Дастаи волейболбозони Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Шри-Ланка медали нуқра ба даст оварданд

Дастаи мардонаи волейболбозони Ӯзбекистон иштироки худро дар мусобиқаи байналмилалии "CAVA Men's volleyball challenge cup Colombo 2023" анҷом дод.

Дар мубориза барои медали тилло мунтахаби Ӯзбекистон бо намояндагони Шри-Ланка қувваозмоӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи ҳамватанони мо анҷом ёфт.

Ҳамин тавр, волейболбозони ӯзбекистонӣ соҳиби медали нуқра гардиданд. Боиси хушнудист, ки намояндаи тими мунтахаби Ӯзбекистон Мирзо Муродов дар бахши “Беҳтарин тӯбдиҳанда” ва Азиз Қӯчқоров “Беҳтарин муҳосиракунанда” ғолиб дониста шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: