ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ОБСАРФАКУНӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Имрӯзҳо нарасидани об на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон ба як мушкилӣ табдил ёфтааст.

Ба гуфтаи олимон, нарасидани об дар 10-20 соли наздик ба хатари ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт. Ба ин муносибат дар мамлакати мо барои сарфакорона истифода бурдани об тадбирҳо андешида мешаванд. Ба фермерону деҳқононе, ки технологияи сарфаи обро ҷорӣ менамоянд, сабукиву имтиёзҳо дода мешавад. Инро дар мисоли вилояти Қашқадарё дида мебароем.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар вилоят давоми солҳои 2013-2023 дар майдони 172 ҳазору 672 гектар технологияи сарфаи об татбиқ карда шудааст.
– Дар шароити камобӣ ҷорӣ намудани технологияи сарфаи об муҳим аст, – гуфт сардори шуъбаи технологияи сарфаи оби раёсати ҳавзаи системаҳои обёрии Аму-Қашқадарё Ҳабибулло Маматов. – Солҳои охир фермерону деҳқонон самарабахшии онҳоро пай бурданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли ҷорӣ дар 28 ҳазору 311 гектар замини вилоят технологияи сарфаи об ҷорӣ карда шуд.
Ноҳияи Қаршӣ дар соҳаи пахтакорӣ ва ғалладона пешсаф дониста мешавад. Фермерону деҳқонон бо истифода аз технологияи сарфаи об (дар 2440 гектар киштзор) аз ин зироат ҳосили фаровон мегиранд.
– Корхонаи мо дар асоси шартнома бо фермерон дар майдони 10 ҳазор гектар пахта кишт карда, дар 10 ҳазор гектар технологияи обёрии қатрагӣ насб кард, – мегӯяд мутахассиси соҳаи обёрии қатрагии ҶММ «Султон Голден Текс» Илҳом Каромов. – Аз ҳудуди деҳаи Хонободи ноҳияи Қаршӣ ба мо 180 гектар замини бекорхобида ҷудо карданд. Мо ин заминҳоро азхуд карда, бо пурра истифода бурдан аз низоми обёрии қатрагии истеҳсоли маҳаллӣ пахта рӯёндем. Ҳосил аз 40 сентнерӣ гузашт. Мо дар истеъмоли об то 50 фоиз самараи иқтисодиро ба даст меорем. Дар ҳазор гектар майдони ноҳияи Касбӣ ва 80 гектар ноҳияи Нишон низ системаи обёрии қатрагӣ насб шудааст. Фермерон ба ин гуна системаҳо фаъолона шавқу ҳавас зоҳир менамоянд.
Тавре мутахассисон қайд мекунанд, бо обёрии анъанавӣ ба ҳар гектар то 7 ҳазор метри мукааб ва ҳангоми истифодаи усули қатрагӣ 3-3,5 ҳазор метри мукааб об сарф мешавад. Сарфаи нуриҳои маъданӣ ба 50 фоиз мерасад. Як коргар 15-20 гектарро обёрӣ карда метавонад.
– Хоҷагии фермерии мо 36 гектар замини обӣ дорад, – мегӯяд роҳбари хоҷагии фермерии «Ҳилол чирой фасл»-и ноҳияи Қаршӣ Фазилат Қодирова. – Соли гузашта дар 20 гектар системаи обёрии қатравӣ насб карда шуд. Мо андаке дер кардем, ки ин ба натиҷаҳои кор таъсир расонд, вале имсол ба самараи кор ноил гардидем – дар 16 гектар пахта рӯёндем, ки ҳосили он аз тамоми интизориҳоямон зиёд буд. Бояд гуфт, ки технологияи сарфакоронаи обёрӣ на танҳо дар киштзор, балки дар боғҳои интенсив, масалан, бодом низ истифода мешавад.
– 10 ҳазор бех ниҳоли пасти бодом шинондем, системаи обёрии қатрагиро ҷорӣ намудем, – мегӯяд боғбон Дилшод Раҳимқулов. – Ман ягона касе ҳастам, ки тамоми боғро об медиҳам ва ин ҳеч мушкиле надорад.  Мутахассисон гуфтанд, ки пас аз се сол дарахтон ба ҳосил медароянд.
Дар ноҳияи Қаршӣ ба мақсади фароҳам овардани қулайиҳои бештар ба фермерон ва деҳқонон фаъолияти корхонаи истеҳсоли технологияи сарфаи об  – ҶММ «OMAD START»  ба роҳ монда шуд. 
Корхона, ки бо таҷҳизоти туркӣ ва итолиёвӣ муҷаҳҳаз шудааст, майдони 8 гектарро ишғол намуда, иқтидори коркарди солонаи он 80-100 ҳазор тонна ашёи хомро ташкил медиҳад. Фаъолияти асосӣ ба истеҳсол ва насби технологияи сарфакунандаи об нигаронида шудааст. Ҳамзамон, ҶММ «OMAD START» ба фурӯши мошину таҷҳизот ва ҷузъҳои кишоварзӣ машғул аст.
– Дар аввал мо бо интиқол ва насби таҷҳизоти каммасраф машғул будем, – гуфт коргузори корхона Акмал Ботиров. – Соли гузашта завод сохтем, ба истеҳсолот шурӯъ намудем. Мо ҳар моҳ маҳсулоти ба 15 гектар пешбинишударо истеҳсол карда, на танҳо ба Қашқадарё, балки ба дигар вилоятҳо низ интиқол мекунем. Ҳамчунин бо Қазоқистон, Тоҷикистон ва Афғонистон созишномаҳои содиротӣ ба имзо расидаанд.
Ҷорӣ намудани технологияи сарфакунандаи об дар вилояти Қашқадарё, ки дар хариди маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар пешсаф аст, миқдори зиёди обро сарфа мекунад, ки аз он ҳангоми парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар дигар ҳудудҳо истифода бурда, инчунин иқтисодиёти вилоятро ривоҷ додан мумкин аст. 

Ӯлмас БАРОТОВ,
мухбири ӮзА. 
Суратгир: Ҷ. НОРҚОБИЛОВ  (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: