ДОНИШКАДАИ НАВ ТАЪСИС ЁФТ

Дар асоси Қарори Президент аз 7-уми июли соли 2023 «Дар бораи чораҳои иловагии афзунсозии сифат ва самарадорӣ тавассути интегратсияи илму фан, таълим ва истеҳсолот дар соҳаи аграрӣ» дар назди филиали самарқандии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд Донишкадаи агроинноватсия ва тадқиқот ташкил карда шуд.

Мувофиқи қарор тамоми молу мулки филиал дар асоси ҳуқуқи идораи оперативӣ ба донишкадаи навтаъсис гузаронида мешавад.
Ғайр аз ин, аз соли нави хониш дар назди донишкада аз ҳисоби маблағгузории ҳукумати Ҷумҳурии Корея «Дар доираи лоиҳаи салоҳияти кадрҳо ва рушди тадқиқотҳо бобати ривоҷдиҳии сохтори тухмипарварӣ ва истеҳсоли картошка» маркази тухмипарварии картошкаи Ӯзбекистон – Корея таъсис меёбад.
Дар ин муассиса дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешқадами таълими олӣ ва илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ дар чаҳорчӯби барномаи таълимии Иттиҳодияи Аврупо аз ҳисоби маблағи созмонҳои молиявии байналмилалӣ маркази «Биоиқтисодиёт» таъсис дода мешавад.
Дар маркази CARIS – «Таълими инноватсионӣ ва тадқиқотҳои ислоҳоти хоҷагии қишлоқи Самарқанд»-и назди донишкада таҳлил ва таҳқиқи таъсири ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Бо мақсади мустаҳкамсозии пойгоҳи моддию техникии донишкада то соли таҳсили 2024-2025 бинои таълимӣ бо 1000 ҷой бунёд ва хобгоҳи донишҷӯён бо 360 ҷойи хоб реконструксия карда мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: