«БОҒ»-И БУНЁДКАРДАИ ФЕРМЕР «ҲОСИЛ» НАДОД

Беш аз як моҳ аст, ки Равшан Машарипов ҳамчун прокурори вилояти Самарқанд фаъолият мебарад.

Беш аз як моҳ аст, ки Равшан Машарипов ҳамчун прокурори вилояти Самарқанд фаъолият мебарад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ корҳои зиёди ибратбахшро ба фарҷом расонд. Ба таъбири «шунидан кай бувад, монанди дидан» амал карда, мо бо нияти суҳбат роҳи додситониро пеш гирифтем.
Аҷабо! Назди бинои прокуратура омада, аз бардошта шудани панҷараҳои баланду мустаҳками атрофи он ба ҳайрат афтодем. Замоне чандин дарахт решабур ва миллионҳо сӯм маблағи давлат сарф шуда, идораи онро иҳота карда буданд. Мардуми корафтода наметавонист озод ба он ҷо дохил шаванду ба ҳимоягарони ҳуқуқу тартибот муроҷиат кунанд. Посбонони мағруру худписанд ва ҳузарбу хашмин корафтодагонро бо баҳонаҳои «калон нестанд, ба нозири осоиштагӣ ё раиси маҳалла муроҷиат кунед» роҳи онҳоро мегирифтанд.
Ҳоло Равшан Машарипов ҳар рӯзи ҷумъа корафтодагонро қабул карда, ба арзу шикояти онҳо гӯш медиҳад. Ӯ баъди аз мақсади мо огоҳ шудан гуфт, ки фурсат надорад.
– Шумо маро дуруст фаҳмед, – гуфт Равшан Раҷабович бо чеҳраи кушод, – шиносоӣ бо Самарқанд ҳанӯз ба охир нарасидааст. Воқеан, дар ин фурсати кӯтоҳи корбарӣ аз он ба тааҷҷуб афтодам, ки дар Самарқанд коррупсия қариб ҳама соҳаро печонда будааст. Кош аз рӯзномаи шумо мардум шахсони худписанд, порахӯр ва қонуншиканро мешинохтанд. Худи ҳамин ҳам мубориза алайҳи коррупсия аст. Зеро миқдори зарари моддӣ аз коррупсия дар вилоят беш аз 25 миллиард сӯмро ташкил карда, 2249 нафар шахси гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Маълумот барои андеша

Агар кормандони шуъбаи ғайрибуҷавии хазинаи нафақаи ноҳияи Тайлоқ 111 миллион сӯм маблағи нафақаро ба кортҳои пластикии худ гузаронида бошад, ходимони Бонки миллӣ аз ҳисоби амонатгузорҳо 7,7 миллиард сӯм, 607 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 461 евро маблағро аз худ кардаанд, ки нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд.
Ходими шуъбаи «Агробонк» дар Чалак худсарона 30 миллион сӯмро ҳамчун қарз ба ҳисоби мизоҷон гузаронда, сипас устокорона ба пластики худ кӯчондааст. 
Дар соҳаи сохтмон талаб нисбати интизом ва шаффофият зиёд шуда бошад ҳам, шолӣ бе курмак намешудааст. Дар ноҳияи Пайариқ «боғ»-и бунёдкардаи 92 нафар фермер «ҳосил» надод. Гап дар сари он аст, ки онҳо дар коғаз дар 597 гектар майдон ниҳол “парвариш” кардаанд. Аз ин сохтакорӣ давлат 2,4 миллиард сӯм зарар дид.
Кормандони идораи «Ермулккадастр»-и ноҳияи Самарқанд низ 161 гектар заминро худсарона ба фурӯш монда, ба давлат қариб 60 миллиард сӯм зарар овардаанд. Чунин ҳолатҳои ришвагирӣ дар байни ходимони корҳои дохилӣ низ мушоҳида шуд. Дар давоми танҳо як соли охир нисбати 31 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд. 
Охири соли гузашта барои пешгирии ҷинояткорӣ дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ машварат гузаронидем. Дар чорабинӣ зикр гашт, ки сардори Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Булунғур «пушти ману табари қассоб» гуфта, 85,6 миллион сӯм маблағро моли худ кардааст. Аъзои поликлиникаҳои оилавии рақамҳои 4, 9 ва 10-уми шаҳри Самарқанд барои ба яғмо бурдани 193 миллион сӯм маблағи давлат ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.
Умуман, дар ду соли охир 87 нафар ходимони сохтори таълими халқи вилоят курсии сиёҳи судхонаро «ғайриихтиёр» ишғол карданд, ки ба номи мубораки омӯзгорӣ доғ оварданд.

Муроҷиатнома – барои ҳама

– Имрӯзҳо тамоми мардуми ҷумҳурӣ Муроҷиатномаи Президентро ба Олий Маҷлис зери таваҷҷӯҳ қарор додаанд. Аз ҷумла ходимони прокуратура, – иброз дошт Равшан Раҷабович. – Зеро яке аз вазифаҳои таъхирнопазири мо мубориза зидди коррупсия аст. Ғайр аз ин, зиёд кардани саводи ҳуқуқии мардум низ аҳамияти калон дорад. Донишманде гуфтааст, ки дар куҷое қонун пойдор набошад, дар он ҷо зӯроварӣ, ноадолатӣ, ришватхурӣ, суиистифода аз мансаб ва дигар гуна иллатҳо авҷ хоҳад гирифт. Бояд гӯям, ки пас аз ба ин вазифа таъин гардидан чанд нафар ҷавононро дар шаҳр ва ноҳияҳо ба кор қабул кардам. Ҳоло анъанаи «устоду шогирд» пойдор шуд. 
– Равшан Раҷабович, суҳбати мо дар арафаи Рӯзи ходимони прокуратура баргузор мегардад. Аз усулу кори имрӯзаи он нақл мекардед.
– Замоне прокуратура ташкилоти сиёҳкунандаву ҷазодиҳанда буд. Хушбахтона, ҳоло туфайли сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат он ба идораи ҳимоякунандаи қонун ва адолат табдил ёфт. Шаҳрвандон ба қабулҳои сайёри маҳалҳо иштирок карда, доир ба масъалаҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Мо дар чорчӯбаи қонун онҳоро ҳимоя мекунем, ёрии беғаразона мерасонем. 
Аз имконият истифода бурда, тамоми кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, орзу дорам, ки росткору ростқавл ва албатта адолатпеша бошанд. Ин вазифаи аввалдараҷаи мост.

Суҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: