Президенти Ӯзбекистон корхонаҳои муштаракро ба кор дароварда, бо намояндагони бонуфузи соҳибкорони Чин мулоқот кард

  • Президенти Ӯзбекистон корхонаҳои муштаракро ба кор дароварда, бо намояндагони бонуфузи соҳибкорони Чин мулоқот кард

19 май дар доираи барномаи рӯзи дуюми ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Чин чандин чорабинии корӣ ба вуқӯъ пайваст.

Роҳбари давлат бо ҳамроҳии муовини Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ Хэ Лифэн аз Намоишгоҳи ҳамкории Ӯзбекистону Чин, ки ин рӯзҳо дар шаҳри Сиан баргузор мегардад, боздид намуд.

Ҳайатҳо девораҳоеро аз назар гузаронданд, ки ба ҳамкории Ӯзбекистон ва Чин дар соҳаҳои саноат, рушди инфрасохтор, хоҷагии қишлоқ, илм, таълим ва инноватсия бахшида шудааст. Ба онҳо маълумоти муфассал дар бораи натиҷа ва нақшаҳои шарикии муфиди тарафайн, шартномаҳои нав ва лоиҳаҳои истиқболноки сармоягузорие, ки махсус ба ташриф таҳия гашта, барои татбиқ дар Ӯзбекистон пешниҳод мегардад, ироа гардид.

Дар намоишгоҳ ба шакли пули телевизионӣ байни шаҳри Сиани Чин, вилоятҳои Сирдарё, Тошканд, Ҷиззах ва Самарқанди мамлакатамон маросими ба кор андохтани лоиҳаҳои муштараки нав ба вуқӯъ пайваст.

Президент Шавкат Мирзиёев бо пахш намудани тугмаи рамзӣ 15 иқтидори истеҳсолиро оид ба тавлиди автомобил ва электромобил, масолеҳи сохтмон, хати васеи маҳсулоти филизӣ ва прокат, ашёҳои муқаррароти тиббӣ ва инчунин бунёд намудани корхонаҳои нав ба миқдори умумии 3,3 миллиард доллар ба кор андохт.

Пас аз он Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони пешсафи доираҳои корӣ, молиявӣ ва сармоягузории Чин мулоқот намуд.

Дар чорабинӣ инчунин муовини Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ Хэ Лифэн, котиби кумитаи ҳизби ҲКЧ музофоти Шэнси Чжао Идэ, президенти Бонки осиёии сармояҳои инфрасохтор Тзин Литсюн, раиси Шӯрои Чин оид ба ҳамкории савдои байналхалқӣ Рен Хонбин, инчунин роҳбарони беш аз сад ширкати бузург, корпоратсия ва бонк, мисли Корпоратсияи миллии нафту гази Чин, Ширкати миллии кимёву инжиниринги Чин, China CAMC Engineering, BYD Auto Industry, Sungrow Power Supply, China North Industries Corporation, Xinjiang Hualing Group, China Aerospace Science and Industry Corporation, Huawei Technologies, Бонки рушди Чин, Эксимбонк, дигар муассисаҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ ширкат доштанд.

Роҳбари давлат иштирокдорони чорабиниро, ки ба шакли «мизи мудаввар» баргузор мегардид, гарм истиқбол намуда, рамзӣ будани мулоқотро дар шаҳри бостонии Сиан, яке аз марказҳои иқтисодии Чин, ки аз он ҷо чандин аср пеш Роҳи бузурги абрешим оғоз ёфтааст, таъкид намуд.

Президенти Ӯзбекистон дараҷаи бебадали ҳамкориро, ки дар солҳои охир байни мамлакатҳоямон ноил гаштаем, махсус таъкид кард. Зикр шуд, ки табодули амволи тарафайн 2 баробар афзуда, 9 миллиард долларро ташкил намуд. Ҳаҷми сармояи Чин, ки дар Ӯзбекистон азхуд гаштааст, бори аввал ба 11 миллиард доллар наздик гардид.

Ҳоло дар мамлакатамон беш аз 1,7 ҳазор корхона бо иштироки сармояи Чин фаъолият дорад. Чандин лоиҳаи бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимё, маъдани кӯҳ, бофандагӣ ва ғайра ба амал татбиқ мегардад.

Аз натиҷаи мулоқотҳои босамар бо Раиси ҶМЧ Си Сзинпин қаноатмандии алоҳида иброз гардид, ки зимни он ба масъалаҳои истифодаи потенсиали дуҷонибаи савдову иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва инчунин ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои ширкатҳои Чин дар бозори Ӯзбекистон эътибори алоҳида нигаронда шуд.

Инчунин муваффақона баргузор гардидани чорабиниҳои муштараки корӣ дар доираи ташрифи Президенти Ӯзбекистон зикр гардид.

Аз он ҷумла дар бораи татбиқи лоиҳаҳои баландтехнологии саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба бештар аз 25 миллиард доллар дар соҳаҳои энергетика, кимё, металлургия, геология, автомобилсозӣ, электротехника, сохтмон ва ғайра аҳду паймон ба вуҷуд омад.

– Ҳамаи ин аз муваффақияти мусаллами ҳамкории Ӯзбекистону Чин, манфиатдории зиёди ҷонибҳо ба амиқсозии шарикии муфиди тарафайн равшан гувоҳӣ медиҳад, – таъкид кард Президент.

Роҳбари давлат таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба куллан беҳ гардидани муҳити сармоягузорӣ дар мамлакатамон, фароҳам овардани муҳити фавқулода муносиб барои сармоягузорон нигаронд.

Дар Ӯзбекистон вуҷуд доштани имконоти васеъ барои ташкили истеҳсолҳои муштарак оид ба тавлиди маҳсулот бо изофаи баланди арзиш ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои мамлакатҳои сеюм таъкид шуд. Аз ин лиҳоз соҳаҳои энергетикаи «сабз» кимё, автомобилсозӣ, электротехника, металлургия, хоҷагии қишлоқ, дорусозӣ, тандурустӣ ва ғайра истиқболнок ба назар мерасанд.

Президенти Ӯзбекистон тоҷирони Чинро даъват намуд, ки аз ин имконоти нодир истифода намоянд ва таъкид кард, ки ба тиҷорати Чин инфрасохтори ногузири истеҳсолӣ ва бозори фурӯши мунтазам, дастгирии ҳамаҷониба ва аз лиҳози молиявӣ якҷоя таъмин намудани лоиҳаҳо муҳайё карда мешавад.

Зимни табодули афкор роҳбарони корпоратсияҳои бузург, ширкат ва бонкҳои Чин моилии худро ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон собит намуданд. Омодагӣ ба вусъат додани ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, хусусан дар заминаи ташкили истеҳсолоти баландтехнологӣ ва инноватсионӣ иброз гардид.

Роҳбари давлат ба роҳбарони вазорат ва идораҳои Ӯзбекистон супориш дод, ки татбиқи ташаббусҳои баёнгардидаро зери назорати шахсӣ гирифта, инчунин бо нишон додани механизмҳои қадам ба қадам ва муҳлатҳои дақиқи татбиқ «харитаи роҳ»-и марбутро қабул намоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: