Саҳари барвақт Сарвинозро аз хоби ноз падараш бедор кард.
– Хез, ҷони падар, берун барф аст, имшаб барф боридааст.
Сарвиноз муштоқи барфи аввал буд. Бинобар ин ҳар субҳ падар духтарашро бо суханони «хез, ҷони падар, барф боридааст!» бедор мекард. Ин субҳ, дар ҳақиқат барф борида буд. Барфи аввал. Аммо Сарвиноз ба суханони падараш бовар накарда, ба дигар паҳлӯ гашту боз хоб кард. Баъд аз чанд лаҳза падар хост рост будани суханашро исбот кунад, аз ин рӯ ба рӯйи ҳавлӣ баромаду аз барф тӯбчае сохт ва ба хона даромад. Тӯбчаро ба рухсораи духтараш гузошт. Сарвиноз чашмонашро кушоду дар дасти падараш барфро дид ва гуфт:
– Ман гумон кардам, ки шумо боз маро фиреб медиҳед.
– Ӯ зуд аз ҷойгаҳаш хесту ба назди равзана давид. Аз он ҷо саҳни ҳавлӣ намудор буд. Зебоии берун чашмони ӯро бурд.
– Падарҷон, ман бояд барфинома нависам, ба ман кӯмак мекунед?
Падараш аз суханҳои духтар ба ҳайрат монда гуфт:
– Ту барфинома менависӣ?
– Ҳа, падарҷон, барфинома.
– Онро ба кӣ мебарӣ?
– Ба амакам.
– Ба амакат, – падараш табассуме кард.
Сарвиноз ба табассуми падараш аҳамият надода, аз паси қаламу коғаз шуд.
Падару духтар ба навиштани барфинома оғоз намуданд:
Барф меборад ба фармони Худо,
Барфӣ аз мову зиёфат аз шумо.
Зарра-зарра барф меборад сафед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.
Сандалиро гарм созед аз алав,
Ширбиринҷу бо зағир оши палав.
Нонҳои кунҷитии қуббадор,
Себу ангуру мавизу ҳам анор...
– Ана барфинома ҳам тайёр шуд, – гуфт падар. – Акнун онро ба амакат чӣ хел мебарӣ?
Сарвиноз дилпурона гуфт:
– Мебараму ба амакам медиҳам ва мегӯям, ки ба шумо мактуб омадааст.
Падар аз суханҳои духтараш завқ карду гуфт:
– Боз хиҷолат нашавӣ, духтарам.
Сарвиноз, ки аз боридани барфи аввал хеле хурсанд буд ва оқибати ин бозиро намедонист, ба суханони падар гӯш надод. Барфиномаро ба дохили лифофа андохту ба падараш гуфт:
– Ба ман барори кор хоҳед.
Модари Сарвиноз ба сухан ҳамроҳ шуд:
– Духтарам, эҳтиёт шав, боз «ба даст наафтӣ», ки шарманда шавӣ, амакатро медонӣ...
– Модарҷон, ин як ҳазли барфи аввал-дия, бояд барфи аввалро бо хурсандӣ ва ҳазлу шӯхӣ пешвоз гирем...
Ҳавлии амакаш ба ҳавлии онҳо наздик буд. Барфи нуқрагин бо шиддат меборид. Сарвиноз ба хона даромаду янгаашро дар болои ҷойнамоз дид. Амакаш дар боли кат масти хоб. Сарвиноз назди амакаш рафта, ӯро бедор кард.
– Амак, ҳой амак!
Амакаш бо оҳанги хос:
– Ҳимм, чӣ мегӯӣ? – гӯён аз як паҳлӯ ба дигар паҳлӯ гашт.
– Амак, ба шумо аз директори мактаб мактубе омадааст.
Амакаш дасташро дароз карда, мактубро гирифту ба рӯйи болин гузошт ва ҳатто чашмонашро накушода боз хоб рафт. Сарвиноз роҳи «гурезро» пеш гирифт. Вақте ба даҳлез баромад, овози янгааш баромад, ки мегуфт:
– Дадеш, хезед, ӯ ба шумо барфинома овард.
Аз ин суханҳои янгааш ба ҳаяҷон афтода, Сарвиноз ҳаракаташро тезонид. Ӯ ҳоло дар айвонча буд, ки дари даҳлези амакаш ба шаст кушода шуд. Сарвиноз як пойафзолашро пӯшиду пойафзоли дигарро напӯшида роҳи гурезро пеш гирифт. Амакаш бо пойҳои луч барфинома дар даст аз қафои Сарвиноз медавид. Аз саросемагӣ Сарвиноз лағҷиду ба замин афтид. Амакаш бо овози ҳазл:
– Ана, ба дастам афтидӣ, акнун аз худат гила кун, – гуфта буд, ки пойи ӯ ҳам лағжиду ба даруни кӯлмаки об зад. Ҳамин тавр, ғалтону хезон ҳарду дохили ҳавлии падари Сарвиноз шуданд.
Сарвиноз аз ғолибияти худ мамнун буд ва ба ҳоли амакаш механдид...
Аҷаб расми хуб аст, ин расми тоҷикӣ...
Шукуфа ХИДИРОВА,
омӯзгори мактаби рақами 51-уми ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.