ДИЁРИ ГУНОГУНМИЛЛАТ

Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ

16 ноябри соли 1995 дар сессияи 28-уми ЮНЕСКО «Изҳороти тамоилҳои таҳаммулпазирӣ» қабул гардида буд, ки  аз он рӯз инҷониб ин сана ҳамчун Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ  ҷашн гирифта мешавад. 

 

Тавре ки маълум аст, дар мамлакати мо масъалаи дӯстии халқҳо ва ризоияти байнимиллӣ дар дараҷаи сиёсати давлатӣ қарор дорад, ки ин омили асосии аҳлу тифоқ умр ба сар бурдани беш аз 100 намояндагони миллату халқиятҳо мебошад. Дар Сарқонуни Асосиамон бошад, масъалаи  омӯхтани забон, таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва эътиқод намудани намояндагони миллатҳо ба дину оини интихобнамудаашон бо моддаҳои  дахлдор мустаҳкам карда шудааст. 
Бо ташаббуси роҳбари давлатамон Ш. Мирзиёев «30-июл – Рӯзи дӯстии халқҳо» эълон гардид ва ба ин муносибат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсис намудани Рӯзи дӯстии халқҳо» қабул карда шуд.
Аз аввал миллат ва халқиятҳое, ки дар саросари мамлакатамон умр ба сар мебаранд, бо фазилатҳои неки инсонии худ шуҳратманд гардиданд. Меҳрубонӣ ва таҳаммулпазирии оилаи Шоаҳмад Шомаҳмудовро, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон 16 нафар фарзандони миллатҳои гуногунро ба тарбияашон гирифта,  сарубонӣ карданд, аксар то ҳол бо хушнудӣ ба ёд меорад...
Аз 10 то 17 ноябри соли ҷорӣ дар мамлакатамон Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ эълон гардид, ки мақсад аз он гиромидошти шахсоне, ки инсондӯстиву кушодадилиро тарғиб менамоянд ва бо чунин ғояву фазилатҳои неки инсонӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад.
Ҳафта бо ҷамъомади пресс-клуби байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Ӯзбекистон – кишвари таҳаммулпазир» оғоз ёфт, ки дар он намояндагони  конфессияҳои динӣ низ ширкат варзиданд. Иштирокдорон ба пояи ёдгории Истиқлолияти боғи Ӯзбекистони Нав гулчанбар гузоштанд. Он рӯз дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон намоишгоҳи китобҳо таҳти мавзӯи «Ӯзбекистони Нав аз китоб ва китобхона оғоз меёбад» кори худро оғоз намуд, ки  то интиҳои ҳафта идома меёбад.
Дар рӯзи дуюм дар меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» маросими бо мукофти давлатӣ ва  нишони сарисинагии «Таҳаммулпазирӣ»  сарафроз намудани ҳамкорони хориҷӣ ва шаҳрвандоне, ки ҳиссагузори таъмини таҳаммулпазирии байни миллатҳо мебошанд баргузор гардид. 
Аз барномаи Ҳафта намоиши расмҳо бо номи «Кишвари таҳаммулпазир», конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Таҳаммулпазирии динӣ ва байни миллатҳо – омили асосии ҳамкории самарабахш»  ва гала-консерти намояндагони санъат ва маданият таҳти мавзӯи  «Оҳангҳои таҳаммулпазирӣ» ҷой гирифтааст. 
Инчунин,  баргузор намудани озмуни иншо ва расмҳо дар байни хонандагони мактабҳои миёна, мушоира ва суҳбатҳои мизи мудаввар байни донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, намоиши филмҳои бадеиву ҳуҷҷатӣ, тариқи телевизиони миллӣ, ки ғояи сулҳдӯстӣ, меҳмондӯстӣ ва инсонпарвариро таҷассум менамояд, пешбинӣ шудааст.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: