Маълум аст, ки чанде пеш роҳбари давлати мо дар ҷамъомади видеоселекторӣ ғояи «Ӯзбекистони Нав – дар макони сабз ҳамроҳ зиндагӣ кунем»-ро пешниҳод карда буд.
Мардуми сарбаланди Самарқанд, ки дар маркази сайёҳии оламу тамаддуни Шарқ зиндагӣ мекунанд, ин ғояро якдилона дастгирӣ намуданд.
Онҳо дар мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ барои сабзидани беш аз 7 миллион бех ниҳолҳои гуногуни меванок ва манзаравӣ камари ҳиммат бастаанд. Имрӯзҳо дар қариб ҳазор маҳаллаи вилоят ниҳолшинонӣ дар авҷ аст. Бинобар ҳамин дар доираи «Макони сабз» барпо кардани «боғҳои маҳалла» ва «боғҳои модарон» ба анъана табдил меёбад. Дар маҳаллаи Баҳодур Ялантуши шаҳри Самарқанд семинари намунавӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он вакилони ҳокимияти вилоят ва шаҳри Самарқанд ширкат намуданд.
Дар маҳаллаи Бахштеппаи ноҳияи Тайлоқ бошад, бо иштироки намояндагони тамоми ноҳияҳои вилоят чунин тадбир шуда гузашт.
– Аз мо маслиҳат мепурсанд, ки дар куҷо ниҳол шинонем? – иброз дошт профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Хислатой Ҳайратова, – ва мо ба мардум мефаҳмонем, ки ин иқдоми некро дар асоси нақшаи идораҳои ободонӣ кардан лозим. Боз як масъалаи муҳим, пас аз ниҳолшинонӣ онро ҳимоя ва сабз кардан ҳам қарзу ҳам фарз аст. Баъзан чунин мешавад, ки баъди ниҳолшинонӣ бинокорон омада маҳз дар он ҷо бо бунёди иншооти гуногун машғул мешаванд.
Охир таҳиягар аввал лоиҳаи ба навор гирифтани филмҳои хешро менависад, баъд бо корҳои эҷодӣ машғул мешавад. Пас чаро мо низ чунин рафтор накунем?!
Дар омади гап бояд таъкид намуд, ки дар кӯчаҳои шаҳри Самарқанд дарахтони сояафкану манзаравӣ хеле бисёр буд. Вале собиқ роҳбарони кӯтоҳандеш онҳоро решакан карда, барои сохтани иншооти гуногун иҷозат дода будаанд, ки тааҷҷубовар аст.
Боз як муаммо – шинондани ниҳолҳои гуногуни хориҷӣ. Онҳо гаронбаҳо буда, аксаран дар муҳиту табиати Самарқанд мувофиқат намекунанд. Аммо ин масъала аз шитобкорӣ ва сабуксарии баъзе роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва вилоятӣ сар мезанад.
– Шинондани ниҳол ва парвариши онро чун маҷбурият не, балки ҳамчун қадрият қабул кунем, кори савоб аст, – гуфт имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ Яъқубхон Мансуров, – ман дар амри маъруфи рӯзи намози ҷумъа таъкид мекунам, ки ниҳолшинонӣ низ аъмоли нек асту шахси хайрхоҳу савобталаб ҷаннатӣ хоҳад шуд. Таърих гувоҳ аст, ки падару модарони мо бунёдгузорони боғу токзор буданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.