МАКТАБ САБАБИ ҲАЁТ АСТ

Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ ба масъалаи таълим ғамхориҳои алоҳида зоҳир мегардад.

Боиси хурсандист,  ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ ба масъалаи таълим ғамхориҳои алоҳида зоҳир мегардад. Навгониҳои зиёде ба амал омада истодаанд, ки бемуҳобот, ба ояндаи дурахшони кишвар ва гузашта аз ин ба камоли фардои шогирдон нигаронда шудаанд.  
Мактаб макони илму маърифат, даргоҳи адабу ахлоқ аст. Муаллим соҳиби илму фарҳанг, тарбиятгари инсон мебошад.  Агар  муаллиму толибилм ба ҳам тавъам кор баранд,  бешубҳа, боиси пешрафти мактаб мегардад.  
Мактаби рақами 47, ки дар маҳаллаи «Тонг юлдузи»-и ноҳияи Чиноз ҷойгир аст, зиёда аз бист нафар омӯзгор ва чорсад нафар талаба дорад. Бинои мактаб соли 2008 сохта шудааст ва ҳангоме ки худи маҳалла тибқи Барномаи «Деҳаи обод» аз нав обод гардонда шуд, ба  мактаб низ бинои дуошёна илова гардид. Хушбахтона, ҳоли ҳозир яке аз биноҳои нави мактабҳои ноҳия мебошад. 
Камина ба қарибӣ ба ин мактаб ба кор омадам, дар аввал ба сифати мушоҳид ба бисёр масъалаҳои соҳаи таълим эътибор додам. Дар хақиқат бинои калони муҳташам, ки дар миёнаҷои деҳа қомат афрохтааст, хеле назаррабост. 
Бинои мактаби замонавӣ, ки бо девори умумӣ печонда шудааст, ба боғи арчазор шабоҳат дорад. Ҳамин ки вориди бинои асосӣ мегардед,  зиёда аз бист кабинети корӣ дорад, бо анҷомҳои омӯзишӣ хеле хуб оро дода шудааст. Майдончаи варзишии футбол дорад. Варзишгоҳи болопӯшида барои гузарондани бозиҳои волейбол низ мавҷуд аст. Ба қарибӣ дастпарварони мактаб дар озмуни волейбол дар миқёси ноҳия дастболо гардида, ҷойи якумро сазовор шуданд. Гузашта аз ин, дар озмуни ноҳиявӣ аз рӯи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик талабагони синфҳои даҳум Сурайё Мунавварова ҷойи якум,  Самандар Ҳусейнов  ҷойи дуюм, Шарофатбону Одилҷонова  ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Айнан аз рӯи ҳамин намуд талабаи синфи ёздаҳ Ҷумъагул Шермуҳаммадова ҷойи якумро гирифт. Ҳоло бо ҷидду ҷаҳд ба зинаи навбатии озмун, ки ба наздикӣ баргузор мегардад, бо ғайрати дучанд тайёрӣ мебинанд. 
Дар озмуни ноҳиявии байни омӯзгорон аз рӯи фанни «Тайёрии ҳарбии тодаъватӣ» омӯзгори ҳамин фан Акбар Бойматов ҷойи аввалро ишғол намуд. 
Барои пешрафти мактаб хизмати роҳбарони мактаб хеле калон аст. Худи директори мактаб Абдуҷаббор Латифов зимни як суханаш гуфт, ки агар ҳар як омӯзгор масъулияташро дуруст эҳсос намояд, комёбиҳои мактаб боз афзун хоҳад шуд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо мардуми деҳа низ аз хидмати омӯзгорони варзида Абдуҳамид Раҳмонов, Арсал Идрисов, Моҳира Раббимова,  Янглиш Нодирова,  Умедҷон Ғоибов, Акбарҷон Бойматов ва дигарон мамнунанд. 

Ҳикмат ҲИКМАТОВ,
омӯзгор.

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: