БИНОИ ТЕАТРИ «ҚӮҒИРЧОҚ» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Дар шаҳри Қаршӣ, бинои комилан замонавии театри «Қӯғирчоқ» сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими тантанавии кушодашавии он ҳокими вилоят Муротҷон Азимов ва як қатор намояндагони соҳаи санъат ва маданияти қаламрав ширкат варзиданд. Ин бинои муҳташам бар ивази 25 миллиард сӯм сохта шуд.
Гуфта мешавад, театри «Қӯғирчоқ» 29 сол муқаддам аз ин соли 1994 ташкил шуда, барои ривоҷи ин намуди санъат хидмати арзандае кардааст. Аммо то кунун як бинои алоҳида надошт ва мавҷудияти ҳамин мушкил ходимони онро дарбадар ва хеле нигарон карда буд. 
– Акнун кормандони театри «Қӯғирчоқ» ба орзуи дерини худ расиданд ва умедворем, ки дар эҷоди асарҳои гуногун ва тарғиби санъати мондагор беш аз пеш ҳисса хоҳанд гузошт, – гуфт Муротҷон Азимов.
Раҳбари вилоят аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар сар то сари Ӯзбекистони Нав ба соҳаи санъат эътибори ҷиддӣ дода мешавад ва дар вилояти Қашқадарё низ як қатор корҳои хайре дар амал татбиқ мегарданд.     

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: