Аввали баҳори соли 1980.
Аввали баҳори соли 1980. Замин сабзапӯш буду сарсабз. Бӯйи гулу баргҳою муғҷаҳои навшукуфтаи дарахтон ва рустаниҳои гуногун ҳаворо басо тарабангезу ҳаловатбахш менамуданд. Арӯси сол даврон дошт. Аз зебоию таровати табиати дилошӯб қалб ба шӯр омада, касро илҳоми ишқ фаро мегирифт.
Ман ҳам он вақт хеле ҷавон будам.
Ана дар ҳамин хел як рӯзи пурфайзи баҳор аз Кӯлоб азми сафари Душанбе кардам.
Ҷойи нишастам дар миёнҷои қатори тарафи рости автобус буд. Ҳамроҳам, ҷавони ҳаждаҳ-бистсола чашм аз хоб намекушод. Дар курсиҳои пеш аз мо кампиру мӯйсафеди тахминан шасту панҷ-ҳафтодсола нишаста буданд.
Автобус бо як маром пеш мерафт.
Баъди мутолиаи чанд саҳифаи китобе ба ҳамсафарон, махсусан ба кампиру муйсафеди пеш аз мо нишаста зеҳн мондам. Албатта, одам зеботарин офаридаи Худованд аст ва дидори вай бисёр шавқангезу дилчасп. Монанди ҳайвоноту растанӣ ва чизҳои дигари табиат одам пурра аз ин ватану ин табиат нест. Вай олами рӯҳонӣ дорад ва осмонисту пурасрор. Агар аз таҳи дил наззора намоӣ ва аз олами қалбаш заррае огаҳӣ ёбӣ, бешубҳа, ба завқ омада, ба бузургии Одам ва қудрати Холиқи ӯ тан хоҳӣ дод.
Мӯйсафед костуми оддӣ, вале нави ҳанӯз дарзмолнадида дошт. Дастони пурожангу обиладораш гувоҳӣ медоданд, ки ба меҳнати ҷисмонӣ шуғл дорад. Мӯйи сару ришаш тоза тарошида ва дар сар тоқии чустӣ дошт. Мӯйлабаш аз ду тараф каме боло тоб додаву мошу биринҷ буд. Хеле боқувват метофт.
Кампир куртаи гулдори одии чандобшусташуда ва дар сар ҳамранги мӯйҳои сафедаш рӯймоле дошт, ки гирди сараш аз рӯйи русуми куҳнаи занони Кӯлоб печонида буд. Вақти ба автобус дохил шуданаш инчунин мушоҳида кардам, ки андоми бисёр камгӯшту нимҷоне дораду қоматаш хам задааст ва бо такя ба асои аз шохи кадом як дарахти маҳаллӣ сохташуда ҳаракат мекунад. Дар ангуштони дасти рости ӯ ду ангуштарии қадимаи бенигини нуқрагин ба чашм мерасид. Рӯйи гандумгуни кампир пурожанг буд. Вай аз мӯйсафед калонсолтар менамуд.
Мӯйсафеду кампир орому ба якдигар беэътибор буданд, кам сухан мегуфтанд. Дар нигоҳи аввал кас гумон мебурд, ки онҳо ба ҳамдигар бегонаанд. Аммо ман аз суханҳои парокандаашон фаҳмидам, ки зану шавҳаранд ва ба хотири хабаргирӣ аз духтару набераҳояшон Душанбе мераванд.
Кампир аз тирезаи автобус манзараҳои берунро тамошо мекард. Мӯйсафед оромона пеш менигарист ва баъзан пинак мерафт.
Ҳамин тариқ, манзараҳои гуногуну зебои табиатро паси сар карда пеш мерафтем.
Автобус бозистод. Ба ағбаи Чормағзак расида будем. Ин ҷо нисбати роҳи тайкардаамон аз сатҳи баҳр баландтар буд. Дар ин атроф сабза ҳар ҷо-ҳар ҷо нав сар баровардаву замин акнун аз зимистон раҳида ба оғӯши баҳор мегузашт. Мусофирон як-як аз автобус берун омаданд. Ман поён нашудам ва рафтори нотакрореро, ки фақат ба фарзанди одам хос аст, мушоҳида намудам.
Мӯйсафед оҳиста аз ҷояш бархеста, тарафи теппаи рӯ ба рӯямон, ба бодоми яккае, ки дар баландии даҳ-дувоздаҳ метр аз роҳ рӯидаву пур аз гул буд, нигоҳе кард ва баъди он назари нарме ба ҳамсараш дӯхту оҳиста аз роҳрави миёни нишастгоҳҳо сӯйи дари баромад рафт. Дар назди дар боз чашм ба кампираш давонду аз автобус поён шуд. Дар берун ӯ ба ҳеҷ кас эътиборе надод. Бо оромӣ ба боло, ҷониби он дарахти бисёр зебо қадам партофт. Он ҷо расиду лаҳзае таваққуф намуд ва баъд оҳиста аз ҷайби берунии костумаш кордчаеро бароварду шохчаи пургулеро аз навдаҳои поёнии бодом ҷудо ва онро бо ҳавсала бӯй карду ба поён равон шуд. Кампир кунҷковона ҳар як ҳаракати мӯйсафедро мушоҳида менамуд. Мӯйсафед дар даст шохчаи пургули бодом назди автобус омада, каме истод ва боз сӯйи кампираш нигоҳи пур аз меҳре дӯхта, оҳе кашид. Чашми кампир ҷониби дари даромад, сӯйи шавҳараш буд. Дарк кардан душвор набуд, ки ӯ дар ҳаяҷон аст. Гӯё чун ҷавоби оҳи кашидаи ҳамсараш, кампир ҳам оҳиста нафаси чуқуре баровард. Мӯйсафед дасти чапашро, ки бо он шохчаи бодомро гирифта буд, каме боло бардошта, ҷониби кампир ҳаракат кард. Кампир аз саросемагӣ асояшро фаромӯш карда, зуд аз ҷояш хестанӣ шуд, аммо аз нишастгоҳи пеш даст гирифта, фақат нимхез шуда тавонист ва дасти росташро сӯйи мӯйсафед дароз кард. Мӯйсафед шохчаи пургули бодомро ба кампираш дод. Чашмони онҳо бархӯрданд. Ин лаҳзаро наметавон ифода кард. Қалам дар ифодаи ин ҷилваи оташи ишқ оҷиз аст. Оё муҳаббат бесадост? Чӣ шуд? Гули бодом чӣ асроре дошт? Шояд вай гуле аз лаҳзаҳои ҷавонии онҳо буд ва ишқи ҷавониро дар дилҳояшон ба хурӯш овард. Намедонам.
Ҳама дар ҷойҳои худ нишастанд. Автобус оҳиста ҳаракат кард. Мӯйсафед бо як табассуми базеби зери лаб ва сари баланд роҳи пешро наззора мекард. Кампир баъди ба ҷояш нишастан шохчаи пургули бодомро бо як эҳтиёткориву нозукӣ дуру дароз бӯ кашид ва ба сӯйи мӯйсафедаш назари пурмеҳре афканду шохчаи пургули бодомро ба болои гӯши росташ ҳамоил намуда, оҳи чуқуре баровард. Ман дар рухсораи пурожанги ӯ қатраи ашкро мушоҳида намудам.
Ҳарду хомӯш буданд.
Баъди чанд дақиқаи роҳпаймоӣ дидам, ки кампир сари худро ба китфи мӯйсафедаш монда мехобид.
Як нигаҳ, як хандаи
дуздида, як тобанда ашк,
Баҳри изҳори муҳаббат
нест паймони дигар.
Автобус бо як маром пеш медавид. Баҳор салтанат дошт.
Наҷмиддин РАШИДОВ,
шаҳри ТИРМИЗ.