ОСОРХОНА – ОИНАИ АСРОРИ ТАЪРИХ

Солҳои охир дар Ӯзбекистон ба рушди фарҳанги миллӣ, бунёди таърихи нав, ҳифз ва тарғиби мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ, боз ҳам оммавӣ гардонидани фолклор ва санъати ҳаваскорӣ, ҳамгироии фаъоли фарҳанги миллӣ талоши зиёд ба харҷ дода мешавад.

Дар ин замина фаъолияти осорхонаҳо мисоли равшан мебошад.
Ҳар як осорхона маконе мебошад, ки аз тариқи экспонатҳо фарҳангу арзишҳои миллиро мунъакис мекунад ва ҳамчун пули байни миллатҳо хидмат менамояд. Дар баробари ин, нақши осорхона дар ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии мардум, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи муҳаббату садоқат ба Ватан низ бебаҳост. 
Бад-ин минвол, осорхонаҳо дар омӯзиши таърих, фарҳанг, тарзи зиндагӣ, анъана ва арзишҳои миллии ҳар як миллат, таблиғ ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он нақши созанда мебозанд. Барои ҳамин осорхонаҳоро ганҷи илмию маънавӣ ва маърифатӣ меноманд.  
Арзишҳои миллии мо наслҳои навраси кишварамонро ҳамчун инсони аз ҷиҳати маънавӣ баркамол, ватандӯсту инсонпарвар тарбия мекунанд. Ин арзишҳоро мувофиқи талаботи замон омӯхтан, ҷамъоварӣ кардан ва инкишоф додан лозим аст. Танҳо дар он сурат арзиши арзишҳои миллӣ боло хоҳад рафт. Истиқлолияти кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсӣ, фарҳангӣ гардиши куллӣ ба амал овард. Хусусан, барқарор намудани анъана ва арзишҳои миллӣ, омӯзиши мероси ғании ниёкон, дарки моҳият ва аҳамияти он барои ҷавонон усули нав касб менамояд. 
Имрӯз дар мамлакати мо осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар самтҳои гуногун фаъолият доранд. Меҳмон дар ҷараёни сафар ба вилояти Навоӣ, албатта, аз Осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанги вилояти Навоӣ дидан хоҳад кард. Дар ин маҷмаи бошукӯҳ сайёҳони маҳалливу хориҷӣ метавонанд бо таърих, фарҳанг, санъати кишвар ва вилоят шинос шаванд.
Осорхонаҳо ҳамчун як макони илми маънавию маърифатӣ пайваста инкишоф, таҳаввул ва дигаргун мешаванд. Мунтазам ғанӣ гардонидани захираҳои он, дар ҳолати пурра ба наслҳои оянда мерос гузоштани ашёву коллексияҳо ва нигоҳдорӣ аз ҳар яки мо масъулияти махсусро тақозо мекунад. 
Осорхонаҳоро мактаби одамони содиқи касби худ низ метавон арзёбӣ кард. Онҳо дар бораи сирру асрори ҳар як экспонате, ки ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ба таври дилписанд нақл мекунанд. Ин низ маҳорати хос ва дониши пурраро тақозо менамояд.

Гулчеҳра ҶУМЪАЕВА,
мудири шуъбаи Осорхонаи 
таърих ва фарҳанги 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: