ХАЙР МАКТАБ – САЛОМ ДОНИШГОҲ

Дирӯз бо фаро расидани 25-май дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мамлакати мо “Занги охирин” садо дод ва бо ҳамин соли хониши 2020-2021 анҷом ёфт.

Дирӯз бо фаро расидани 25-май дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мамлакати мо “Занги охирин” садо дод ва бо ҳамин соли хониши 2020-2021 анҷом ёфт. 
Бояд гуфт, ки соли хониши 2020-2021 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳуриамон машғулиятҳои дарсӣ мувофиқи риояи қоидаҳои карантин ва пандемия, ки дар мамлакат бобати пешгирӣ намудани бемории коронавирус татбиқ карда шудааст, роҳандозӣ гардид. Дар ҳамин маврид чорабинии бахшида ба “Занги охирин” низ мувофиқи барномаи Вазорати таълими халқ  баргузор гардид. Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 9 ва 43-юми ноҳияи Бӯка низ занги охирин таҳти унвони “Хайр мактаб – салом донишгоҳ” баргузор гардид. 
– Соли хониши 2020-2021 барои ҷамоаи омӯзгорон, роҳбарият ва хонандагони мактаби навбунёди мо низ хотирмон буд, – мегӯяд мудири қисми илмии мактаби рақами 43 Сафо Шодиев. – Иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии миқёси ноҳия ва вилоят, озмуну чорабиниҳои ноҳиявӣ, дастовардҳои варзишгарони навраси мо дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, баромадҳои телевизионии гулдухтарони мактаб бобати баланд бардоштани нуфузи мактаб буд. 
Дар соли хониши гузашта аз 36 нафар хатмкунандагони мактаб 8 нафарашон ба донишгоҳҳо дохил шуданд.  

М. МИРМАҲМАДОВ.
Роҳбалади ҷавонони мактаби рақами 43-юми ноҳияи Бӯка.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: