САМАРҚАНД БА ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ XVI АВРУОСИЁ МИЗБОНӢ МЕКУНАД

2-3-юми ноябри соли ҷорӣ дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Silk Road Samarkand» бо ташаббуси Иттиҳодияи ғайритиҷоратии «Авруосиёро идрок менамоем»-и Италия ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Форуми иқтисодии XVI Авруосиёи Верона гузаронида мешавад.

Анҷуман ба рушди тиҷорат нигаронида шуда, барои мулоқоти озод, робитаҳои тиҷоратӣ ва музокирот байни тадбиркорон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Дар чорабиниҳо, ки ду рӯз идома меёбад, роҳбарони ширкатҳои бузурги Аврупо ва Осиё, ниҳодҳои молӣ, арбобони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, мутахассисон, дипломатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии даҳҳо кишвари ҷаҳон иштирок  ва масъалаҳои гуногуни тиҷоратӣ ва ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард.
Ба форуми мазкур ташрифи  қариб ҳазор иштироккунанда аз даҳҳо кишвар, аз ҷумла, ҳайатҳои тадбиркорони бузурги итолиёвӣ, ки ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ бо Ӯзбекистон ва роҳандозии ҳамкориҳо бо тадбиркорони ӯзбекистонӣ ҳавасманданд дар назар аст.
Дар доираи барномаи фарҳангӣ баргузории фестивали филмҳои итолиёвӣ, консерти ҳунармандони «Ситораҳои Сан-Ремо»-и Италия пешбинӣ шудааст.  Инчунин, намоишгоҳи маҳсулоти сафолии бародаршаҳрҳои таърихӣ — Флоренсия ва Самарқанд ташкил карда мешавад.
Ёдовар мекунем, ки форум аз соли 2007 ин ҷониб дар шаҳри Веронаи Итолиё мегузарад.  Соли гузашта мизбони ин чорабинӣ Бокуи Озарбойҷон буд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: