ТАРҲРЕЗИИ РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

Нахустшумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» бо номи «Овози тоҷики камбағал» ба ҳайси ношири афкори Кумитаи ҳизби коммунистии Туркистон, 25 августи соли 1924 дар ҳаҷми чор саҳифа, бо адади 2 ҳазор нусха дар шаҳри Самарқанд аз чоп баромад.

Муҳаррири масъули он Абдуқаюми Қурбӣ ва котиби масъул Саидризо Ализода буданд. Тибқи тадқиқоти муҳаққиқон дар шумораи аввали «Овози тоҷики камбағал» мақолаҳои Саидризо Ализода «Дебоча ва маром», Садриддин Айнӣ «Қавми тоҷик ва рӯзнома», Абдуқаюми Қурбӣ «Рӯзнома чист?» ба табъ расиданд. 

 

Устод Айнӣ дар мақолаи мазкур навишта буд, ки «акнун, ки қавми мо забон баровардааст, метавонад, ки ҳама даркориҳои худро ба рӯзномаи худ нависад, акнун метавонад аз аҳволи олам бохабар шавад, акнун метавонад дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, ки ба забони тоҷикист, ба ҳар кас во намояд».
Аз шумораи 9-ум «Овози тоҷики камбағал» номи «Овози тоҷик»-ро гирифт. Аз ҳамин шумора нашри повести устод Айнӣ «Саргузашти як тоҷики камбағал ё Одина» шурӯъ шуд.
Бо таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон  (ҶМШСТ) , Бюрои ташкилии Ҳизби коммунист қарор кард, ки «Овози тоҷик» ба органи Бюрои ҳизбӣ ва Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон табдил дода, Абдуқаюми Қурбӣ муҳаррири масъули он таъин карда шавад. «Овози тоҷик» аз 4 июни соли 1925 ба органи Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи марказии Ӯзбекистон табдил ёфт. Ҳамин тариқ, «Овози тоҷик» дар пешбурди ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, маънавию фарҳангии халқи тоҷик, баҳри ташаккули худшиносии тоҷикони Ӯзбекистон нақши хеле муҳим дошту дорад. 
Соли равон ба нашри рӯзномаи «Овози тоҷик« сад сол пур мешавад. Дар кишвар ва бурун аз он ин ҷашн бо тантана ва бошукӯҳ пешвоз гирифта хоҳад шуд. 
Камина ба мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо маводи саҳифаҳои рӯзнома дар ҷустуҷӯйи шумораҳои рӯзномаи садсола шудам. Нахуст ба шуъбаи «Китобҳои нодир»-и Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Навоӣ муроҷиат кардам. Гуфтанд, ки ин ҷо танҳо 26 шумораи рӯзнома дар нусхаи асл ва шакли электронӣ, яъне шумораҳои 235-261, ки аз моҳи июн то  моҳи августи соли 1928 нашр гардидаанд, нигоҳ дошта мешавад. Маслиҳат доданд, ки ба Маркази рӯйихатгирии хазинаи умумии китобхона муроҷиат кунам. Он ҷо рафтам. Тарбуз аз бағалам афтид. Ҷуз шумораҳои номбурда чизи дигаре набуд. 
Ба Бойгонии миллии Ӯзбекистон рафтам. Дар он ҷо маълум шуд, ки фақат нусхаҳои рӯзномаи »Овози тоҷик» аз соли 2002 то ба ин рӯз мавҷуд аст. Аз шумораҳои аввал нусхае нест. Ба барномаи «Китобхона»-и шабакаи facebook муроҷиат намудам. Аз Муҳаммадшариф Рустамзода посух гирифтам: «Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон танҳо 33 шумораи «Овози тоҷик»-ро ман дида аз назар гузаронидаам. Шумораҳои нахустин то соли 1930 вуҷуд надорад, аз баъзе солҳо танҳо як-ду шумора мавҷуд мебошад». Дунё ба умед. Ҳанӯз аз китобхонаву осорхона ва бойгониҳои Самарқанди бостонӣ наҷустаем.
Мақсад аз интишори ин сатрҳо, аз ин рӯз ва минбаъд шинос намудани хонандаи имрӯз бо моҳият, мазмун ва мақсади мақолаҳоест, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» дар солҳои гуногун чоп гардидаанд, ҳамчунин ошноӣ бо фаъолияти кормандони он мебошад. То симо ва роҳи тайнамудаи садсолаи рӯзнома пеши назари хонанда ҷилвагар гардад. То сухан ба дарозо накашад, дар мақолаи имрӯз танҳо дар бораи тарҳрезӣ ва ҷобаҷогузории рубрикаву мақолаҳо маълумоти умумӣ дода мешавад.
Унвони рӯзномаи «Овози тоҷик» бо ҳарфҳои калон бо ду ҳуруф  – арабиасос ва лотинӣ навишта мешуд. Дар самти рости қисмати болоии унвони рӯзнома бо алифбои сирилик ба забони русӣ омада: «Ташкент. Ленинская, № 19. Среднеазиатскому музею революции до 1 янв. 29 г. 2 эк.». Дар самти чапи қисмати болоии унвон эпиграфи рӯзнома бо ҳуруфи арабиасос навишта шудааст: «Пролетарҳои тамоми дунё, як шавед». Дар самти чап мусовӣ бо унвон аз боло ба поён навишта шудааст: «Нашри соли чаҳорум». Дар самти чапи ин навиштаҷот дохили чаҳоркунҷа омада: «Нашри афкори Кумфирқаи марказӣ  ва Кумиҷроияи марказии Ӯзбекистон. Унвони идора: Самарқанд. Кӯчаи Иштирокиюн, рақами 22». Дар ҳамин ҷо манзили рӯзнома ба забони русӣ низ сабт шудааст. Пас аз ин аз боло ба поён омада: «Таърихи нашр: 25 августи соли 1924».
Дар дохили чаҳоркунҷаи баъдина мехонем: «Баҳои обунаи »Овози тоҷик»: яксола (бо «Мулло Мушфиқӣ») 5 суму 50 тин; шашмоҳа 3 сум; семоҳа 1 суму 70 тин. Дар мамлакатҳои хориҷа – яксола 10. Алоҳида бе «Мулло Мушфиқӣ» обуна қабул намешавад». Дар дохили чаҳоркунҷаи охирин, ки ин ҳама бо унвони рӯзнома дар як хат ҷо гирифтаанд, мехонем: «Баҳои эълон: Ҳар сатри нонпарел 40 тин; барои санадҳои гумшуда: 1 суму 10 тин; барои табдили адрес 25 тин гирифта мешавад». Дар зерхати унвони рӯзнома мехонем:  «Рӯзномаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ҳафтае ду бор рӯзҳои якшанбе ва чаҳоршанбе нашр мешавад». Дар сатри поёнӣ шумораи рӯзнома, сана, рӯзи ҳафта ва соли нашр бо соли милодӣ ва ҳам бо соли шамсӣ-қамарӣ сабт ёфтааст. Чунончӣ: «Шумораи 236. 17 июн. Чоршанбе. 1928 милодӣ. 24 ҷузъ».
Дар саҳифаи аввал асосан дар бораи вазъияти сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла, воқеаҳои охирини Чин, Эрон, Олмон, Туркия ва дигар давлатҳо хабару мақолаҳо дарҷ мегардиданд. Дар саҳифаҳои дуюму сеюм сармақолаҳо, қарорҳои кумитаи иҷроия ва мақолаҳо дар бораи вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба табъ расидаанд. Мақолаву хабарҳои саҳифаи чаҳорум низ асосан дар бораи вазъияти кишвар маълумот ва дар ҳамин саҳифа ба «Эълон»-ҳо ҷо дода мешуд. Муҳаррири масъул (Ш. Садруллин) ва адади нашри рӯзнома (3500 нусха )низ дар саҳифаи дуюм сабт мегардиданд. Чунин буд тарзи тарҳрезии саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» дар охири солҳои 20-уми садаи гузашта. Минбаъд дар бораи моҳият ва муҳтавои хабар ва мақолаҳои алоҳида ва навиштаҳои хабарнигорони  рӯзнома маълумот хоҳем дод.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: