Қариб бист сол боз бонуи тозакору дақиқназар, хушрафтору хушгуфтор Хуршеда Шарифова дар мактаби таълими умумии рақами 16-уми деҳаи Ӯрташайхи ноҳияи Самарқанд нахуст чун котиба, ҳоло ба ҳайси менеҷер доир ба кадрҳо адои вазифа мекунад.
Ҳар як шахсе, ки ба мактаб ё назди мудири таълимгоҳ ояд, бо чеҳраи кушод, табассуми ширин истиқбол гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то муаммои эшонро зуд ҳал намояд. Шояд аз ҳамин сабаб, ҷамоаи мактаб, толибилмону волидайн ӯро эҳтиром мекунанд.
– Хуршеда аз зумраи кормандони содиқ ба касбу вазифааш маҳсуб меёбад, ки бо заҳмату фидокории ӯ таҳияи ҳуҷҷатҳо, қабулу гусели меҳмонону мизбонон ба дараҷаи аъло сурат мегирад, – гуфт сарвари таълимгоҳ Дилсора Юсуфова. – Шахсан ман ва ҷамоаи беш аз 120-нафараи мактаб ба рамузфаҳмӣ, ҳозирҷавобӣ ва алалхусус ширинзабонии вай қоил ҳастем. Ин бонуи меҳрубону хоксор кумаки хешро аз ҳеҷ кас дареғ намедорад. Боз як хислати аҷибаш – гулпарварист. Дар қабулхона ва утоқи кории ман гулҳо тобистону зимистон нашъунамо дошта, аз бӯйи хуши онҳо табъ болида мегардад. Аз ҳама муҳимаш, таи солҳо боре ҳам нашудааст, ки бо айби котиба омода ва чоп кардани қарору фармонҳо ба таъхир афтода ва ё ба хатоӣ роҳ дода бошад.
Воқеан, Хуршедабону соли 2005 ҳамин мактабро хатм карду ба шуъбаи ғоибонаи коллеҷи педагогии Сиёби шаҳри Самарқанд дохил шуд. Фаъолияти меҳнатиро маҳз дар ҳамин ҷо ҳамчун котиба оғоз намуд.
– Мактаб ба хонаи дуюмам табдил ёфтааст, – бо завқ хандида мегӯяд Хуршедабону. – Бароям ҳам ҷамоа, ҳам толибилмон соҳибэҳтирому бақадранд. Солҳои таҳсил чанд байт аз устод Садриддин Айнӣ аз ёд карда будам, ки чунин мисраъҳо дошт:
Мактаб ба ту ёд медиҳад
илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму
ранҷу тааб.
Ҳақ бар ҷониби устод аст, ки сухани дилро навиштаанд. Сонӣ, боз таъкид кардан ҷоиз, ки вақти холӣ асарҳои адибони дӯстдоштаи худро варақ мезанам, ки ба қавли аллома Ҷомӣ «Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест».
Хуршеда, инчунин модари ду фарзанд буда, писарҳояш Муҳиддину Аслиддин таълиму тарбияи нек мегиранд. Ҳамсараш Мирзоҳасан Тӯрақулов ҳунарманд аст. Ҳар ду аробаи зиндагиро якҷоя пеш мебаранд.
Оре, инсон барои фаъолияти оқилона ба дунё омадааст ва мақсад аз зиндагӣ ба халқу Ватан фидокорона меҳнат кардан бояд бошад. Ва ба ҳар як шахс аз рӯйи кораш баҳо медиҳанд. Зеро ҳайкалро намуду инсонро фаъолияташ зеб медиҳад. Хуршедаи хушдил ҳам бо вазифаи хоксорона, оддӣ, соҳиби эҳтиром шудааст, ки барои кори ҳалолу пок чанд маротиба аз ҷониби шуъбаи таълими халқи ноҳия ва кумитаи духтарон бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардидааст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.