Ин мактаби таълими ҳамагонӣ, ки дорои 660 ҷойи таҳсил аст, дар асоси меъёрҳои ҷавобгӯи талаботи давр дар ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё сохта шуд ва ба таври мутантан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми кушоиши он ҳокими вилоят Муродҷон Азимов ва кулли роҳбарони секторҳо ширкат варзиданд. М. Азимов таъкид кард, ки сохта ба истифода дода шудани бинои комилан наву замонавии ин дабистон дар арафаи иди Истиқлол ба мардуми ин минтақа тӯҳфаи хубу хотирмонест.
Дабистони мазкур дар мавзеи Қарақуми Нави ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Истиқлол»-и ноҳия воқеъ буда, дорои майдончаҳои варзишиест, ки зимистону баҳорон яксон барои шогирдон хидмат хоҳад намуд. Инчунин синфхонаи алоҳидае дорад, ки дар он лабораторияи махсус ҷой гирифтааст ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад. Хонаҳои махсуси доир ба касбҳои гуногун низ амал мекунанд, ки шогирдони дабистон имкон хоҳанд ёфт, дар баробари омӯхтани илми замонавӣ касбҳои мухталифро низ фаро гиранд.
Ҳокими вилоят гуфт, ки чунин мактабҳо ба талаботи ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита ба баланд бардоштани сифати таълим мувофиқат мекунанд ва дар бедор кардани шавқу рағбати хонандагон ба ягон касби дилхоҳашон мусоидат хоҳанд намуд. Интизор меравад, ки аз ин баъд биноҳои нави макотиб бо ҳамин усул сохтаву муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки барои сохтмони мактаби мазкур 16,7 миллиард сӯм масраф гардидааст.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.