Ширкати ҳавопаймоии Batik Air Куала-Лумпурро бо Тошканд мепайвандад

Аввалин парвози ширкати ҳавопаймоии Индонезия Batik Air 15 декабри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ бинобар хатсайри «Куала-Лумпур – Тошканд – Куала-Лумпур» дар ҳавопаймоҳои Airbus A330 бо басомади як бор дар як ҳафта рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ дар мулоқот бо раҳбарияти ширкати «Uzbekistan Airports» нияти рушди шабакаи хатсайрҳо дар минтақа ва афзоиши шумори парвозҳоро изҳор намуданд. Дар навбати худ, ширкати идоракунанда эълон кард, ки омода аст дастгирии ширкати ҳавопаймоиро идома диҳад.

Барои маълумот: Batik Air ширкати ҳавопаймоии Индонезия бо қароргоҳаш дар Ҷакарта буда, дар дохили Индонезия парвозҳои мунтазами ҳавоии мусофиронро пешкаш мекунад. Он ширкати фаръии ҳавопаймоии Lion Air мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: