ДАР БОРАИ НИЗОМИ КОР БО ҶАВОНОН ҲИСОБОТ ДОДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 15 декабр бо ҳисобот дар бораи кори иҷрогардида дар соли ҷорӣ ва вазифаҳои бартаринок барои соли оянда дар соҳаи сиёсати ҷавонон шинос гардид.

Дар давраи гузашта чорабиниҳо дар 7 самт ба амал татбиқ гардиданд. Ба роҳбарони масъул 396 ҳазор нафар ҷавонон вобаста карда шуданд, ки ба эътибори алоҳидаи давлат эҳтиёҷ доштанд, аз тариқи кори инфиродӣ ба 331 ҳазори онҳо дар ҷиҳати татбиқи потенсиали худ мадад расонда шуд. Аз он ҷумла, 94 ҳазор нафар бо шуғл фаро гирифта шуда, ба 56 ҳазор касб омӯзонда шуд.
Миқдори намудҳои ёрие, ки аз тариқи «Дафтари ҷавонон» расонда шуд, то 30 афзуда шуда, муддати баррасии муроҷиатҳо барои ёрӣ аз 30 рӯз то 5 рӯз кӯтоҳ карда шуд.
Соли ҷорӣ бо тавсияи пешвоёни ҷавонон ба 338 ҳазор наврасон ва  ҷавонон ба миқдори 444 миллиард сӯм мадади моддӣ расонда шуд. Аз он ҷумла, пули қарордоди донишҷӯён пардохта шуд, харҷи таълими забони хориҷӣ ва касбҳои замонавӣ сарпур карда шуд. Ҷавонони бекор бо дастгоҳҳои корӣ таъмин карда шуданд.
Дар ҳар як маҳалла барномаи бошуғлфарогирии ҷавонон татбиқ гардида, дар натиҷа дар соли ҷорӣ бо шуғл фаро гирифтани 236 ҳазор ҷавони бекор ва 189 ҳазор хатмкунандагони мактабҳо таъмин гардонда шуданд.
Аз имсол эътиборан баргузор намудани «Олимпиадаи Панҷ ташаббус» бинобар чор дараҷа – байни ноҳияҳо, мактабҳо, муассисаҳои таълими касбӣ ва донишгоҳҳо оғоз гардида, дар маҷмӯъ дар он 12 миллион ҷавонон иштирок намуданд. Дар маҳаллаҳои ғолибони олимпиада 623 майдончаи варзишӣ сохта шудааст.
Бо мақсади дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар Қасри эҷодии ҷавонон дар Тошканд нахустин «Парки эҷодӣ» роҳандозӣ гардид, ки шабонарӯз фаъолият дорад. Ба бозии «Заковат» ва дигар мусобиқаҳои зеҳнӣ 2 миллион нафар ҷавонон ҷалб гаштаанд.
Ба Президент инчунин дар бораи дар вилояти Навоӣ ташкил намудани мактаби байналхалқии шоҳмоти «Тӯдакӯл» гузориш дода шуд.
Мактабе, ки соҳиби инфрасохтори замонавӣ мебошад, қодир аст, ки соле 1,7 ҳазор нафар бачаҳоро таълим диҳад ва 7,5 ҳазор ҷавононро бо чорабиниҳои мухталиф фаро гирад. Дар ин ҷо тамоми шароит барои баргузор намудани мусобиқаҳои байналхалқӣ, мисли чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, универсиадаҳо фароҳам оварда шудааст.
Роҳбари давлат супориш дод, ки ба ин мактаб гроссмейстерҳои байналхалқӣ даъват карда шуда, шахсони бомаҳорат аз ноҳияҳои дурдаст ҷалб карда шаванд, барои онҳо лагерҳои кутоҳмуддати  шоҳмот бо супурдани сертификатҳои дахлдор ташкил карда шавад. Таъкид шуд, ки мактаб бояд намуна ва пойгоҳи методии таълими шоҳмот барои тамоми мактабҳои таълими ҳамагонии мамлакат гардад, татбиқ намудани қарорҳои рақамӣ ба ҷараёни баргузор намудани дарсҳои шоҳмот лозим аст.
Дар ҷамъомад инчунин вазифаҳои бартаринок дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024 баррасӣ гардиданд.
Дар ҳар як минтақа, вазорат ва идора бархурди нав ба кор бо ҷавонон ҷорӣ карда мешавад. Намуди ёрдамҳое, ки бо тавсияи пешвои ҷавонон расонда мешавад, тавсеа дода шуда, эътибори асосӣ ба таълими ҷавонон ба касбҳои замонавӣ дода мешавад.
Бо мақсади рушди иқтидор, шавқ ва истеъдоди бачаҳо ва инчунин барои дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо пешниҳод шуд, ки Ташкилоти бачаҳои Ӯзбекистон созмон дода шавад. Ногузирии такомули корҳои илмиву таҳлилӣ оид ба омӯзиши мушкилоти ҷавонон ва тарбияи кадрҳои истиқболнок таъкид шуд.
Соли оянда чорабиниҳо оид ба афзудани теъдоди ҷавононе, ки забонҳои хориҷиро дар доираи лоиҳаи «Ибрат фарзандлари» таълим мегиранд, то 1 миллион, теъдоди хонандагони наврас дар доираи барномаи мутолиа то 1,5 миллион қабул мегарданд. Барои ин дар минтақаҳо инфрасохтори иловагӣ сохта шуда, ба вуҷуд овардани шароити ҳарчи бештар барои ташкили бомазмуни фароғат, татбиқи истеъдод ва иқтидори ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: