Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Абдураҳим Абдуваҳҳобов (1963-2020), ки дар «Бачаи шум», «Тӯй муборак», «Шодиёна», «Назира», «Санҷишҳои муҳаббат», телесериали «Шайтанат» ва як қатор спектаклҳои Театри миллии ӯзбек нақшҳои ҷолиб офаридааст, ба «Тоҷик

Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Абдураҳим Абдуваҳҳобов (1963-2020), ки дар «Бачаи шум», «Тӯй муборак», «Шодиёна», «Назира», «Санҷишҳои муҳаббат», телесериали «Шайтанат» ва як қатор спектаклҳои Театри миллии ӯзбек нақшҳои ҷолиб офаридааст, ба «Тоҷикфилм» низ бегона набуд. Яке аз образҳое, ки ӯ бо киноэҷодкорони тоҷик дар филми бадеии «Ҷӯра-шикорчӣ» офарид, маҳбубият пайдо намуд.
Бо вуҷуди ҳамин мо ӯро қабл аз ҳама аз рӯи филми «Бачаи шум» чун Қаравой мешиносем. Дар вақти ба навор бардоштани филм 13-14-сола буд А. Абдуваҳҳобов. Маҳораташ доираи васеи тамошобинҳоро ба ваҷд овард. Ҳама бовар доштанд вай оянда чун актёри бомаҳорат шарафи театр ва кинои ӯзбекро боз баландтар мебардорад.
Нияти Абдураҳим низ ҳамин буд. Баъди хатми мактаб ба Институти рассомӣ ва театрии Тошканд ҳуҷҷат супурд. Вале мегӯянд, бинобар нарасидани холҳои умумӣ соли аввал ба институт қабул нашудааст. Ба комиссияи қабул бо тааҷҷуб гуфтанд: «О, актёри тайёр-ку вай?».
Дар ҷавоб шӯхиомӯз даҳон кушодаанд: «Ба мо актёри тайёр не, нотайёр даркор, ҳамин ҷо хононда тайёр мекунем».
Абдураҳим дарк сохт, ки ба мустаҳкамсозии донишҳои назарӣ эътибор надодааст. Як сол тайёрии ҷиддӣ дид ва танҳо баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонот ба институт дохил гашт. Ҳунарпешаи рус Сергей Тихонов низ дар бачагӣ бо нақши ҷолибе, ки дар яке аз новеллаҳои «Одамҳои соҳибкор» (коргардон Л.Гайдай) офарид, хеле шӯҳратманд гардида буд. Дар новеллаи «Доҳии сурхпӯстҳо» нақши Ҷонни Дорсетро бозидааст вай. Партнёрҳояш ҳунарпешагони маъруф Георгий Витсин (Сем) ва Алексей Смирнов (Билл). Сем ва Билл писари Эбенезер Дорсетро медузданд. Ба ивази суммаи калон ӯро бозгардонданӣ. Вале писарак он қадар адабашонро дод... Хусусан таъзири Биллро.
Дар охир ҳарду бо илоҷе писаракро ба хонааш бурда, ба падараш бо ду дасти адаб месупоранд. Як нафаси сабук мекашанд ва ба тамоми қувва мегурезанд: «Мерасидагистем то сарҳади Канада».
Ба ҳунари волои Витсину Смирнови маълуму машҳур не, нақшаи бачаи шӯху якрав, гапнодарову «баду бало»-ро чӣ тавр моҳирона бозидани Серёжа Тихонов, ки ҳамаги 12-13 сола буд, бештар таваҷҷӯҳ нигаронида ва ба ваҷд омадаанд тамошобинҳо.
Сергей боз дар ду филми дигар нақш бозидааст.
Вай соли 1966 синфи ҳаштуми мактаби рақами 90-уми ноҳияи Краснопреснени Маскавро хатм намуд. Дар «Дубровка» низ яке аз нақшҳои асосиро бозид. Баъди гирифтани номаи камол хост ба ВГИК дохил шавад, холҳояш нарасиданд. Ба маҳорати актёриаш не, ба донишаш эътибор нигаронданд. Мулзам монд. Ба аскарӣ рафт. Орзуи таҳсил дар мактаби олӣ ба дилаш доғ гашт. 21 апрели соли 1972 дар 22-солагӣ ба таври фоҷиавӣ аз олам гузашт. 

Ш. МУҲАММАД.

 

ДУБАЙТӢ

Садою нағмаи кабки дариро,
Иваз бар бонги чуғзи шум накардам.
Миёни сангу шахҳо зистам, лек,
Забони модариро гум накардам.

Раҳмони СОДИҚ,
ноҳияи НУРАТО.


«...АЗ  БАЪДИ  ҲАЗОР СОЛ МЕОЯМ  МАН»
Ишқро ошиқ кунед,
То сӯзи ошиқро  бидонад,
Шеърро шоир  кунед,
То дарди Лоиқро  бидонад.
Ёд  дорам, ки  солҳои  донишҷӯйӣ  дар  Душанбешаҳр  мо  донишҷӯён   интизори  шеъри  Лоиқу  Гулрухсору  Бозор  Собир будем  ва  ҳар  як  шеъри  онҳоро дар  газета  ё  журнал  ва ё дар шакли  китоб  чоп  шуда бошад,  ҷамъ  мекардем. Бо  шеъри  Лоиқ  арзи  муҳаббат  мекардем,  китоби тозанашрро  чун  тимсоли  ишқу  эҳтиром ба  маҳбуби  худ  туҳфа  мекардем. Ба  ҳар   як  шеъри  нави  ӯ  оҳанг  мебастанду  сурида  мешуд. Дар  ҳамон  вақт  дар  муҳити  адабии  тоҷик  бо  шеъри Лоиқ ҷаҳони  дигаре  пайдо  шуд,  аз  рангҳо,  маъниҳо,  шӯру  қиёмҳои  шоиронаи  ӯ  ба  маротиб ба  ҳаяҷон  омадем, шеъри тоҷик аз карахтию берӯҳӣ  худро  берун  кашид.
Соли  1372  ҳиҷрӣ  (1994 милодӣ)  нашриёти  “Алҳудо” (Теҳрон)  гулчини  ашъори Лоиқро  ба  табъ  расонид  ва  аз ҷавонзани  эронӣ  бо  номи  Нодираи  Бадеӣ  мактуб омад, ки  онро  ҳафтаномаи “ Адабиёт  ва  санъат ” чоп  карда  буд.
Муаллифи  мактуб  аз  ҷумла  менависад: “Хондам  шеърҳоро, шӯрҳоро, сармастиву  бодапарастиҳо, хайёмиҳоро...  хондам, то аз даруни  шеър, ки  ойнаи рӯҳи  тоҷикон  аст, равони  худро  бо  нозукиҳо,  латофатҳо  ва  нармии  тоҷиквори  онон  пайванд  занам”. 
Ин  гуфтаҳои  ҷавонзане  буд, ки бо шеърҳои Фурӯғи Фаррухзод ва Нодири Нодирпур  аллакай  шинос буд.
Соли  1991   гулчини  девони  ӯ  бо  номи   “Ҷоми  саршор” чоп  шуда  буд, ки  дебочаи  он     “Ассалом, эй  қитъаи  Лоиқ!” ном  дорад  ва  дар  он  шоири  номдори тоҷик Аскар Ҳаким  менависад: “Беҳтарин  ғазали  ишқро  дар   рӯзгори  мо  кӣ  гуфта? – Лоиқ.
Беҳтарин ғазали  андешаро  кӣ  гуфта? – Лоиқ.
Беҳтарин ғазали  модарро  барои  модаргумкардагон   кӣ  гуфта? – Лоиқ.
Беҳтарин ғазали бузургдошти  забону  шеъру  шоиронро кӣ  гуфта? – Лоиқ.
Беҳтарин ғазали  меҳанпарастиву  ватандӯстонаи  имрӯзаро   кӣ  гуфта? – Лоиқ.
Ман  метавонам  ин   тавсифро  давом   бидиҳам  ва  бигӯям,  ки  беҳтарин  ғазали  дарду  нишот,  покию  иффат, хайру умед, мардию ростӣ, хулоса, беҳтарин ғазали зиндагии моро Лоиқ  гуфта”. 
Фоҷиаи худкушии  миллӣ,  ки  дар  солҳои  навадум  дар  Тоҷикистон  рӯй  дод,  дили  шоирро  абгор  намуд, рӯҳашро афзурд,  захмҳои  корие, ки  аз  ин  фоҷиа  бардошта  буд,  беасар  намонд. Маҷмӯаи  шеърҳои  ӯ, ки  бо  номи “Фарёди бефарёдрас” рӯйи чопро дид, пур  аз  оҳанги  фоҷиавист.  
Он  лаъли  дилхунро  бигӯ, 
Лоиқ  видоят  карду  рафт,
Он  ёри  маҳзунро  бигӯ, 
Лоиқ  видоят  карду  рафт.
... Ин  дафтари  шеъру  ғазал  
чун  ман  намирад  аз  аҷал,
Рав, чархи  гардунро  бигӯ, 
Лоиқ  видоят  карду  рафт.
Хушбахтона, имрӯз  ваҳдату  ягонагӣ  сарзамини  тоҷиконро   фаро  гирифтааст, лек  ҳамаи  инро Лоиқ  нодида  аз  байни мо  рафт  ва  бо  худ  шеърҳои  ногуфтааш, орзуҳои  борноовардаашро   бурд.
Шоир  ҳақ  аст, шеъру  ғазали  ӯ  ҳеҷ  гаҳ  намемирад,  чунки  ҳофизон сурудҳои ӯро тараннум  мекунанд,  байтҳои  Лоиқ номаҳои  ошиқонро оро медиҳад, дар  катибаҳои қабр шеъри  ӯро сабт мекунанд.
Шоир ва  яке  аз  дӯстони  наздики Лоиқ  Гулназар  дар  рисолааш “Лоиқе чун Лоиқе”, ки  баъди вафоти  шоир  чоп шудааст, менависад: «... Ҳамеша  дар  сарам  мисраи Ибни Ямин давр мезанад, ки  дар  ситоиши  Ҳаким  Фирдавсӣ  гуфтааст:                
“Ӯ  суханро  боз  боло  бурду  бар курсӣ  нишонд”. Ва  чунин  хидмати  шоистаро  Шумо  дар  адабиёти  муосири  тоҷик  кардед. Аҷал  Шуморо  аз  миёни  мо  ба  ғафлат  бурд. Аммо чӣ  иштибоҳе  кард!  Барои Шумо дигар фурсати мурдан  нест. Худи Шумо  фармудаед:
Гар  баъди  ҳазор сол  
ёдам  бикунед,
Аз баъди ҳазор сол  
меоям  ман».

Раҳимшоҳи   ШАРИФЗОДА.
Вилояти ҶИЗЗАХ.

 

Дар васфи Сотим Улуғзода

Турсунзода, Деҳотӣ, Улуғзода, баъдтар Ҷалол Икромӣ барин адибонамон бо корҳои амалии худашон ва ҳам бо мақолаҳои танқидиашон барои забони содаю покизаи халқ мефаҳмидагӣ мубориза бурданд.
Садриддин АЙНӢ, 
поягузори адабиёти навини тоҷик.
***
Сотимхон аввало яке аз нависанда ва донишмандони бузурги халқи тоҷик ва баъд Осиёи Миёна мебошад.
Бобоҷон ҒАФУРОВ, 
арбоби намоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва донишманди бузург.
***
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари мамлакат устод Сотим Улуғзода... дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик  ҷову мақоми хосе дорад. 
Эмомалӣ РАҲМОН, 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
***
Мисли Сотим Улуғзода баъди Устод Айнӣ дар байни шоиру нависандагон забондон набуд. Устод дониши фаровон дошт, нисбат ба шахсиятҳои бузурге чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино ва Аҳмади Дониш бо навиштани рисолаҳои илмӣ, ба монанди «Пири ҳакимони машриқзамин», узви вобастаи Академияи илмҳо будани худро собит намуд.
Акбар ТУРСУН,
академики Академияи илмҳои Тоҷикистон.
***
Мегӯянд, ки бузургон бо фоҷиаи шахсӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамроҳанд. Ва Сотим Улуғзода, ки воқеан олими тавоно буд, ба олами тафаккур ворид гашт, дар асоси сарнавишти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аҳмад Дониш аз фоҷиаҳое, ки лашкари арабу муғулу манғит ба сари халқи тоҷик оварда буд, асарҳо навишт, дар симои Виркан, Темурмалику Восеъ фоҷиаи тоҷикро акс кард. Ва бузургии устод Сотим Улуғзода ҳам дар он аст, ки вай пайваста дар андешаи тарбияи миллат буд.
Саттор ТУРСУН, 
Нависандаи халқии Тоҷикистон.
***
Сотим Улуғзода нависандаи забардаст ва олими дақиқбаён, таърихро ончунон дар либоси бадеӣ ҳунармандона мекашад, ки роману повесту ҳикояҳояш аз баъзе бобатҳо ҳукми рисолаи илмиро гирифта, ба хонанда маълумоти амиқ ва ҳаматарафа медиҳанд.
Аҳмад АБДУЛЛОЕВ, 
адабиётшинос.
Як соҳаи эҷодиёти нависанда

С.Улуғзода дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми воло дорад. Ӯ ба мо аз худ ҳикояву очеркҳо, повесту романҳо, песа ва киноповестҳо, рисолаҳои илмии пурмазмун мерос гузоштааст. Ин асарҳо барои тарбияи маънавии авлод аҳамияти бузург доранд.
Драматургия яке аз соҳаҳои асосии эҷодиёти нависанда мебошад. Аз соли 1936 адиб ба ин жанри адабӣ даст мезанад ва қаламкаши моҳир буданашро нишон медиҳад. Асарҳои драмавии адиб барои театри сабзидаистодаи тоҷик ғизо шуда, саҳифаи онро бой мекунад.
Аввалин асари саҳнавии нависанда «Лашкар дар дарвозаи Бухоро» ном дошта, соли 1936 офарида шудааст. Дертар ӯ драмаҳои «Шодмон», соли 1939 «Калтакдорони сурх», соли 1940 «Ҷӯяндагон», соли 1951 «Гавҳари шабчароғ», соли 1962 «Рӯдакӣ», соли 1958 «Темурмалик», соли 1968 «Алломаи Адҳам ва дигарон»-ро меофарад.
Драмаи «Дар оташ» ба қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва мардонагии онҳо дар мубориза бар зидди фашизм бахшида шудааст. Драмаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» ба ҳаёт ва фаъолияти аллома Аҳмади Дониш бахшида шудааст.
С.Улуғзода яке аз асосгузорони жанри драматургияи тоҷик маҳсуб меёбад. Асарҳои саҳнавии адиб аз истеъдоди беҳамтои санъатшиносӣ, сухандонӣ ва таърихдониаш гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин ҷо асарҳои офаридаи нависанда ҳеч гоҳ аҳамияти тарбиявии худро гум намекунанд ва сабабгори зиндаю ҷовид мондани номи адиб мебошанд.
Таҳияи
Назирҷон ЭРГАШЕВ.
Ноҳияи ЧУСТ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: