«МАСКАНИ ДУРАХШОН» БУНЁД МЕГАРДАД

Ҳоло дар сартосари мамлакатамон дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» дар заминҳои бекорхобида ва қад-қади роҳҳои калон ниҳоли дарахтони мевадор ва манзаранок шинонида мешавад.

Ин ташаббуси Сарвари давлатамонро намояндагони муассисаҳои таълимӣ низ пурра дастгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳа дар мактаб-интернати «Нурли маскан»-и ноҳияи Гулистони вилояти Сирдарё низ корҳои зиёд ба амал татбиқ мегарданд.
— Ҷамоаи муассисаи мо дар доираи он, ки таҳти шиори «Дар лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» фаъол иштирок намоем» баргузор шуд, беш аз 300 бех ниҳоли дарахтони бед, санавбар, бодом, зардолу, олуболу, гелос шинонданд, — мегӯяд директори мактаб-интернати мазкур Нигора Баликова. 
— Ният дорем, дар оянда низ чунин корҳои хайрро давом диҳем.

Ш. СУЯРОВ, мухбири ӮзА.
Сурати ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: