Парвариши маҳсулот дар канори майдонҳо дастгирӣ мешавад

  • Парвариши маҳсулот дар канори майдонҳо дастгирӣ мешавад
  • Парвариши маҳсулот дар канори майдонҳо дастгирӣ мешавад
  • Парвариши маҳсулот дар канори майдонҳо дастгирӣ мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев оид ба васеъ гардондани рӯёндани маҳсулот дар канори майдонҳои киштзор вазифаҳои афзалиятнокро муайян намуд.

Дар ин бора 23 марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи оид ба масъалаҳои кишоварзӣ дастур дода шуд. Инвентаризатсия, ки пас аз ин аз ҷониби Агентии оид ба кадастр гузаронда шуд, нишон дод, ки тақрибан 60 ҳазор гектар замини канори киштзорҳо пурра истифода намешаванд. Мувофиқи ҳисобҳо аз ҳисоби самаранок истифода бурдани ин заминҳо ба таври илова 337 ҳазор тонна махсулот гирифтан мумкин аст.

Зимнан зикр гардид, ки ташкили ин кор ба зиммаи Агентии хидматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ гузошта мешавад. Барои азхудкунии заминҳои канори майдонҳо ба таври мавсимӣ агрономҳо ҷалб карда мешаванд. Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии сабзавоткорӣ, полизӣ ва картошкапарварӣ ва боғдорӣ, токпарварӣ ва винопарварии ба номи академик М.Мирзаев бо агентӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Барои тухмӣ, ниҳолҳо, нурӣ ва таъминоти об ҷиҳати шуғл бо киштукор дар канори майдонҳо 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

Масъалаҳои нигоҳ доштан ва азнавкоркарди маҳсулоти рӯёндашуда аҳамияти калон доранд. Ба ин муносибат қарор дода шуд, ки барои харидани таҷҳизоти хушккунӣ ва яхдон 50 миллиард сӯм ҷудо карда шавад.

Гуфта мешавад, ки барои парвариши 600 ҳазор парранда ва ҷойгир кардани қариб 300 ҳазор занбӯри асал  дар канори каналу шабакаҳои обкашӣ дар канори киштзорҳо имконият мавҷуд аст.

Тартиби мавҷуда ба хоҷагиҳои фермерӣ имкон медиҳад, ки заминро барои иҷораи дуюм танҳо ба муҳлати то 1 сол ба иҷора диҳанд. Бо назардошти он, ки ангур, тут, сафедор барин дарахтон солҳои зиёд месабзанд, таклиф карда мешавад, ки муҳлати иҷора то 10 сол расонда шавад.

Сарвари давлатамон супориш дод, ки иҷрои ин тадбирҳо бо сифати баланд таъмин карда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: