«МОДАР»-И ТЕАТРИ ТОҶИК

Дар ёд надорам, ки нахуст чеҳраи малеҳу ҷаззоби Марям Исоеваро, ки эҳтиром ба шахсияташ дорам, кай, дар иҷрои кадом нақш: дар филми «Ҳасани аробакаш», «Достонҳои «Шоҳнома», «Модар», «Роҳҳо гуногун мешаванд», «Асрори оилавӣ» ва ё «Гунаҳкорони бегуноҳ»... дидаам.

Дар борааш зиёд навиштаанд, дар саҳнаҳою минбарҳои гуногун номаш вирди забонҳо буд, ба воситаи радио ва телевизион муаррифӣ кардаанд. Ба устураи зиндаи театр ва кино табдил ёфт. Соҳиби мукофотҳои арзишманд – ордену медалҳои «Дӯстӣ», «Шараф», «Ҷило», «Шуҷоат», «20-солагии ҷавонон» ва «Ситораи тилло» гардид.   
Дар тӯли 60 сол содиқона, софдилона  баҳри санъати тоҷик хидмат кард. Вай ақида дошт, ки агар кас кору пешаи худро сидқан дӯст дорад, тамоми душворӣ, ғаразу фитна ва монеаҳоро аз сари роҳ дур карда, ба мақсад мерасад. 
Дар офаридани нақшҳо кӯшидааст, ки дилу чашму забонаш дурӯғ нагӯянд. Дарк мекард, ки тамошобин самимиятро эҳсос мекунад ва мепазирад, ҳар нақше, ки аз дили ӯ мебарояд, ба дили дигаре ҳамоно ворид мешавад. Омили асосии маҳбубият, маъруфият ва мондагории ҳар эҷодкор низ самимият аст. 
Шуҳратманд шуд, вале шуҳратпарастиро намеписандид, мегуфт, ки ҳар қадар шуҳратманд шудӣ, ба қабристон ва беморхона бирав, ба нодору ночорон нигоҳ кун.  
Ӯро ба сифати ҳунарпешае мешиносанд, ки шуҳрати театру кинои тоҷикро боло бардоштааст.
Ба Марям Исоева аз қадами аввали ба саҳна омаданаш, яъне соли 1968 иҷрои нақшҳои мураккаб насиб мешуд. Дар 19-солагӣ нақши рускампири 70-сола Аринаро дар намоиши «Камбағалӣ айб нест» иҷро кард. Баъдан дар намоишномаҳои гуногун нақшофарӣ кард, бештар аз рӯйи асарҳои классикони ҷаҳонӣ нақшҳои асосиро иҷро намуд. Садҳо симои офаридааш дар таърихи театру кинои тоҷик ва фонди тиллоӣ ворид шудаанд. 
Марям Исоева симои модарро хуб офаридааст. Модарномаҳояш  ифодакунандаи меҳру муҳаббат ва тавоноии зананд. Шояд аз ин сабаб мухлисонаш ӯро «Модари театри тоҷик» номидаанд. 
Ӯ симои модарро аз модаркалонаш, ки қоматбаланд буду нигоҳҳояш самимияту муҳаббат буданд, омӯхта, иҷро мекард. Ҳатто шеваи роҳгардиро аз ӯ омӯхта буд. Гуфтан мумкин аст, ки модаркалон барояш эталон ҳисоб мешуд.
Вай собит кард, ки зан танҳо ҷинси латифу нозук нест, вай бо шуҷоату қавииродагӣ ва азми худ исбот кардааст, ки метавонад бо фаросату дурбинӣ ва дастони пурэъҷозаш ҷомеаро ба сомон биёрад.
Бовару эътимоди мо бар он аст, ки нақшу мақоми зан минбаъд низ дар ташаккули ҷомеа, пешрафту шукуфоии Ватани азизу маҳбуб, тарбияи насли наврасу солиму комил назаррас ва ҳалкунанда хоҳад буд.
Зан пеш аз ҳама модар, тарбиятгар, рамзи покиву муҳаббату садоқатмандист ва вай дар масъалаи муносибат, эҳтиром, гуфтору рафтор бояд эҳтиёткор бошад. Агар дар ниҳоди зан худҳимоякуниро тарбия накунем, пешравиро интизор шудан амри маҳол аст. Бояд худро аз ҷамъият канор нагираду дар ҳама ҷой мавқеи худро дошта бошад, соҳиби маданияти воло ва донандаи таърихи куҳани диёру аҷдод бошад.
Ба Марям Исоева Худованд чеҳраи зебову бегазанд, қомати мавзуну баланд, хираду тафаккур, муҳаббату таҳаммул, овози дилнишинро бо симои гарму дили нарм арзонӣ доштааст. Тавре ки худ нақл мекунад, хислатҳои хубро аз қаҳрамонҳояш омӯхтааст.
Ба иншои ин сатрҳо маро як суҳбати ин ҳунарпеша бо журналисте такон дод. Вай мегуфту ман шунида торафт дар ҳайрат мешудам ва саволҳое дар сарам пайдо мешуданд: «Наход?! Ба сари як зан – ҳунарпешае, ки як умр барои халқу кишвараш хидмат кардааст, ин қадар бало биборад? Эй, войи мо!»...
Дарёфтам, ки чеҳраи ҳунарии пуртазодест. Аз як тараф саршиносу офарандаи беҳамтои нақшҳои модар ва зани тоҷик ва аз тарафи дигар чеҳраи сиёсӣ, ки саропо аз ҷаҳду талош ва мубориза иборат аст. Дурӯғ ва хиёнатро таҳаммул карда наметавонад.  Диққати маро бештар ҳақиқатҷӯйиҳои ӯ ба худ мекашид, дар ҷомеаи каҷрафтор ҳидоятгари ҳақиқат буд. 
Дар замони ҷанг барояш ҳузновартарин ин буд, ки 12 тан наздиконашро аз даст дод. Зарбаи муҳлик он буд, ки дар як вақт духтару домод ва набераи ширинашро гум кард. Маъюс гашт. Дигар ягон чиз ӯро наметавонист ба саҳна баргардонад, ба ҷуз ягона орзуе, ки духтари нокомаш дошт, яъне таъсиси Созмони кӯдаконаи «Гули умед». Сабру таҳаммулҳояш мушкилотро осон карду ба талхиҳо шаҳд бахшид.
Соли 1994 ба хотири духтари зиндаёдаш ин созмонро таъсис дод. Кӯдакони боистеъдодро ҷалб карда, намоишҳо ба саҳна мегузошт. «Гули умед» аввалин театри кӯдакона дар қаламрави Тоҷикистон буд. То ин замон Тоҷикистон ҷумҳурие буд, ки театри бачагона надошт. Худи Исоева барои ин театр даҳҳо асар навишта ба хонаи маъюбон, ятимхонаҳо, интернатҳо рафта, барои ташнагони меҳр нақшҳо офаридааст. Бо ин ӯ собит кард, ки ин қишри аҳолӣ низ қисми ҷудонашаванда ва соҳибҳуқуқи ҷамъият аст. Дар ҷашни 20-солагии ЮНЭСКО бо театри кӯдаконаи худ ширкат карда, яке аз ҷоизаҳоро ба даст даровард.
Мутаассифона, нагузоштанд, ки фаъолияти баҳри ҷомеа муфидашро давом диҳад, яъне театр баста шуд. 
Ӯ як умр мегуфт, ки театр хонаи якумаш аст, на дуюм. Вай фарзанди шуҳратёри диёр ва ҷаҳони санъат аст, аммо аз хонаи аввалину асосияш дур карданд. 
Марям Исоева чизи аз ҳама муҳимро ҳифз кард, обрӯву эҳтироми мардумро.
Ӯ аз хурдӣ китобхон буд.  Ҳатто дар торикиҳо илоҷе пайдо карда китоб мехонд. 
Ҷасорат дар ниҳоди ӯ шояд аз падараш гузаштааст. Аз нақлҳояш бармеояд, ки падари энсиклопедист-донишманди пурдидае доштааст.  
Марям Исоева дар саҳнаҳои бузург нақшҳои марказӣ, драмавӣ, лирикиву мазҳакавиро бозидааст. Ба ақидаи вай, театр минбарест, ки ба воситаи он мешавад бисёр корҳои бузургро амалӣ сохт. Намоишҳои театрӣ ҳатман бояд одамро бедор кунанд, задухӯрдҳо дошта бошанд. Вай аз намоишномаҳои хушк парҳез дорад. Ба фикри ӯ, касби санъаткор заҳматталаб аст ва санъаткор бояд ҳамеша заҳмат кашаду муттасил ҳунарашро сайқал диҳад. Ӯ тамоми фаъолият ва заҳматҳои хешро сарфи некӯаҳволӣ ва саодатмандии халқи азизи худ ва тарбияи шогирдони садоқатманд намудааст, ки аксари онҳо дар саҳнаҳои ватаниву байналхалқӣ маъруфу машҳур гаштаанд. 
Шогирдони ҳунарпеша нисбаташ ҳамеша меҳрубон буданд. Ӯ фахр мекунад, чунин шогирдон дорад.  

Амина ШАРОФИДДИНОВА, 
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: