ТАБИАТ САРҲАД НАМЕПАЗИРАД

Дар шаҳри Самарқанд дар чаҳорчӯби Конвенсияи СММ оид ба муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS COP-14) таҳти шиори «Табиат сарҳад намепазирад» конфронси байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.

Ин конфронс ҳудуди 1800 нафар намояндагони 130 кишвари дунёро гирдиҳам овардааст. Онҳо аз нобудшавии ҳайвонҳои муҳоҷири ваҳшӣ ва намудҳои дигари эҳсони табиати мӯъҷизаор ибрози нигаронӣ карданд, ки бар асари хушксолӣ, тағйирёбии иқлим ва сабабҳои дигар рӯи кор омадааст.


Ёдовар мешавем, ки Конвенсияи СММ оид ба муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ соли 1979 дар шаҳри Бонни Олмон қабул шудааст ва соли 1983 эътибор пайдо кардааст. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он соли 1998 шомил шудааст. Гуфта мешавад, ки Конвенсияи СММ аз нигоҳи муттаҳид намудани саъйу кӯшиши муштарак ҷиҳати ҳифзи намудҳои ҳайвони муҳоҷир, бо роҳи тавсеаи ҳамкориҳои фаромарзӣ идоракунии минтақаҳои табиӣ хеле муҳим мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи конфронси Конвенсияи CMS СОР 14 Сарвазири Ӯзбекистон табрики Президент Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни он ироа намуд. Дар табрик, аз ҷумла таъкид шудааст, ки тайи 100 соли охир навъҳои эндемикӣ ба мисли паланги туронӣ, бабри осиёӣ ва дигар намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ аз байн рафтаанд, муҳофизати намудҳои боқимонда вазифаи таъхирнопазири ҳамаи мамлакатҳои шарик мебошад. 
– Дар Ӯзбекистон ба ҳифзи ҳайвоноти муҳоҷир аҳамияти калон дода мешавад. Асоси қонунгузорӣ такмил дода шуда, Институти зоологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолияти худро барқарор намуд, ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда се маротиба зиёд гардида, ба 10 фоизи тамоми қаламрави кишвар расонида шуданд, барои афзоиш додани шумораи ҳайвоноти ваҳшӣ ҷойҳои махсус ташкил карда шуданд. Ӯзбекистон масъалаи зиёд кардани долонҳои экологӣ барои муҳоҷирати ҳайвонот, барқарор кардани популятсияи бабрҳои осиёӣ ва ғайраро баррасӣ мекунад, – омадааст дар табрики сарвари давлат.
Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин Ингер Андерсен, муовини котиби генералиии СММ, директори иҷроияи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP), Карлос Эмануэл Родригес, директори генералии Фонди глобалии экологӣ, Эми Франкел, котиби иҷроияи Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷири ҳайвоноти ваҳшӣ, Азиз Абдуҳакимов, вазири экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон ва дигарон суханронӣ карданд.  
Маълум шуд, ки гуногунии биологии Ӯзбекистон зиёда аз 27 ҳазор намуди ҳайвонот, паррандаҳо, хазандагон, амфибияҳо, моҳиҳо, занбурӯғҳо, растаниҳо ва амсоли онро дар бар мегирад. Соли 2019 ба Китоби Сурхи кишвари мо 206 намуди ҳайвонот ва 314 намуди растанӣ ворид карда шудааст. Айни замон дар Ӯзбекистон ҳафт мамнӯъгоҳ, се боғи миллӣ, 10 ёдгории табиӣ, 12 мамнӯъгоҳ ва дигар боғҳои табиӣ мавҷуданд. Инчунин бояд гуфт, ки дар доираи Конвенсияи Ромсар манотиқи нави табиӣ ба феҳристи ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ шомил гардида, оид ба инвентаризатсия ва гурӯҳбандии 51 объекти муҳими орнитологӣ корҳо анҷом дода шуданд.
Соли 1998 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ нахустин нақшаи Стратегияи миллӣ ва ҳифзи чаҳоргонаи биологӣ ба тасвиб расидааст. Ин имкон медиҳад, ки Ӯзбекистон дар татбиқи лои-ҳаҳои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти маҳаллӣ бо созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монад.
Дар ҳошияи конфронс Донишгоҳи экологии Тошканд ифтитоҳ ёфт. Ҳамзамон ҷаласаи вазирони Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи ҷаҳонии ҳифзи бабри барфӣ ва экосистема (GSLEP) баргузор гардид. Дар он вазирони муҳити зисти кишварҳои бабри барфӣ, инчунин намояндагони созмонҳои шарик ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ (ИБМ) ширкат варзиданд.
Вазири экология, ҳифзи муҳит ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ба сухан баромада, таъкид намуд, ки дар Ӯзбекистон муҳофизати табиат ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Як қатор санадҳо, қарорҳо ва нақшаҳои чорабиниҳо оид ба сиёсати стратегии экологӣ, аз ҷумла Консепсияи ҳифзи муҳити зист то соли 2030, Стратегияи ҳифзи гуногунии биологӣ то соли 2028 ва ғайра қабул карда шудаанд. 
Дар вохӯрӣ ба таври дастаҷамъӣ кӯшишҳои ҳукуматҳои 12 кишвари паҳншавии бабри барфӣ, инчунин Котиботи GSLEP ва шарикон ҷиҳати татбиқи Эъломияи Бишкек фикру ақида-ҳои худро баён карданд, ки аз муайян гардидани тадбирҳои афзалиятнок барои оянда, маблағгузории бартараф сохтани камбудиҳо, рафъи эҳтиёҷоти ояндаи захираҳо ва усулҳои маблағгузорӣ барои ташаббусҳои ҳифзи бабри барфӣ иборатанд. 
Гуфта шуд, ки  иштироки созмонҳои байналмилалии рушд, ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои донор дар ин нишаст имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ, ташаббуси лоиҳаҳо ва ҷалби маблағҳои грантӣ ҷиҳати ҳифзи саршумори бабри барфӣ ва мутобиқшавии он ба таъсири иқлим пеш аз пеш доман фарох намояд. Нишасти мазкур Қатъномаи таърихии Самарқандро қабул кард, ки дар он аз рӯи ҷамъбасти маҷлис ӯҳдадориҳои асосӣ муайян карда шудаанд.
Ҳодисаи дигари ин раванд ифтитоҳи намоишгоҳи ҳайвоноти нодири бодиянишини Ӯзбекистон таҳти унвони «Ҳайвонҳои нодири муҳоҷири олам» мебошад. Дар он бештар аз сад сурати 40 нафар рассомони ҷавон ба намоиш гузошта шуданд. Ҳадафи асосии ин намоишгоҳ таҳкими ҳисси муҳаббат ба ҳайвоноти нодири кӯчманчӣ арзёбӣ гардид, ки ба Китоби Сурхи Ӯзбекистон дохил карда шудаанд. 
Ҳисоботи миллии Ӯзбекистон дар бораи вазъи муҳити зист дар COP 14 дар идомаи ин конфронси Самарқанд ба вуқӯъ пайваст.  Он нашрияҳои нави Вазорати муҳити зист – Ҳисоботи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи вазъи муҳити зист ва шарҳи тасвирии он, дастури ФАО оид ба коҳиш додани исрофкории озуқаворӣ ва тақдимот оид ба рушди экотуризм ва таъмини устувориро дар меҳвари худ қарор дод.  
Нишасти Самарқанд майдонеро фароҳам овард, ки ҷонибҳо тавонистанд бо чанд кишвар ва созмони байналмилалӣ дар робита бо муҳофизати муҳити атроф, ҳайвоноту паррандагон, бунёди боғҳои табиии фаромарзӣ ба тавофуқ расанд. Аз ҷумла, Ӯзбекистон бо Қирғизистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид, ки ҳимоя намудани паррандаҳои ваҳширо мадди назар гирифтааст.  
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат гуфт, ки ин кумита бо Вазорати экология, муҳити зист ва тағйири иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст ва бар асоси он домани ҳамкориҳоро беш аз пеш тавсеа мебахшанд.
– Дар Самарқанд низ бо ҳамтои худ – А. Абдуҳакимов гуфтушунид анҷом додам. Мо татбиқи лоиҳаҳои минтақавиро дар бобати ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои вобаста ба он барномарезӣ кардем, ки анҷоми он манфиати ҳарду кишвари ҳамҷаворро мадди назар гирифтааст. Хусусан, дар мавриди табодули таҷриба мо ба ҳамдигар ниёз дорем. Гузашта аз ин, ифтитоҳи Донишгоҳи сабзи Тошканд дар оянда барои тайёр кардани кадрҳои бомалака  мусоидат хоҳад кард ва ҷавонони мо низ дар ин донишгоҳ таҳсил хоҳанд кард, – изҳор намуд Баҳодур Шерализода. 
Конфронси Самарқанд то 17 феврал давом мекунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: