Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Ӯзбекистон имкони гирифтани раводиди электронро боз кард

Акнун ўзбекистониён метавонанд раводидро онлайн тавассути портали махсуси Вазорати сайёҳии шоҳигарӣ ба даст оранд.

Бо ин раводиди бисёркарата шумо метавонед дар тӯли сол Умра анҷом диҳед ва дар саросари шоҳигарӣ  сафар кунед.  Раводиди электронӣ _ ҳаққи адои Ҳаҷ, зиндагӣ ва кор дар Арабистони Саудиро намедиҳад. 

Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони 8 кишвари дигар имкони гирифтани раводиди вурудро ба шоҳигарӣ тавассути портали раводиди электронӣ боз кард.  Шаҳрвандони ин кишварҳо инчунин метавонанд дар портали шоҳигарӣ ё сарҳад раводид гиранд.

Бинобар иттилои вазорати сайёҳии шоҳигарӣ, акнун шаҳрвандони 57 кишвари ҷаҳон метавонанд аз ин система, ки ба манзури тавсеаи додани раводид боз шудааст, истифода баранд.

Аз қатори ин кишварҳо Албания, ҷазираҳои Молдив, Озарбойҷон, Гурҷистон, Африқои Ҷанубӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон низ ҷой гирифтаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: