Сафари Президент ба вилояти Сурхондарё оғоз ёфт

  • Сафари Президент ба вилояти Сурхондарё оғоз ёфт

Президент Шавкат Мирзиёев 13 март ба вилояти Сурхондарё омад.

Сарвари давлат сафари худро аз зиёрати мақбараи олими диншинос Ҳаким ат-Термизӣ оғоз кард.

Аз даргоҳи Худованди мутаъол ба кишварамон сулҳу оромӣ, ободиву шукуфоӣ хоста, дуо хонда шуд.

Дар сӯҳбат бо арбобони дин дар бораи шароите, ки барои рушди илму маориф, таъмини озодиҳои динӣ фароҳам оварда мешавад, сухан рафт. Зимнан зикр гардид, ки дар солҳои охир барои мусулмонон ҷиҳати озодона адо намудани маросимҳои динӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст: масҷиду мадрасаҳои нав сохта, маҷмааҳои илмию таълимӣ бунёд гардида, ҳамасола ҳазорон ҳамватанони мо ҳаҷ ва Умраро зиёрат мекунанд.

Қайд карда шуд, ки ба мардум расонидани моҳияти ин корҳо ва нури маънавиёт вазифаи асосии имрӯз аст. Таъкид гардид, ки имом-хатибон, пеш аз ҳама, ба ҳудудҳо сафар карда, мероси Ҳаким ва Имом Термизӣ, Имом Бухорӣ, Имом Мотуридӣ, Бурҳониддини Марғилонӣ, Абу Муин Насафӣ ва дигар олимони бузургро ба таври мунтазам омӯзанд. Барои ин пешниҳод шуд, ки барномаи алоҳида тартиб дода шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: