Президенти Ўзбекистон бо Президенти Туркия суҳбати телефонӣ анҷом дод

6 феврал Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлатамон ба муносибати талафот ва харобиҳои сершумор, ки дар натиҷаи заминларзаи имрӯз дар вилоятҳои ҷанубу шарқии Туркия рухдода ба амал омадааст, изҳори ҳамдардии амиқ баён кард. Ба мардуми бародари турк, хешу табор ва наздикони ҳалокшудагон ва осебдидагон суханони ҳамдардӣ расонида шуд.

Масъалаҳои ҳамкории амалӣ ба мақсади рафъи оқибатҳои офати табиӣ муҳокима шуданд. 7 феврал аз Ӯзбекистон ба Туркия ирсол намудани кумаки башардӯстона ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин доир ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: