ЛОИҲАҲОИ СОХТМОН НАМОИШ ДОДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 16 апрел бо тақдимоти лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва сохтмон шинос гардид.

Ба туфайли сиёсати фаъоли хориҷӣ алоқаҳои байналхалқии мамлакатамон торафт вусъат пайдо мекунад, Тошканд маркази корчаллонӣ ва сайёҳии фаъол мегардад. Бинобар ин сабаб ба инкишофи инфрасохтори нақлиёт эътибори алоҳида дода мешавад.
Солҳои охир аэропорти байналхалқии Тошканд ба номи Ислом Каримов такомул ёфт, ки ин шароитро барои мусофирон беҳтар намуд. Хидматрасонӣ вусъат ёфт, теъдоди нуқтаҳои сабти ном ва баромадгоҳҳо ба майдони ҳавоӣ зиёд гардид. Дар натиҷаи таъмири сесола майдони бинои терминали хуруҷ аз 56 то 80 ҳазор метри мураббаъ расид.
Ҳоли ҳозир таъмири терминали парвозҳо идома дорад. Кор дар ин бобат дар се марҳала иҷро мегардад, дар натиҷа имконоти сабти ном, назорати гумрук ва таъмини бехатарӣ васеъ мегардад. Имконоти  убур аз 1,2 ҳазори имруза соате то 2,4 ҳазор мусофир зиёд мегардад.
Инчунин сохтмони карго-терминали нав дар аэропорти байналхалқии Тошканд ба нақша гирифта шудааст. Ин имконият медиҳад, ки иқтидори таҳияи боро шабонарузе то 300 тонна афзояд.Тавре ки маълум аст, 29 августи соли 2022 дар шаҳри Урганч санги асос дар зербинои шаҳраки Ал-Хоразмӣ гузошта шуда буд. Дар ин ҷо иморатҳои бисёрошёна, мактабу кудакистонҳо, марказҳои варзиш ва маданият, парк, технопарк ва маҷмуаҳои дигар сохта мешаванд. Аз он ҷумла, дар маркази шаҳрак Донишгоҳи ба номи Ал-Хоразмӣ сохта хоҳад шуд.
Бинобар лоиҳа донишгоҳ аз факултетҳои математика ва илмҳои табиӣ, информатика, муҳандисӣ иборат гардида, дар онҳо 4000 донишҷу таҳсил хоҳад кард. Дар назди донишгоҳ инчунин мактаби махсус барои кудакони соҳибистеъдод сохта мешавад. Дар натиҷа дар ин ҷо кластери таълимӣ бо вобастагии таълим, илм ва истеҳсолот ба вуҷуд хоҳад омад.
Табодули афкор бобати сарпур намудани консепсияи донишгоҳ бо мундариҷаи нав ба вуқуъ пайваст. Аҳамияти ба вуҷуд овардани лабораторияҳои замонавӣ барои тадқиқоти ҷавонон, коммерсиализатсияи стартап-лоиҳаҳо, кушодани самтҳо оид ба технологияи рақамӣ ва киберварзиш таъкид шуд.
Халқамон воқеан боз бо як олими бузург Абурайҳон Берунӣ мефахрад. Барои абадӣ сохтани роҳи ҳаёти мутафаккир, саҳми беназири ӯ ба илми ҷаҳонӣ бо ташаббуси Президенти мамлакатамон бунёд намудани музей дар маркази ноҳияи Берунии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба нақша гирифта шудааст. Бинои дуошёна бо таҷҳизоти пешқадамтарини музей муҷаҳҳаз гардида, зимни ороиши экспозитсияҳо усулҳои интерактив истифода хоҳанд гардид. Дар назди музей гузоштани ҳайкали боҳашамати Берунӣ пешбини гаштааст.
Ҳангоми тақдимот якчанд муодили татбиқи лоиҳаҳо баррасӣ гардид. Ба шахсони масъул дар бобати такмили онҳо, минбаъд беҳсозии сифати сохтмон ва хизматрасонӣ супоришҳо ддода шуд.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: