БАД-ОН КӮШ, ТО ЗУД ДОНО ШАВӢ...

ОЗМУН

Дар мактаби рақами 48-уми шаҳри Қаршӣ зинаи вилоятии озмуни фанни забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Дар он аз навоҳии Шаҳрисабз, Китоб, Деҳқонобод ва Нишони вилояти Қашқадарё 36 нафар ғолибони давраи ноҳиявии сабқат, ки моҳи октябри соли равон дар байни синфҳои 9, 10 ва 11-и макотиби таълимашон ба забони тоҷикӣ баргузор гардида буд, ширкат варзиданд.
Хонандагон аз рӯйи ду шарт – саволномаҳои тест ва иншо дар мавзӯи озод, ки дар низомномаи озмун дарҷ гардидаанд, вориди сабқат шуданд.  Омӯзгорони варзидаи вилоят Гулчирой Тӯхтаева, Тӯйчӣ Чориёров, Ҷалолиддин Зулфиқоров ва камина ба дониши шогирдон баҳогузорӣ намуданд. Бояд гуфт, ки мувофиқи низоми озмун ҳадди ниҳоии баҳогузорӣ аз саволномаҳои тест 50 хол ва барои санҷиши саводи хаттии хонандагон аз иншои озод (мазмун 30 хол ва бехатонависӣ 20 хол) низ 50 хол муайян гардидааст. 
Дар натиҷа аз байни 12 нафар хонандагони синфи 9 бо касби 82,2 хол муҳассили мактаби таҳсили ҳамагонии рақами 46-уми ноҳияи Деҳқонобод Азиза Қурбонова ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуюм насиби Назарбек Амонтурдиев аз мактаби рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонобод (71,8 хол) гардид ва ҳайати доварон ба мақоми сеюм хонандаи мактаби рақами 60-уми ноҳияи Китоб Доварбек Мадиевро (71,8 хол) муносиб донистанд.
Ғолиби озмуни ноҳиявӣ аз синфи 10, ки дар зинаи вилоят ширкат варзиданд, низ 12 нафар буданд. Дониши эшон ба тариқи зер баҳогузорӣ гардид: Хонандаи мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонобод Зафар Амонов 78 хол ҷамъ оварда, зинаи аввалро забт намуд. Нозима Ҷӯраева ҳам шогирди мактаби мазкур аст, ки бо 72,8 хол ба ҷойи дуюм сазовор дониста шуд. Муҳассили мактаби рақами 60-уми ноҳияи Китоб Фараҳноз Ҳайдарова муваффақ гашт, ки 68,2 хол ба даст оварад ва мақоми сеюмро ишғол созад.
Сабқат дар байни хонандагони синфи 11 барои забти се зинаи озмун пуршиддат гузашт. Дониши онҳо низ дар доираи низом баҳогузорӣ шуд. Доварон хонандаи мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонобод Ҷумъа Ашуровро (82 хол) ба ҷойи аввал сазовор донистанд. Ҷойи дуюм насиби Дилнура Нарзуллоева (71,6 хол) аз мактаби рақами 52-юми ноҳияи Китоб гардид ва ҷойи сеюмро хонандаи мактаби рақами 81-уми ноҳияи Деҳқонобод Дурдона Дӯсанова (68,7) ишғол намуд.
Бояд зикр кард, ки хонандагони синфи 9 дар мавзӯи “Модар пир нахоҳад шуд”, синфи 10 дар мавзӯи “Нақши саёҳат дар ҳаёти инсон” ва муҳассилони синфи 11 дар мавзӯи “Мушкилоти ҷамъият” иншои озод навиштанд.
Узви ҳайати доварон Тӯйчӣ Чориёров гуфт:  
– Ҳарчанд мазмуни аксари иншои шогирдон хуб буданд, аммо дар боби хатонависӣ онҳо бо ҳар ду по мелангиданд. Поин оварда шудани шумори соатҳои дарсии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳо ба дониши хаттии хонандагон таъсири манфӣ расондааст. Мушкили мазкур бояд зудтар ҳал карда шавад. 
Ғолибони озмуни вилоятӣ ба сабқати зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва бо мукофоти пулию ифтихорномаҳои Саридораи таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Қашқадарё сарфароз гардонда шуданд.
Шоир барҳақ фармудааст:
Бад-он кӯш, то зуд доно шавӣ,
Чу доно шавӣ, зуд воло шавӣ.

Ҳамид ХОЛМӮЪМИНОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонобод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: