Дар префектураи Фукусимаи Ҷопон заминларза рух дод

Дар шимолу шарқи Ҷопон заминларзаи 4,7 дараҷа рух дод

Ба иттилои Идораи миллии ҳавошиносӣ, маркази заминларза дар префектураи Фукусима, дар умқи 50 километр будааст.

 Дар бораи талафот ё вайронаҳо хабаре нест ва таҳдиди сунамӣ низ эълом нашудааст.  tass.ru хабар медиҳад, ки дар бораи вазъи фавқулодда дар неругоҳи Фукусима-1, ки аз соли 2011 ба ин сӯ мутаваққиф шудааст, иттилоъе нест.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: