Мукофот вожаи арабӣ буда, дар фарҳангҳо ба маънои он чӣ дар бадали чизе пардохта мешавад; подош ва сазои амал (хоҳ нек бошад, хоҳ бад) омадааст.
Мукофот вожаи арабӣ буда, дар фарҳангҳо ба маънои он чӣ дар бадали чизе пардохта мешавад; подош ва сазои амал (хоҳ нек бошад, хоҳ бад) омадааст. Шоире ба ин маънӣ фармудааст:
Аз мукофоти амал ғофил
машав,
Гандум аз гандум
бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Ҷазо низ вожаи арабист. Дар шарҳи он омадааст: подош, сазо, мукофоти некӣ ва бадӣ (ФЗТ, ҷ. 2, саҳ. 768).
Бо аҳли ҷафо вафо
раво нест,
Подоши ҷафо ба ҷуз
ҷафо нест.
(Абдураҳмони Ҷомӣ).
Вале аз чӣ бошад, ки имрӯз вожаи мукофотро ба маънои туҳфа, бахшиш, ҳадя; вожаи ҷазоро бошад, ба маънои танбеҳ, таъзир, сарзаниш мефаҳманд.
Мукофот ё ҷазо, бино ба таълимоти динӣ, индунёӣ ва ондунёӣ мешавад. Мукофоти индунёиро, хоҳ ба ивази амали нек бошад, хоҳ бад, дар баробари бандагон ба бандагон додан, Худо низ ба бандаҳояш медодааст.
Мукофоту ҷазодиҳӣ аз ҷониби банда ба банда аз давлати кӯчак — оила оғоз меёбад. Ин мукофотро қабл аз ҳама падару модарон, ба ивази рафтор, кирдор ва гуфтори нек ё бадашон, ба фарзандон медиҳанд. Мукофот ё ҷазои саривақтӣ дар тарбияи фарзандон, дар маҷмӯъ тарбияи инсон, басе судманд аст. Мукофот ба амали некро рағбатноксозӣ низ гӯянд. Танҳо дар додани мукофот, хоҳ ба рафтору кирдори нек бошад, хоҳ бад, бояд мизони адолат риоя шавад. Риоя нашудани мизони адолат бобати додани мукофот харобиҳои зиёди маънавӣ дар пай дорад. Харобии моддиро метавон барқарор кард, вале барқарор кардани харобии маънавӣ душвор аст...
Падарам сахтгир буд. Мукофоти амали неку бади мо — фарзандонро саривақт медод. Вақте кори ношоистае: мисли дуздӣ, ноҳақ озор додани касе, анҷом надодани кору вазифа... содир мекардем, химчакорӣ низ мекард. Ба инҷониб низ ба ивази корҳои ношоистаам, чанд бор «мукофот» додааст. Мо ба ивази корҳои некамон низ аз ӯ мукофот мегирифтем. Як «офарин»-и ӯ беҳ аз чанд мукофоти пулӣ буд. Ёдам ҳаст, овони наврасӣ ба ивази захираи кофии хошок барои зимистонгузаронии чорво, ӯ ба ман велосипеди «Урал» харида буд.
Имрӯз аз ӯ сипосгузорам, ки подоши амалҳои бадамро низ саривақт дода будааст. Ҳамаи ҷазоҳояшро фаромӯш кардаам. Вале як ҷазояш, ки ноҳақ буд, дар ёдам мондааст.
Тобистон дар ҳавлӣ саргарми коре будам, ки падарам савори асп дар дами дарвоза пайдо шуд. Чеҳраи гирифта дошт. Аспро дар ҷойи одатиаш басту маро наздаш хонд. Химчаи тари дасташ дар дилам бим афканд. Дастамро гирифту гуфт: «Чаро ба боғи кампири Чинӣ ба дуздӣ даромадаӣ?». Гуфтам: «Кай, кадом кампири Чинӣ?». Ба суолам ҷавоб надоду маро то сари кӯча кашон-кашон бурд. Дар тарафи рости сари кӯча хонаи пастаки бомаш гилине вуҷуд дошт. Вақте вориди ҳавлӣ гардидем, дидам, ки кампири тақрибан 70-75 солае таги воиши ток саргарми чидани сарҳои ангури хом буд. Падарам ба ӯ садо баланд кард: «Хола, дар байни бачаҳо ин ҳам буд?». Кампир ба ман наздик шуду гуфт: «Амонуллоҷон, чашмам рӯшан намебинад. Яке аз он бачаҳо низ мисли писари ту дар сар мӯй, дар тан майка дошт. Назанаш, инҳо бача. Вале сарҳои ангури норасидаро канда, ба замин афканданашон убол». Падарам, баъди гумонбарии кампир, ба гиряву лобаҳоям нигоҳ накарда, маро химчакорӣ кард. Дертар маълум шуд, ки дуздон бачаҳои гузари ҳамсоя будаанд...
Мукофоту ҷазодиҳӣ дар овони мактабхонӣ низ буд. Дар мактаб бобати додани мукофоту ҷазо адолати иҷтимоӣ на ҳамеша риоя мешуд. Ба хонандагони сазовори баҳои «3», ба хотири он ки падарашон дӯст ё хеши омӯзгоранд, баҳои «4» гузошта мешуд. Гоҳо хонандагоне соҳиби «Ифтихорнома» мегардиданд, ки аз дигарон бартарие надоштанд. Ҳолатҳое низ ба назар мерасид, ки ҷамоаи омӯзгорон писар ё духтари мудири қисми таълимӣ ё роҳбари мактабро ба гирифтани медали тилло, ё номаи камоли имтиёзнок тайёр мекарданд. Ин ҳолатҳо адолати иҷтимоиро зинда дар гӯр мекард, сабаби эътирози ботинии мардум мегардид. Зеро мардум бо он ақида ба сар мебурд, ки дар маъвои таълиму тарбия чунин каҷравиҳо ба вуқӯъ намепайванданд...
Сабабҳои фасоди ҷомеа кам нестанд. Фикр мекунам, яке аз сабабҳои он доираи танги ҷаҳонбинии баъзе инсонҳо, тарбияи нодуруст ва вуҷуд доштани фосилаи зиёд байни гуфтору амал мебошад. Мо тибқи матолиби китобҳои дарсӣ ба насли ҷавон панд медиҳем, дар соатҳои тарбиявӣ доир ба ахлоқи ҳамида вазъ мехонем, вале худ амал намекунем... Ин аст, ки маризии гуфтану накардан, худгароӣ ва каҷравиҳо дар маъвои таълиму тарбия ба ҷамъият сироят мекунад...
Ба хотири пешрафту тараққиёт дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ ба шаҳрвандони ҳар як мамлакат низ, барои дастовардҳо дар соҳаҳои мухталиф, мукофоти амал дода мешавад. Онҳоро бо унвону ҷоизаҳои гуногун сарафроз мегардонанд. Подоши кору рафтори ношоистаашон дар намуди огоҳӣ, ҷарима, сабукдӯшкунӣ аз кору вазифа, маҳрумкунӣ аз озодӣ... дода мешавад. Дар мо дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ гоҳо бобати додани мукофоти амал адолати иҷтимоӣ риоя намешавад. Бино ба тавсияи баъзе роҳбарони корхонаву созмонҳо, ба ҷойи ходимони фаъолу чашмикордон, ба кормандоне ҷоизаву унвон дода мешавад, ки тавону салиқаи корбарӣ надоранд. Мукофотро ба ивази тамаллуқкорӣ ва роботвор иҷро кардани амру хоҳишҳои роҳбари корхона мегиранд. Роҳбари калон, бехабар аз ин ҳолат, бино ба тавсияи роҳбарони поён зери фармони ба мукофот пешниҳодшудагон имзо мегузорад. Ин гуна роҳбарон бо ин кори худ пояҳои эътимоду эътиқоди шаҳрвандонро ба раёсати давлат ва оянда суст мегардонанд... Таҷрибаи чанд даҳсолаи охир нишон дод, ки дар соҳаи суду прокуратура низ адолати иҷтимоӣ на ҳамеша риоя шудааст. Нафароне ба ҷазо маҳкум шудаанд, ки ҷинояташон на он қадар вазнин будааст...
Тақводорон бар онанд, ки мукофоту ҷазои ҳақиқӣ мукофоту ҷазои ондунёист. Шояд барои ба роҳи некӣ раҳнамун сохтани мо — фарзандон бошад, ки модарам гоҳо мегуфт: дар ду китфи инсон ду фаришта қарор дорад. Фариштаи китфи рост кору амалҳои неки инсонро дар дафтараш қайд менамояд, фариштаи китфи чап — кору амалҳои бади инсонро. Баъди марг Худо ба инсонҳо, бино ба аъмолашон мукофот медиҳад. Агар кору амали некашон бисёр бошад, дари биҳишт ба рӯяшон боз мегардад. Вале агар кору амали бадашон зиёд бошад, Худо ба рӯяшон дари дӯзахро мекушояд. Биҳишт боғи сабзу хуррамест, ки обҳои шаффоф аз байни дарахтонаш ҷорист. Дӯзах маъвою манзили тоқатфарсое пуроташ бошад...
Чунин нақлҳо моро аз кору амалҳои бад бозмедоштанд. Фикр мекунам, агар мукофот ва ҷазои индунёӣ ба ивази кору амали нек ва бади шаҳрвандон одилона дода шавад, ба тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷомеаи инсонӣ заминаи мусоид фароҳам меояд.
А. СУБҲОНОВ.