КОРРУПСИЯ ИЛЛАТИ НОГУВОРИ ҶОМЕАИ БАШАРИСТ

Ҷамъомади роҳбарони идораҳои мубориза бо коррупсия ва омбудсманҳои даҳ давлати аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) аз ибтидо то интиҳо роҳҳои муборизаи муштарак бо фасодкориро дар меҳвари худ қарор дод.

Ҷамъомади роҳбарони идораҳои мубориза бо коррупсия ва омбудсманҳои даҳ давлати аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) аз ибтидо то интиҳо роҳҳои муборизаи муштарак бо фасодкориро дар меҳвари худ қарор дод. Дар он беш аз чиҳил намояндагони идораҳои ваколатдор ширкат карданд. 
Истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва тавсияву пешниҳодҳое, ки аз тарафи иштирокчиён дар ин ҷамъомад сурат гирифт, ба ҳайси омили муҳим ҷиҳати коҳиш додани иллати ногувори фасодкорӣ арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба ҳайси созмони ҳамкории минтақавӣ соли 1985 ташкил шудааст. Ҳадафҳои асосии он ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои савдову тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсияҳо, нақлиёт, коммуникатсияҳо, барқ, кишоварзӣ, саноат ва самтҳои дигари устувор низ мебошад.
Гуфта мешавад, ки роҳбарони ташкилотҳои мубориза бо коррупсияи давлатҳои аъзои СҲИ ва омбдусманҳои он бори нахуст соли 2011 гирди ҳам омаданд. Ҳоло ин 4-умин ҷамъомади онҳо дар шаҳри Тошканд мебошад.
Раиси Шӯрои миллии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо сухани муқаддимавӣ ин ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшид. 
– Дар кишварамон баргузор шудани ин ҷамъомад баёнгари он аст, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ раванди ислоҳот дар мубориза бо коррупсия ва таъмини ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистонро эътироф менамояд. Ин беҳуда нест, зеро мо мубориза бо коррупсияро беш аз пеш тавсеа бахшидаем, қонуни хос ба тасвиб расид, як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, харитаи роҳ ва қарорҳо қабул карда шуданд. Президент Шавкат Мирзиёев дар Иҷлосияи 75-уми СММ таъкид намуд, ки Ӯзбекистон ба масъалаи мубориза алайҳи коррупсия ҷиддан машғул мебошад ва дар ин ҷода созмони алоҳидаеро низ ба номи Агентии мубориза бо коррупсия таъсис додааст,– изҳор кард Танзила Норбоева. – Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар баланд гардидани нуфузи мамлакатамон омили муҳим шуда хизмат мекунад. Дар ду палатаи Олий Маҷлис кумитаҳои мубориза бо коррупсия ташкил карда шудаанд. Барои ба марҳилаи сифатан нав баровардани мубориза бар зидди фасодкорӣ дар мо тамоми имконият ва шароит фароҳам оварда шудаанд.
Гуфта шуд, коррупсия иллатест, ки марзу бумро намедонад ва ба ҳамаи кишварҳо ҳамсон таҳдид менамояд. Барои ҳамин, кишварҳои аъзои СҲИ-ро лозим аст, ки муборизаи муштарак бо ин иллатро тавсеа бахшанд, онгоҳ ин мубориза натиҷаҳои босамар ба бор хоҳад овард.
Баъд иҷлосияи якуми ҷамъомад ба кори худ оғоз намуд.
– Дар иҷлосияи аввал мо сари мавзӯи кор карда баромадани механизми сиёсати ҳамкориҳо ба муқобили коррупсия ва дар амал татбиқ намудани онро ба таври васеъ баррасӣ намудем. Ҳамзамон аз он огоҳ шудем, ки роҳбарони идораҳои мазкур дар ин самт кадом корҳоро ба сомон расонидаанд, дар кишвари онҳо чи гуна қонун ва қарорҳо қабул карда шудаанд, нақши омбдусманҳо дар ин раванд аз чиҳо иборат мебошад,– гуфт раиси Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Бурҳонов.
Бар асоси барномае, ки ҷамъомад таҳия кардааст, намояндагони ҳар як кишвари узви СҲИ  дар бораи корҳое ҳарф заданд, ки идораҳои марбута дар ин кишварҳо ба сомон расонидаанд. 
– Муборизаи мунтазам ва пайгирона бо коррупсия яке аз афзалиятҳои асосии Қазоқистони имрӯза мебошад. Дар ин самт бевосита Агентии мубориза бо коррупсия сиёсати зиддикоррупсиониро муваффақона пиёда мекунад. Дар кишвари мо ҳар як роҳбар масъулият дорад, ки дар ниҳоди ӯ бо ин иллат муборизаи бошиддат пиёда гардад. 
Хоссатан кормандони ниҳодҳои интизомӣ, судяҳо, ҳамчунин онҳое, ки пора пешниҳод мекунанд ва онҳое, ки дар ин кор миёнҷигӣ менамоянд, ба муҷозоти сахттарин мувоҷеҳ хоҳанд шуд, – мегӯяд раиси Агентии мубориза бо фасодкории Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Аҳметҷонов. 
Афроди дар коррупсия дастдошта як умр ба вазифаҳои роҳбарӣ тайин карда намешаванд. Ҳатто шахсоне, ки ба иттиҳоми фасодкорӣ ба ҷазо кашида шудаанд, аз судури афв нисбати онҳо барои ҳамеша маҳрум мебошанд.
Дар ҷамъомад қайд гардид, ки фаъолияти маркази минтақавии анҷумани навбатӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ин ҷо ҳамкории роҳбарони идораҳои зидди коррупсияи аъзои давлатҳои СҲИ ва омбдусманҳои  он ҳамоҳанг сохта мешавад.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ мулоқотҳои дуҷониба низ ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, дар яке аз ин мулоқотҳо механизми ба амал баровардани меморандуми миёни Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расидааст, баррасӣ гардид. 
– Мо якчанд дархосту пешниҳодҳоямонро барои беҳбуди кор ва самараи фаъолиятҳои муштарак зимни мулоқоти дуҷониба ироа намудем. Талош хоҳем кард, ки дар заминаҳои ҳамкории мубориза бо коррупсия бо ҳамтоёни ӯзбекистонии худ, ҳамчунин роҳбарони ниҳодҳои зиддикоррупсионии давлатҳои аъзои СҲИ мунтазам таҷриба иваз намоем,– гуфт директори Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сулаймон Султонзода.
Ногуфта намонад, ки дар ҷамъомад роҳбарони идораҳои мубориза бо коррупсияи Ҷумҳуриҳои исломии Эрон, Покистон ва Афғонистон, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қирғизистон ва Туркманистон, Туркия перомуни сиёсатҳои таъмини ҳуқуқи инсон ва  мубориза бо коррупсия фикру ақидаҳои ҷолиб баён намуданд. Ҳамзамон онҳо оиди беҳбуди кори ин соҳа пешниҳодҳои худро дар миён гузоштанд.
Дар иҷлосияи дувум омбдусманҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон бо маърӯзаҳо баромад карданд.  
Бар асоси таклифу пешниҳодҳо дар охири ҷамъомад Қатъномаи Тошканд қабул карда шуд. Дар ин Қатънома тақвияти роҳу усулҳои  ҳамкорӣ, ташкили мулоқотҳо барои ҳалли масъалаву муаммоҳои мавҷуда, бартараф намудани монеаҳое, ки барои рушду ривоҷи иқтисодиву иҷтимоӣ халал мерасонанд ва амсоли  он ба таври васеъ ифодаи худро ёфтааст.
Меҳмонони ҷамъомади 4-уми Тошканд ба шаҳри бостонии Самарқанд сафар карданд ва аз ҷойҳои таърихии он боздид намуданд. Ҳамчунин,  бо дигаргуниҳои куллӣ дар шаҳри Тошканд ва ёдгориҳои таърихиаш аз наздик ошно шуданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: