ДАСТОВАРДҲОИ МАҚОМХОНОНИ ҶАВОН ЗИЁД МЕГАРДАД

Мактаби санъат ва мусиқии рақами 3-юми ноҳияи Шофиркон соли панҷум аст, ки барои толибилмон дари худро боз менамояд.

Дар ин муддати кӯтоҳ хонандагони зиёди он дастовардҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии мақомхонони ҷавон сазовори ҷойи сеюм шуданд. 
Шогирди мактаб Аслиддин Рамазонов дар озмуни вилоятӣ «Ушшоқи Самарқанд»-ро ба меъёраш расонида иҷро намуда, бе имтиҳон донишҷӯйи ДДБ гардида бошад, хонандаи дигари он Аҳлиддин Ҳайдаров дар озмуни ҷаҳонии санъаткорони ҷавон, ки ба тариқи онлайн дар пойтахти Русия баргузор гардид, сазовори ҷойи якум дониста шуд.
Дар мактаби номбурда дар ҳама гуна равияҳои санъат шогирдон аз устодони фидоиёни касби худ таълим мегиранд.

Алимурод ТӮРАЕВ,
вилояти БУХОРО.

Дар сурат: хонандаи синфи рассомии мактаби номбурда Алибек Рӯзиев бори аввал асарҳояшро намоиш медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: