ОМОДАГӢ БА ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БАҲОРИ БОЙСУН»

Бойсунро метавон аз ноҳияҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ҳисобид. Зеро санъату ҳунаре, ки дар ин сарзамини санъатдӯсту ҳунарпарвар аз рӯзгори мозӣ арзи вуҷуд дорад, имрӯз ҳам рушд мекунад ва ҷаҳониёнро чун оҳанрабо ба худ мекашад.

Чун анъана имсол низ дар моҳи май Ҷашнвораи байналмилалии «Баҳори Бойсун» баргузор мешавад.

Санъат ва ҳунардӯстони дунё баҳри тамошои манзараҳои дилфиреби Бойсун ва маҳсули дастони пурҳунар, рақсҳои ҷаззоб ва шунидани суруду таронаҳои миллӣ ба ин ҷо ташриф меоваранд. Омодагӣ ба он кайҳо оғоз шудааст. Созмонҳои мутасаддии ободонӣ, сохтмон, роҳ, маданият ҳама сафарбар шудаанд.
Дар ҷаласае, ки таҳти раҳбарии ҳокими ноҳия Баҳодур Шукуров гузашт, ин масъалаи муҳими рӯз матраҳ гардид. Ҳоким гуфт, ки ҷашнвораи анъанавӣ бояд аз ҳарсола куллан фарқ кунад. Зеро аз таҷрибаи солҳои қаблӣ бармеояд, ки ба тамошои он майлу рағбати ҷаҳониён беш аз пеш меафзояд ва сафи меҳмонон ҳам аз ҳарсола зиёдтар мешавад. Аз ин рӯ бояд ҷиддӣ омодагӣ гирифт, зеро дар ин самт ҳанӯз камбудиҳо бисёранд.
Дар ҷаласа ҳисоботи мутасаддиёни соҳаи маданият низ шунида шуд.  
Ба онҳо супоришҳои зарурӣ дода шуданд.
Дар бахши дувуми ҷаласа, ки таҳти раҳбарии раиси шуъбаи маънавият ва маърифати ҳокимияти ноҳияи Бойсун Сурайё Ғозиева баргузор гардид, намояндагони соҳа, вакилони Академияи байналмилалии илм, адабиёт, санъат, маданият ва фанҳои иҷтимоӣ, инчунин эҷодкорони ноҳия ширкат варзиданд. Баъд аз баррасии масоили мазкур ба  рӯзноманигорон Ҷумъаназар Аноров аз ноҳияи Қумқӯрғон, Ҷумъаназар Мадиев аз ноҳияи Бандихон, ки ба узвияти Академияи номбурда пазируфта шуданд, гувоҳнома ва дипломи академия супорида шуд. 
Дар чорабинӣ раиси шуъбаи вилоятии академия Тӯрамурод Раҳмон роҷеъ ба эътибору дастгирии ҳукумат нисбати илм, адабиёт, санъат ва маданият сухан гуфт ва аъзои навро табрик кард.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: