ ҳайрат макун,
Фонӣ зи таълими сухун дорад зи
Ҷомӣ борҳо.
Ё дар мавриди дигар:
Ҳазрати Ҷомий Навоий меҳрнинг
сарчашмаси,
Дар сухангуӣ тавоноянду ҳам
афсунгаранд.
Бале, ҳақ бар ҷониби шоирони бузург, ки бо гузашти қарнҳо суханашон маънои аслии худро гум накардааст.
Ин ду халқ, яъне ӯзбеку тоҷик, аз қадимулайём ба ҳам дӯсту бародар буданд, риштаҳои хешу таборӣ доштанд. Зеро расму оин, дину мазҳабашон як аст. Ҷашнҳои мардумиро бидуни якдигар намегузарониданд.
Ноҳияи мо – Сариосиё бо ноҳияи Турсунзода бародаршаҳр буду ҳаст. Роҳбарони ин ду ноҳияи калони ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар аз ҳоли якдигар хабар мегирифтанд. Дар байни хонандагон озмунҳои фаннӣ, санъат ва варзишӣ мегузарониданд, ки ҳадаф шод гардонидани рӯҳи ниёгонамон буд. Дар байн бо айби баъзе курсинишинон ин робитаҳои дӯстӣ қатъ гардид. Сарҳадҳоро бастанд...
Хурсандии мардуми шарифи Ӯзбекистону Тоҷикистон 9 марти 2018 ҳадду канор надошт. Пайравони Ҷомию Навоӣ – Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як кори хайру савоб даст заданд, ки ин ҷасорату қаҳрамониро дар ягон давру замон кас ёд надошт. Гузаргоҳҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кушода шуд. Фироқи модарони даҳсолаҳо аз дидори фарзандҳо бенасиб, падарони муштоқи дидори фарзанд ба поён расид. Мардум ҳатто марги падару модар ва фарзандро намедиданд, ки ин як вазъияти басе нигаронкунанда дар байни ду кишвари ба ҳам дӯст буд. Шоҳиди он будем, ки баъди аз сарҳад гузаштан мардум бо зону дар рӯйи замин нишаста, хоки ватанашонро, ки даҳсолаҳо муштоқаш буданд, ба абрувон мемолиданду сарварони ду кишварро дуо мекарданд. Ин ҳолатро дида беихтиёр байтҳои шоири ширинкалом Кӯҳзоди Фатҳулло ба хотир меояд, ки фармудааст:
Байни ду давлат салоҳ эҷод шуд,
Бин, ки аз нав дӯстӣ бунёд шуд.
Мардум аз хурсандӣ дар
фарёд шуд,
Нақшаҳои Аҳриман барбод шуд.
Роҳ аз занҷиру банд озод шуд,
Рӯҳи Ҷомиву Навоӣ шод шуд.
Дар айни ҳол мо метавонем бе тарсу ҳарос ва раводид ба шаҳрҳои Панҷакенту Кӯлобу Ҳисор ва Хуҷанд рафта, аз обидаҳои таърихӣ ва зебоиҳои он ҷоҳо лаззат барем ва ё баръакс, меҳмонони тоҷикистонӣ омада аз Бухорову Самарқанд, Хиваю Қуқанд ва Тирмизу Насаф дидан карда, бо мардумони ин минтақаҳои зебо ошноӣ пайдо кунанд. Мо аминем, ки ин дӯстию рафоқат то абад поянда монда, риштаҳои хешу таборӣ боз ҳам мустаҳкамтар мешавад. Чопи китоб ва маҷаллаю рӯзномаҳо ба ду забон, яъне тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирад. Соҳибони касбу кори гуногун бо ҳам тамос гирифта, ҳамкории қаринро ба роҳ монда, ривоҷу равнақи корро метезонанд. Дар байни маорифпарварон низ озмунҳои фаннӣ ва варзишӣ дар байни донишомӯзон ба роҳ монда мешавад. Бо шароити кор, таҳсил ва донишомӯзии якдигар аз наздик ошно мешавем.
Ҳифз кун ду миллати озодаро,
Бар русуми ҳамдигар дилдодаро.
Боз мон, ё Раб, ба лутфат
доимо,
Ин дару дарвозаи бикшодаро.
Роҳ аз занҷиру банд озод шуд,
Рӯҳи Ҷомиву Навоӣ шод шуд.
Кӯҳзоди ФАТҲУЛЛО.
Саодат САНГИНОВА,
сарвари мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сухондарё.