ҚАДАМИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

Қонуни Асосӣ – Конститутсияи Ӯзбекистон 31 сол муқаддам, 8-уми декабри соли 1992 қабул шуда буд.

 Ӯзбекистони аҳолии касирулмиллат тӯли ин солҳо дар асоси ҳамин конститутсия ҳаёт ба сар бурд, кишвараш ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи муносиби худро дарёфт. Дар Ӯзбекистон таҳкурсии давлатдории замонавӣ гузошта, ба низоми конститутсиявӣ шароит ба вуҷуд оварда шуд. Дар кишвар зиндагии осуда ва сулҳ таъмин гардид. 

Аммо зиндагӣ ҳамеша дар як маром давом намекунад. Хусусан, дар замони ҷаҳонишавӣ инкишофи ҷомеа тарзи нав ва нигоҳи навро ба ҳаёт тақозо мекунад. Баъди ба сари давлат омадани Шавкат Мирзиёев, хусусан, дар давоми 6-7 соли охир, инкишофи ҷомеа ба сатҳи сифатан нав баромад, дар илми сиёсатшиносӣ ибораи «Ӯзбекистони Нав» дохил шуд. Ӯзбекистон дар сиёсати ҳам дохилӣ, ҳам хориҷӣ ба комёбиҳои бузург ноил шуд, дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ислоҳоти амиқ дар амал татбиқ гардид. Мардуми кишвар аз насими демократия баҳраманд шуд, дар асоси усулияти Ш.М. Мирзиёев «Халқ на ба мақомоти давлатӣ, балки мақомоти давлатӣ бояд ба мардум хидмат кунад» бо мақсади кор бо арзу шикоят, муроҷиати халқ Қабулхонаҳои халқӣ дар сартосари мамлакат таъсис дода шуд. Қабулхонаҳои халқӣ дар 5-6 соли охир барои решакан намудани коғазбозию бюрократия, фармонбозиҳои аз ҳад зиёд саҳми бузург гузоштанд. Дар сохтори идораҳои ҳуқуқ ислоҳот гузаронида, бар зидди коррупсия мубориза мунтазам ба роҳ монда шуд. 
Шавкат Мирзиёев 6 сол пеш дар яке аз мулоқоташ бо мардум таъкид намуда буд: «Набояд фаромӯш кард, ки ҳаллу фасл намудани ҳар гуна мушкилоти шаҳрвандон яке аз вазифа ва ӯҳдадории асосии давлат дар назди мардум мебошад». Пас аз баррасию муҳокимаи умумихалқӣ Қонун «Дар бораи хидматҳои давлатӣ» қабул гардид. Дар кишвар дар бобати пуштибонӣ намудани соҳибкорӣ аз ҷониби давлат корҳои зиёд пиёда карда шуданд. 
Дар Ӯзбекистон барои таъмини озодии сухан ва матбуот қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори оммавӣ» зери таҳрири нав қабул карда шуд. Ба ҳалқаи муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ – институти маҳалла эътибори ҷиддӣ дода шуд. Ҳамин тавр, дар низоми суд, ҳуқуқ ва тартибот низ навсозиҳо ба амал омаданд. 
Роҳбарият дарвозаҳои кишварро барои дунё боз кард. Қабл аз ҳама, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таъриху тақдирашон аз қадимулайём муштарак аст, дар асоси принсипи «Ӯзбекистони Нав – ҳамсоягии нав» равобити хуши ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, Президент соли 2018 ба Душанбе ташриф фармуд ва зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кулли масъалаҳои ҳамкории ду кишвари ҳамсоя ва дӯстро баррасӣ карданд. Ва қариб ба 30 санади муҳими оиди ҳамкориҳои серҷанба имзо гузоштанд. Ҳамин тавр, дар таърихи муносибатҳои ду кишвар саҳифаи нав, марҳилаи нав оғоз ёфт. Чанд рӯз қабл нашрияи «Азия-плюс»-и Тоҷикистон хабаре эълон кард: «Соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 622 ҳазор нафар сайёҳон аз Ӯзбекистон ташриф овардаанд, дар айни вақт 1 млн. 400 ҳазор нафар сайёҳони тоҷикистонӣ ба сайру тамошои Ӯзбекистон омадаанд. 
Ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳо ҷараёни навсозиҳо бомуваффақият давом дорад. Ин дигаргунсозиҳо ва таҳаввулоти бузург дар арсаи дунё, ба замони нав ҳамоҳанг зиндагӣ кардан таҳрири ҷиддии Қонуни асосиро тақозо намуд. Аз ин боис бо ташаббуси Президент аз оғози соли 2022 ғояи ба Конститутсия дохил намудани тағйирот ва таҳрир ба миён гузошта шуд. 
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби аҳолии кишвар беш аз 220 ҳазор пешниҳодот ба комиссияи конститутсионӣ расиданд. Дар аснои таҳияи Қонуни конститутсионӣ беш аз 400 ҳуҷҷати СММ, САҲА, СҲШ, Созмони давлатҳои туркӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, конститутсияи қариб 190 давлати дунё мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ бо иштироки васеи коршиносон ва мутахассисони хориҷӣ чанд маротиба муҳокима шуд, аз 10 экспертиза гузашт, онҳо низ ин лоиҳаро маъқул донистанд. 

Дар лоиҳаи қонун оид ба мақоми ҳуқуқии давлати Ӯзбекистон меъёрҳои қатъӣ дохил карда шудааст. Бори аввал дар Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ будани Ӯзбекистон ҳамчун қоидаи тағйирнопазир мустаҳкам карда шудааст. Ин меъёр ба идома додани ислоҳоти ба усулияти «Барои қадри инсон» асосёфта ва таъмини бартарию устувории қонун нигаронида шудааст. Ӯзбекистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳамсоягии нек ва ҳамкории стратегӣ содиқ хоҳад монд. 
Сенаторон осон набудани «об кардани ях»-ро, ки дар муносибатҳоямон бо ҳамсоягон тӯли 25 сол вуҷуд дошт ва ин сиёсат идораи бузурги сиёсӣ тақозо карданашро таъкид карданд. Танҳо дар натиҷаи ҳаллу фасли муаммои сарҳад бо Қирғизистон дар тӯли 30 сол ба беш аз 2 миллион нафар аҳолии водӣ имкон дод, ки аз ҳоли наздикон ва хешу таборашон озод хабар гиранд. 
Моҳияти асосии Конститутсияи ҷадидро бар дӯши давлат гузоштани ӯҳдадорию вазифаи олии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад. 
Дар лоиҳаи қонун меъёрҳои оид ба ҳуқуқи инсон бар асоси принсипи «инсон – ҷомеа – давлат» қариб 3,5 баробар зиёд шудааст. Хусусан, ҳуқуқу озодиҳои ҳар касе, шахсе, масалан сир доштани маълумот дар бобати мукотиба, дахолатнопазирии шахсӣ, дар мавриди гуфтугӯйи телефонӣ, почта, хабарҳои электронӣ, танҳо бар асоси қарори суд ин ҳуқуқ маҳдуд шуданаш ва дигар нормаҳое, ки дахолатнопазирии ҳуқуқи шахс ва монанди инҳо ҳамчун нормаи муҳим дохили ин лоиҳа шудаанд. 
Аз тарафи давлат фароҳам намудани истифода аз шабакаи ҷаҳонии Интернет барои аҳолӣ бори нахуст дар Конститутсия муқаррар шудааст. 
Дар лоиҳа нишонаҳои давлати иҷтимоӣ, ки мақсад аз он таъмини адолати иҷтимоист, ифода ёфтааст.
Дар Конститутсияи таҳриршуда инчунин дигар ӯҳдадориҳою вазифаҳои давлати иҷтимоӣ оид ба такмил додани таъмини шуғли аҳолӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи ҷавонон, мақоми сохтору институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳаи ҳуқуқ баён ёфтаанд. 
Аҳолии Ӯзбекистон чуноне ки дар оғози мақола гуфтем, касирулмиллат аст. Дар моддаи 4-уми Конститутсия зикр шудааст, ки «Забони давлатии Ӯзбекистон забони ӯзбекист. Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳтиром намудани забон, расму оин ва анъанаҳои қавму миллиятҳоеро, ки дар қаламрави он истиқомат доранд, таъмин мекунад, барои инкишофи онҳо шароит фароҳам меоварад». 
Яъне, барои равнақи анъанаҳои миллӣ, забон ва маданияти намояндагони беш аз 130 миллати маскуни Ӯзбекистон шароит фароҳам оварда мешавад. Қобили қайд аст, ки барои тоҷикони Ӯзбекистон дар кишвар ба забони модариашон дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳияҳо рӯзномаҳо, маҷаллаи адабии «Дурдонаи Шарқ», инчунин барномаҳои телевизиону радио, дар пойтахт ва маркази чандин вилояту ноҳия марказҳои миллию фарҳангии тоҷикон амал мекунанд. 
Хулласи калом, таҳрири нави Конститутсия барои мустаҳкам намудани пояҳои давлати ҳақиқии мардумпарвар, ки таъмини зиндагии осоишта ва хуби мардум, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, қадру қиммати онро кафолат медиҳад. Ва барои ба сатҳи нав баромадани рушди Ӯзбекистони Нав санади муҳимтарини ҳуқуқӣ шуда хидмат менамояд. Тибқи қарори Сенати Олий Маҷлис «Дар бораи гузаронидани референдуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба лоиҳаи Қонуни Конститутсиявии перомуни Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» 30-юми апрели соли 2023 дар мамлакат референдум баргузор мешавад. 
Агар ин Қонуни конститутсиявӣ ба воситаи референдум бо иштироки аксарияти аҳолӣ қабул шавад, мамлакат, аҳолии он ояндаи дурахшони зиндагиро умедворанд, зеро Конститутсия замонати ҳуқуқии рушди ҳар як кишвар аст. 

Шоқаҳҳор САЛИМОВ, 
узви Иттифоқи журналистони 
Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: