БОЗ ЯК КИТОБИ НАВ

Дар Душанбе китоби Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон, узви иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Аслиддин Қамарзода таҳти унвони «Донишнома – тазкираи суханварони тоҷики Ӯзбекистони қарни ХХ ва ибтидои асри ХХI» ба нашр расид.

Дар Душанбе китоби Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон, узви иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Аслиддин Қамарзода таҳти унвони «Донишнома – тазкираи суханварони тоҷики Ӯзбекистони қарни ХХ ва ибтидои асри ХХI» ба нашр расид.
Китоб бо дастгирии президенти Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар нашриёти “Дониш” чоп шуд.  
Китоб дар пайравӣ ба анъанаҳои тазкиранависии ниёгон интишор шуда, дар он ғайр аз ироаи маълумоти энсиклопедӣ дар бораи беш аз 600 нафар адибон, олимон, журналистон, омӯзгорони эҷодкор, инчунин  намунаҳо аз осори онҳо оварда шудааст. Гузашта аз ин, дар бораи фаъолияти марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва маҳфилҳои адабӣ, ки дар аксари мавзеъҳои тоҷикнишини ҷумҳуриамон ба роҳ монда шудааст, ба таври мухтасар маълумот мавҷуд аст.
Муаллиф ёдовар шудааст, ки дар қаламрави имрӯзаи Ӯзбекистон асрҳо боз мардуми тоҷиктабор зиндагӣ карда, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адабу фарҳанг ва рушду нумӯъи он саҳми пурифтихореро аз худ боқӣ гузоштаанд. Онҳо анъанаҳои Рӯдакии Самарқандиро давом додаанд. Рашидии Самарқандӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Малеҳои Самарқандӣ, Мулҳами Бухороӣ, Асириддини Ахсикатӣ, Хоҷа Исмат, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Мунзим, Садриддин Айнӣ ва дигарон аз ҳамин шумор мебошанд.
“Ибтидои солҳои 70-уми қарни гузашта ба шарафи 2500 солагии бунёди шаҳри Самарқанд олимон Тӯрақул Зеҳнӣ ва Садрӣ Саъдиев тазкирае ба номи “Суханварони Сайқали рӯи замин” таҳияву таълиф намудаанд, ки доир ба беш аз 200 нафар адибони самарқандӣ маълумот ироа шудааст ва намунаҳо аз эҷодашон тақдим гардидааст”, омадааст дар пешгуфтор.
Баъд дар бораи ду алломаи бузурги асри XV Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки дар рушди адабиёти зуллисонайн нақши муҳим гузоштаанд ва ба рушди ин намуди адабу фарҳанги ду миллати дӯсту бародар ҳусни оғоз бахшидаанд, маълумот дода шудааст.  
Қамарзода аз адибоне ёдовар шудааст, ки бештаринашон зодагони ин марзу бум ҳастанд ва бевосита дар Тошканду Самарқанд таҳсил намудаанд ва ба ҳайси адибону олимони намоён чи дар Тоҷикистон ва чи дар Ӯзбекистон ном баровардаанд. Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Раҳим Ҳошим, Холиқ Мирзозода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Обид Исматӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Баҳром Фирӯз, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Расул Ҳодизода, Шавкат Ниёзӣ, Юсуф Акобиров, Наримон Бақозода, Мутеъулло Наҷмиддинов, Саттор Турсун, Иноят Насриддин ва дигарон аз зумраи ҳамин адибону олимон муаррифӣ шудаанд.
Дар идома муаллиф дар бораи адибони муосир маълумот додааст, ки зодаҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ӯзбекистони соҳибистиқлол мебошанд ва ба забони тоҷикӣ эҷод мекунанд. Дар ин шумор номҳои Асад Гулзода, Аминҷон Шукуров, Ҷонибек Қувноқ, Адаш Истад, Салим Кенҷа, Ҳаёт Неъмат, Акбар Пирӯзӣ, Болта Ортиқзода, Маҳбуба Неъматзода, Бахтиёри Ҷумъа, Паймон, Бекназари Тӯйназар, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Ҷаъфари Муҳаммад, Асадуллоҳ Шукурзода, Холбойи Ҷалил, Абдулло Субҳон, Нодир Нодирӣ, Муҳаммадҷон Шодӣ ва дигарон қайд гардидааст.
Ин китоби пурмуҳтаво дар ҳаҷми қариб сад ҷузъи чопӣ дар асоси  шартномаҳои равобити дӯстӣ дар бобати фарҳангу адабиёти байни Тоҷикистону Ӯзбекистон интишор ёфтааст ва басо арзишманд мебошад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: