Вазифаҳои аввалиндараҷа бобати таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиёт баррасӣ шуданд

  • Вазифаҳои аввалиндараҷа бобати таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиёт баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои аввалиндараҷа бобати таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиёт баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои аввалиндараҷа бобати таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиёт баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои аввалиндараҷа бобати таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиёт баррасӣ шуданд

Таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев 16 январ машварати видеоселекторӣ бинобар вазифаҳои аввалиндараҷаи таъмин кардани эътидоли макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиёт дар соли 2024-ум баргузор шуд.

Соли 2023 рушди иқтисодӣ дар кишвари мо 6 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, дар саноат афзоиш 6 фоиз, дар соҳаи хидматрасонӣ 6,8, дар сохтмон 6,4,  дар хоҷагии қишлоқ 4,1 фоиз қайд гардид.

Соли равон ҳадди ақалл 6 фоиз зиёд кардани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва то ба 100 миллиард доллар расондани он ба нақша гирифта шудааст.

Дар машварат вазифа ва чораҳои зарурӣ дар самти мазкур баррасӣ шуданд.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки барои ин тақозо мегардад, ки дар навбати аввал кормандони маҷмӯи иқтисодие, ки дар сафҳои аввалини ислоҳот қарор доранд, беш аз пеш кор кунанд.

Чунончи, бо назардошти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ арзиши иловагии маҳсулот аз 40 фоиз зиёд намегардад. Ин асосан ба тобеият аз воридот, истеъмоли баланди энергия ва харҷҳои аз ҳад зиёд алоқаманд аст.

Вобаста ба ин муайян карда шуд, ки соли 2024-ум барои роҳбарони маҷмӯи иқтисодӣ ва тамоми корхонаҳои давлатӣ бояд соли самаранокӣ ва коҳиш додани боздоштҳо гардад. Дар мисоли як қатор соҳаҳо имкониятҳои коҳиш додани харҷ аз ҳисоби муътадил сохтани харидҳо ва логистика, сарфаи захираҳои энергетикӣ ва рақамикунонӣ таҳлил карда шуданд.

Маҷмӯъро лозим аст, ки соли равон арзиши иловагиро ба дараҷаи 45 фоиз зиёд кунад, арзиши аслиро 15 фоиз коҳиш диҳад, рушди  соҳаҳои бузург ва умуман саноатро 7 фоиз таъмин намояд.

Пешниҳод гардид, ки фаъолияти роҳбарони соҳаи иқтисодӣ бо нишондиҳандаҳои моҳона, семоҳа ва солонаи нишондиҳандаҳои самаранокӣ (KPI) вобаста карда шавад, миқдори муовинон таҷдиди назар гардад.

Дар машварат масъалаи интизоми молиявӣ махсус мавриди назар қарор гирифт.

Соли гузашта баъзе корхонаҳои давлатӣ натавонистанд ба буҷа 8 триллион сӯм дивиденд ва андозҳоро пардохт кунанд. Дар вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззах даромадҳои андоз 20 фоизро ташкил дод, дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро ва Қашқадарё ин нишондиҳанда ҳатто ба 7 фоиз нарасид.

Ин гуна ҳодисаҳо аз камбудӣ дар кори роҳбарон ва муовинони шуъбаҳои андози ҳудудӣ, андозситонҳои маҳаллаҳо шаҳодат медиҳад. Бинобар ин зарурияти таҷдиди назар кардани низоми андоз ва муайян сохтани самтҳои нав таъкид гардид.

Самти нахустин – вазифаҳо бобати кор бо 40 ҳазор ташкилоти буҷавӣ мебошад, ки аз ноҳияҳо ба созмони навтаъсиси Инспексияи буҷавии байниноҳиявии назди Кумитаи андоз дода мешаванд. Инспексия куллан рақамикунонида мешавад ва ба низоми электронии Хазинадорӣ табдил дода хоҳад шуд.

Самти дувум – дар кумита ҳамчунин Инспексияи байниноҳиявӣ бобати ситондани қарздории андоз ташкил карда хоҳад шуд. Ба он ваколатҳое дода мешаванд, ки ба зиммаи Бюрои иҷрои иҷборӣ ҳастанд. Ба шарофати ин имконпазир мегардад, ки дар маҳаллаҳо боз 200 корманди мақомоти андоз ба ноҳияҳо ҷалб карда шаванд.

Самти сеюм – ташкил кардани низоми махсус бинобар кор бо 80 корхонаи бузург ва 35 банки тиҷоратист, ки 50 фоизи даромадҳои андози ҷумҳуриро таъмин мекунанд. Барои ин дар ҳайати Инспексияи оид ба андозсупорандагони бузург сохтори нав ташкил карда мешавад, ки бо Вазорати иқтисод ва молия ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ба зиммаи Вазорати иқтисодиёт ва молия бинобар таъмин кардани даромадҳои саривақтии андоз ва пешгирӣ намудани бидуни асос зиёд намудани хароҷоти корхонаҳо вазифаҳо гузошта мешаванд.

Вобаста ба соҳаи гумрук қайд карда шуд, ки соли гузашта ҳангоми боркашонӣ аз хориҷа имтиёзҳо дар ҳаҷми тақрибан 60 триллион сӯм истифода шуданд, вале таҳлили самаранокии онҳо гузаронида нашуд. Вобаста ба ин супориш дода шуд, ки тамоми молҳое, ки бо режими преференсиалӣ кашонда шудаанд, омӯхта шавад.

Боз як манбаи даромад барои буҷа хусусигардонӣ ва фурӯши заминҳо бо ауксион ба шумор меравад. Вале 484 активҳои давлатӣ, ки ба барномаи хусусигардонӣ ворид карда шудаанд, ба фурӯш гузошта нашуданд.

Ба Девони Вазирон супурда шуд, ки камбудиҳоро аз байн бардорад ва барномаи нави хусусигардониро, ки ба таъмин сохтани даромади 20 миллион сӯм дар соли равон нигаронида шудааст, тайёр кунад.

Соли гузашта аз фурӯши заминҳо 1 триллион сӯм маблағ ворид гардид, 12 ҳазор лоиҳаҳои нав ба миён омаданд. Ба мақсади вусъат додани ин кор дар назди шахсони масъул вазифа гузошта шуд, ки то охири сол мастер-нақшаҳои 70 ноҳия ва соли оянда тамоми ноҳияҳо коркард шавад.

Алҳол яке аз масъалаҳои рӯзмарратарин ин иқтисодиёти пӯшида ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мубодилаи ҳаҷми калони маблағ дар соҳаи хидматрасонӣ, сохтмон ва саноат «пинҳон» боқӣ мемонанд.

Роҳбари давлати мо изҳор дошт, ки иқтисодиёти пӯшида барои рақобати ҳақиқӣ ва фаъолияти соҳибкорони боинтизом монеа ба шумор меравад, ӯ чораҳои иловагиро мушаххас намуд.

Ҳоли ҳозир 14 мақомот бо мубориза ба муқобили иқтисодиёти пӯшида ва ҷинояткории иқтисодӣ машғул мебошанд. Ба мақсади ҳамоҳанг сохтан ва пурзӯр намудани фаъолияти мазкур ваколати Департаменти мубориза ба муқобили ҷинояткории иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ вусъат дода хоҳад шуд.

Департамент бо воситаҳои замонавитарин ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин карда хоҳад шуд, дар назди он марказҳои илмию таҳлилӣ ва таълимӣ кушода мешаванд. Дар ин маврид дар Прокуратураи генералӣ раёсати махсус бинобар иқтисодиёти пӯшида ва шуъбаҳои минтақавии он созмон дода хоҳад шуд.

Дар машварат ҳамчунин масъалаи самаранокии харҷҳои буҷавӣ муҳокима шуданд.

Соли гузашта харҷҳои ғайриқонунӣ ба миқдори 1,2 триллион сӯм, ҳамчунин норасоӣ ва ғорат дар ҳаҷми 200 миллиард сӯм ошкор гардиданд. Маблағҳое, ки барои барномаи соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва кишоварзӣ ҷудо карда шудаанд, пурра истифода нагардиданд. Ҳамчунин ҳодисаҳои додани музди меҳнат барои ходими мавҷуднабуда ё худ амалан кори иҷронашуда, гирифтани ссудаи ғайриқонунӣ ва пардохти мукофотпулиҳо ба қайд гирифта шуданд.

Вобаста ба ин фаъолияти Инспексияи давлатии назорати молиявии назди Вазорати иқтисодиёт ва молия ғайриқаноатбахш дониста шуд. Бобати ба Департаменти оид ба мубориза бо ҷинояткориҳои иқтисодии Прокуратураи генералӣ додани сохтори мазкур қарор қабул гардид.

Барои назорати дурустии хароҷоти 313 триллион сӯм, ки дар буҷаи соли равон пешбинӣ шудааст, вазифа гузошта шуд.

Масъалаи коҳиш додани муфлисӣ низ аз вазифаҳои рӯзмарра ба шумор меравад. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда муфлисӣ соли гузашта аз 9 фоиз зиёд нагардид.

Таъкид шуд, ки муфлисии озуқавориро метавон танҳо аз ҳисоби зиёд кардани истеҳсоли хӯрокворӣ пешгирӣ намуд, ба вазири кишоварзӣ ва ҳокимон супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Чораҳо бобати аз 9 фоиз кам кардани муфлисӣ дар соли равон муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин масъалаҳои таъмин сохтани эътидоли низоми бонкӣ ва вомгузории иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Вазифа гузошта шуд, ки барномаи на камтар аз 2-3 фоиз дар пояи механизмҳои бозаргонӣ коҳиш додани миқдори вомҳо коркард шавад.

Дар машварат ба масъалаи таъмин сохтани шуғли аҳолӣ эътибори махсус дода шуд. Вобаста ба ин масъала муҳимияти самарабахш истифода бурдани барномаи ба қарибӣ қабулшуда таъкид гардид.

Зикр шуд, ки муассисаҳои таълими касбии низоми шуғл ва кор бобати муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ дар сатҳи зарурӣ нестанд. Дар назди Вазорати шуғл ва коҳиш додани нодорӣ вазифаҳои иловагӣ бобати аз байн бардоштани камбудиҳо, таъмин сохтани тайёрии касбии аҳолӣ ва созмон додани ҷойҳои нави корӣ гузошта шуданд. Дар анҷоми машварат роҳбарони маҷмӯъҳои иқтисодӣ, вазирон ва ҳокимон бинобар нақшаҳои худ дар соли равон ҳисобот доданд.

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: