ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ТАЪМИН СОХТАНИ ҲАЁТИ САЗОВОРИ ХАЛҚ, ПЕШ АЗ ҲАМА, ЗАНОН МИНБАЪД НИЗ ВАЗИФАИ МУҲИМТАРИНИ МО БОҚӢ МЕМОНАД

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии бахшида ба Рӯзи байналхалқии занон

Модарони азиз, хоҳарон ва духтарони меҳрубон! 
Барои ман вохӯрӣ бо шумо имрӯз дар ин тантанаҳо ва самимона, аз таҳти дил табрик намудани шумо ва дар шахси шумо тамоми занони мамлакатмонро бо Рӯзи байналхалқии бонувон шарафи бузург аст. 
Иҷозат диҳед ба ҳамаи шумо муҳаббати самимӣ ва эҳтироми амиқи худро изҳор намоям. 
Ҷашни зебои баҳор муборак бошад!
Ҳамдиёрони муҳтарам!
Дар ин рӯзи ҷашн ҳамаи мо дар назди бузургии модар, занони муътабар, ки ба мо ҳаёт бахшидаанд, моро бо меҳру муҳаббат парваридаву тарбия кардаанд, сари таъзим фуруд меоварем. Зеро ҳурмату эҳтироми шаъну шарафи инсон, аввало, аз эҳтиром нисбати занони азизи мо оғоз меёбад. 
Ҳикмати гузаштаи бузурги мо Мир Алишери Навоӣ дар бораи он ки ҳангоми аз боғҳои фирдавс андеша кардан, пеш аз ҳама, бояд дуои неки модаронро гирифтро мо ҳамчун даъвати нек қабул мекунем.
Наметавон маънову мазмуни ҳаёти мо, тамоми ҳастии моро бидуни шумо, занони азиз тасаввур кард. Шумо барои мо таҷассуми зебоиву меҳрубонӣ, муҳаббату садоқат, хоксориву сабру тамкин ва накӯӣ будеду ҳастед. Бо сифатҳои неки худ шумо барои ҳаёт ва ба оянда ба мо нирӯ, ғайрат ва эътимод мебахшед, ки сазовори ифтихори бузург мебошад. 
Хоҳарони муҳтарам!
Тамоми шароитҳое, ки дар мамлакат барои ҳаёти озод, фаровон ва шукуфони халқи меҳнатдӯсту миннатдори мо, дар навбати аввал барои занон фароҳам оварда мешаванд, вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷамъият муқаррар карда шудааст. Мувофиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» бобати баланд бардоштани фаъолнокии сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодии бонувон, ҳифзи модару кӯдак, тасбити баробарии гендерӣ, таъмин шудани ҳуқуқ ва манфитаҳои занон чораҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. 
Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, қонунгузории миллӣ такмил меёбад, барои занон имкониятҳои беш аз пеш муҳайё карда мешаванд. Барои собит намудани ин суханон танҳо як мисол меоварам: дар Кодекси интихоботии мо сабт шудааст, ки шумораи занон бояд на камтар аз 40 фоизи номзадҳо ба депутатӣ, ё худ на камтар аз 2 нафари 5 номзадро ташкил диҳад. 
Ман хурсандам, ки дар ин толори муҳташам занони муҳтарами мо – депутатҳо ва сенаторонро мебинам. Бешубҳа, онҳо дар таҳкими қонунгузории мамлакат, таъмин шудани адолат ва амалкарди қонунҳои қабулшуда саҳми бузург мегузоранд. Барои ин мо ба занон – интихобкардагони халқамон самимона миннатдорӣ изҳор менамоем. 
Бояд таъкид намуд, ки ҳоли ҳозир саҳми занон дар идоракунии давлатӣ 35 фоизро ташкил медиҳад, ин дар ҳолест, ки соли 2017-ум вай 27 фоизро ташкил медод. Ҳамаи моро, ба хусус он чиз хурсанд мекунад, ки алҳол садҳо бонувони мо дар кори худ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолнокӣ ва ташаббуснокӣ зоҳир менамоянд. 
Вобаста ба ин бояд кори самарабахши Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, баробарии гендерӣ ва оиларо таъкид кард. 
Бобати вусъат додани имкониятҳои иқтисодии бонувон, рушди соҳибкории занон натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. 
Тӯли панҷ соли охир дар Ӯзбекистон миқдори занони соҳибкор ду баробар афзуд, зиёда аз 205 ҳазор бонувон тиҷорати худро ба роҳ монданд. Танҳо соли 2023-юм барои татбиқ намудани зиёда аз 277 ҳазор лоиҳаҳои тиҷоратӣ беш аз 13 триллион сӯм вомҳо ҷудо карда шуданд, тақрибан ба 57 ҳазор занон анқариб 300 миллиард сӯм субсидия пешниҳод гардид. Ғайр аз ин, тақрибан ба 200 ҳазор занон касбҳо ва асрори соҳибкорӣ омӯзонида шуд. Аз ҳама муҳимаш беш аз 400 ҳазор зан ва духтарон бо кор таъмин карда шуданд. 
Аз ҳисоби 6 триллион сӯм вомҳои ипотекӣ, ки барои занон ҷудо гардиданд, 25 ҳазор оила соҳиби манзили худӣ шуданд. Барои беҳтар кардани шароити манзил ва пардохти аъзобадали ибтидоӣ ҳамчун вом барои 6200 зан 200 миллиард сӯм субсидия ҷудо карда шуд. 
Баробари ин кор бобати омӯхтан ва ҳаллу фасл кардани мушкилоти занон дар маҳалҳо ба дараҷаи нав бардошта мешавад. Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҷудо кардани 1 триллиону 234 миллиард сӯм дар пояи низоми «Дафтари занон» ҳаллу фасли мушкилоти анқариб 994 ҳазор зан имконпазир гардид. 
Он чиз бахусус муҳим мебошад, ки барои иҷрои вазифаҳои мазкур нақши Кумитаи оила ва занон, Федератсияи иттифоқҳои касаба ва занони фаъол дар маҳаллаҳо торафт пурзӯртар мегардад. Он чиз боиси эътибори махсус мебошад, ки дар натиҷаи аз ҷониби онҳо омӯхтани вазъи занон дар қисмати кадбонуҳо ба беш аз 690 ҳазор оилае, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, кумаки нишонадор расонида шуд, муҳит дар 116 ҳазор оилаҳои камтаъмин беҳтар гардид. 
Дӯстони азиз!
Дар мамлакати мо ба духтарон, модарони оянда, ки бояд насли наврасро тарбия кунанд, дорои таълими олӣ шаванд, соҳиби касбҳои замонавӣ, донандагони технология ва забонҳои хориҷӣ гарданд, эътибори калон дода мешавад.
Ҳоли ҳозир беш аз нисфи 1 миллиону 300 ҳазор донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олӣ таълим мегиранд, духтаронанд. Дар байни ҷавононе, ки дар магистратура мехонанд саҳми духтарон боз бештар, тақрибан 14 ҳазор нафар аст. Ин анқариб 60 фоизи миқдори умумии  магистрантҳоро ташкил медиҳад. 
Дар соли хониши кунунӣ 1914 духтарон аз оилаҳои эҳтиёҷманд барои хондан ба мактабҳои олӣ бинобар грантҳои иловагии давлатӣ қабул карда шуданд. Беш аз 181500 духтарон вомҳои имтиёзноки таълимӣ гирифтанд. Аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ маблағи қарордодии зиёда аз 2 ҳазор донишҷӯён аз ҷумлаи аъзои оилае, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд мебошанд, донишҷӯёни ятим ё худ аз саробони оилавӣ маҳруммонда дар ҳаҷми 14 миллиарду 500 миллион сӯм сарпӯш карда шуданд. Солҳои охир маблағи қарордодии духтароне, ки дар магистратураи муассисаҳои давлатии таълими олӣ мехонанд, аз ҳисоби буҷа пардохта мешаванд. 
Аз ҳама муҳимаш рағбати духтарон ба дониш ва касбҳои замонавӣ меафзояд. Чунончӣ, 47 фоиз, ё худ тақрибан нисфи ҷавононе, ки дар доираи лоиҳаи «Як  миллион барномарез» мехонанд, духтаронанд.
Солҳои охир дар мамлакат соҳаҳои илм ва таълим мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ислоҳ карда мешаванд, аз ҷумла таълими олӣ ислоҳ мегардад, ки дар натиҷа занон дар соҳаҳои мазкур ба натиҷаҳои бузург муваффақ мешаванд. Танҳо тӯли ҳафт соли охир ба 5 ҳазору 247 зан дар самтҳои мухталиф унвонҳои илмии доктори фан (DSc) ва доктори  фалсафа (PhD) дода шуд. Хурсандиовар аст, ки танҳо соли 2023-юм 147 нафар бонувон дараҷаи доктори улум, 1238 нафар доктори фалсафаро гирифтанд. 
Ҳоли ҳозир дар соҳаи илм анқариб 5 ҳазор олимаҳо кор мекунанд. Дар мактаҳои олӣ беш аз 14 ҳазор занон таълим медиҳанд ва корҳои илмӣ мебаранд. 
Ин рақамҳо аз чӣ далолат медиҳанд? 
Пеш аз ҳама, онҳо далолати иқтидори баланди зеҳнии духтарон, занони мостанд, ки қодиранд, агар мо барои онҳо шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварем, қуллаҳои баландтаринро забт намоянд.
Бешубҳа, баҳои сазовор додан ва ба тарзи шоиста қадр намудани меҳнати занони мо, ки баробари ташвишҳои оилавӣ, тарбияи кӯдакон, дар соҳа ва ҷабҳаҳои мухталиф фидокорона кор мекунанд, дар маркази эътибори доимии давлат қарор дорад.          
Тӯли солҳои истиқлолият 17 нафар занони муҳтарами мо сазовори унвони олии «Қаҳрамони Ӯзбекистон» гардиданд, бояд махсус таъкид намуд, ки 7 нафари онҳо намояндагони илм, таълим ва санъат ба шумор мераванд. 11 зан сазовори дараҷаи олии соҳаи илм – унвони академикӣ гардиданд, ҳазорҳо нафар бонувон бо унвонҳои ифтихорӣ, ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шуданд, ки зуҳуроти эҳтироми олии халқ ва кишвари мо нисбати онҳост.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки шумо медонед, алҳол дар олам вазъи номӯътадил ва мураккаб ҳукмрон аст, буҳрони иқтисодӣ торафт амиқтар мегардад. Шубҳае нест, ки ҳамаи ин ба мамлакати мо низ таъсири манфӣ мерасонад. 
Дар чунин вазъият барои соҳаҳои иҷтимоӣ дарёфт кардани маблағҳои буҷавӣ осон нест. Вале, бо вуҷуди душвориҳо, мо имкониятҳои иловагиро пайдо мекунем, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, татбиқсозии иқтидори занону духтарон шароит фароҳам меоварем ва ин корро ҳатман идома медиҳем. Зеро саводнок кардани занон, аз ҷумла духтарон, дорои таълими олӣ шудан, соҳиби касб гардидани онҳо ба бахту саодати оилавӣ, инкишофи кӯдакон, умуман шукуфоии тамоми ҷамъият мусоидат мекунад. 
Муҳтарам иштирокдорони тантана!
Барои таъмин намудани ҳифзи шаъну шарафи инсон ҳамчун ҳувияти олӣ ҳифзи саломатии занон, модариву кӯдакӣ, таҳкими генофонди миллӣ масъалаи асосӣ ба шумор меояд. Соли 2023-юм зиёда аз 6 миллиону 500 ҳазор занон аз назорати тиббӣ гузаштанд, онҳо маслиҳатҳои зарурии тиббӣ ва кумакҳои амалӣ гирифтанд. 
Барои идома додани тамоми ин корҳои нек дар Барномаи давлатии Соли дастгири  ҷавонон ва тиҷорат вазифаҳо бобати таҳкими саломатии занон, таъмин намудани шуғли онҳо, рушди соҳибкории занон, пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоиашон вазифаҳои махсус муайян карда шуданд. 
Ба мақсади ба дараҷаи нав бардоштани рушди соҳибкорӣ дар байни бонувон, кумакрасонӣ барои шуғли онҳо бо сарварии Раиси Сенат Т. Норбоева Комиссияи махсус созмон дода мешавад. Ин комиссия то 8 марти соли оянда дар режими «вазъияти фавқулодда» дар ҳар кадом минтақа кор мекунад ва дар пояи низом ва муносибатҳои куллан нав кори омӯзондани касбҳо ба занон, таъмин сохтани  шуғли онҳо ва ҷалби бонувон ба соҳибкориро ташкил менамояд. 
Дар Комиссия муовини раиси Бонки халқӣ Г. Рашидова ба масъалаҳои дастгирии молиявии ғояҳои тиҷоратии занон масъул хоҳад шуд. Ғайр аз ин, дар Палатаи савдову саноат, Бонки рушди тиҷорат ва Микрокредитбонк муовинони алоҳидаи раис бинобар кумакрасонӣ ба занони соҳибкор корро оғоз менамоянд. Ин роҳбарон бобати дар ҳар кадом вилоят, дар ҳар кадом ноҳия ва дар ҳар як маҳалла ошкор кардани ғояҳои нави тиҷоратии мавҷудаи занон, татбиқсозии ташаббусҳои онҳо, коркарди босифат ва татбиқсозии лоиҳаҳояшон ҳамаҷониба кумак мерасонад. 
Ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, муовинони ҳокимон оид ба кори занон, занони фаъол якҷо бо Комиссия барои таъмин кардани шуғли тақрибан 580 ҳазор зан дар 9442 маҳалла ба сифати масъул муайян карда шуданд. 
Ҳадди ақалл 40 фоизи вомҳое, ки барои соҳибкории оилавӣ ҷудо карда мешаванд, барои дастгирии лоиҳаҳое, ки занон дар маҳаллаҳо пешниҳод намудаанд, сафарбар карда хоҳанд шуд. Барои ин мақсад дар ҳар кадом минтақа барои онҳо марказҳо ва кластерҳои ҳунармандиву соҳибкорӣ созмон дода мешаванд, ки 205 ҳазор занони мо дар онҳо тахассусҳои дар бозори меҳнат харидоргир ва асосҳои соҳибкориро меомӯзанд. 
Ҳамчунин ба 8 ҳазор занон ва духтароне, ки ба «Дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, барои оғоз намудани тиҷорати худӣ ва харидани таҷҳизот субсидия ҷудо карда мешавад, ба 10 ҳазор нафар вомҳои имтиёзнок пешниҳод мегарданд. Барои 50 ҳазор занони ҷавон лоиҳаи «Бизнес-марафон» бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар доираи лоиҳа ба садҳо нафар духтарони соҳибистеъдод барои ташкил намудани тиҷораташон кумакҳои амалӣ расонда мешаванд. 
Умуман дар тӯли як моҳ бобати ҷалби васеи занон ба соҳибкорӣ барномаи махсус қабул гардида, барои татбиқсозии лоиҳаҳо 15 триллион сӯм ҷудо мегардад, аз ҷумла 6 триллион сӯм барои лоиҳаҳои соҳибкории оилавӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Ғайр аз ин, аз ҷониби сафоратхонаҳои мо дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Олмон барои рушди соҳибкории занона ҷудо кардани грант дар ҳаҷми 100 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Як қатор чораҳои муҳим дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ низ татбиқ карда хоҳанд шуд. Аз ҷумла, 2 ҳазор бонувоне, ки ба амалиёти ҷарроҳиҳои мураккаб ниёз доранд, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ ва идораҳои байналмилалии молиявӣ табобат мегиранд. 
Баробари ин 1 миллион занони ҳомила ва 1 миллиону 500 ҳазор занони кӯдакдор бо воситаҳои йод, тақрибан 6 миллион занони синну соли таваллуд бо дорувори оҳану туршии фолеивӣ ройгон таъмин карда мешаванд.               
Ба 4 ҳазор нафар заноне, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд, манзил дода мешавад. Дар 3 ҳазор зани ин тоифа ҷарроҳии мураккаби пизишкӣ ройгон анҷом дода мешавад.
Дар кишвар платформаи «Академияи духтарон» таъсис дода мешавад, ки дар он ба 100 ҳазор зан асосҳои дониши молиявӣ, ҳуқуқӣ, равонӣ ва репродуктивӣ омӯзонида мешаванд.
Рӯйихати чунин ҳолатҳоро метавон идома дод.
Муҳтарам иштирокчиёни тантана!
Чӣ хеле ки маълум аст, ба қарибӣ Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва зершуъбаҳои ҳудудии он таъсис ёфта буданд. Ин барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ, махсусан занон имкониятҳои нав фароҳам овард.
Мо аз фаъолзанон дар таркиби «ҳафтгонаи маҳалла» натиҷаҳои махсусан калон интизорем. Вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо беҳбуди зиндагии занони мо, ҳалли мушкилоти онҳо, ҳангоми зарурат бояд дӯстони наздиктарини онҳо шаванд, ки дар масъалаҳои оилавӣ онҳоро дастгирӣ мекунанд.
Шумо, бешубҳа, хуб мефаҳмед, ки ҳадаф аз ҷорӣ намудани чунин низоме, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад, аз поён сар карда, ҳимояи босамари ҳуқуқу манфиатҳои занон аст. Инро метавон қадами нави амалӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон номид.
Ҳамватанони азиз!
Дӯст доштани Ватан, содиқона хизмат кардан ба он, ба воя расонидани шаҳрвандони арзандаи кишвари худ бузургтарин ва шарафмандтарин рисолати ҷаҳонист. Занони ғамхору хирадманд ва монданашавандаи мо дар иҷрои ин вазифа ҳамеша фидокории махсус нишон медиҳанд.
Чунон ки маълум аст, аҳолии мо ҳар сол қариб 900 ҳазор нафар меафзояд. Дар соли таҳсили ҷорӣ 733 ҳазор нафар бачаҳо ба синфи якум қадам гузоштанд. Дар ин насли наврас, ки фардо хамчун мавҷи тавоно ба ҳаёти мо дохил мешавад, мо бунёдкорони Ӯзбекистони Навро мебинем.
Аз ин рӯ, писарону духтарони моро ҳамчун шахсияти аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавӣ ва рӯҳан баркамол ба воя расонидан, дар онҳо ташаккул додани ифтихори миллӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ бояд мақсади асосии мо бошад.
Дар замони имрӯзаи ташвишовару ноором аз хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳон, аз қабили радикализм, ифротгароӣ, терроризм, савдои одам, нашъамандӣ, муносибати сабукфикрона ба ҳаёт, эҳсосоти истеъмолӣ, туфайлихӯрӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон вазифаи ниҳоят таъхирнопазир мебошад.
Аз фурсат истифода бурда, ба тамоми занони мамлакат муроҷиат менамоям.
Хоҳарони азиз, аз шумо хоҳиш менамоям, ки диққати худро ба тарбияи фарзанд дар оила зиёд кунед, ба боғчаю яслиҳо, мактабҳо ва донишкадаҳои олӣ бештар равед. Бо муаллимон ва мураббиён бештар муошират кунед, ба таҳсил, давомот ва рафтори фарзандон ва наберагон таваҷҷуҳ зоҳир намоед. Мо бояд ҳама якҷо, якдилона амал кунем, то фарзандонамонро ҳамчун шахси бомаърифат, аз ҷиҳати зеҳнӣ баркамол, соҳибирода, ба Ватану халқи худ содиқ, хубро аз бад фарқкунанда тарбия намоем.
Мо бояд минбаъд кори маънавӣ-тарбиявиро ба таври куллан нав ба роҳ монем. Ба тамоюли «Инсонпарварӣ – мақсади мо, тарбия – неруи мо» амал карда, мо ин кори муҳимро бояд, пеш аз ҳама аз оила, маҳалла оғоз кунем.
Чуноне ки дар ҳадиси шариф омадааст, «аз тарбияи хуб мероси беҳтаре нест».
Маҳз дар чунин масъалаҳо масъулияти занони азизи мо, модароне, ки моро дуои хайр медиҳанд, бараъло зоҳир мегардад.
Тасаввур кунед, ки агар фарзандони азизамон таълиму тарбияи шоиста гиранд, ҷомеаи мо, зиндагии мо чӣ гуна тағйир меёбад.
Дар иҷрои ин вазифа, ки аҳамияти ҳалкунанда дорад, мо дар навбати аввал ба шумо, занони азиз такя мекунем.
Дӯстони азиз!
Таҷрибаи миллии кишвари мо дар самти дастгирии занон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Дар индекси Бонки ҷаҳонӣ, ки чанде пеш эълон шуда буд, Ӯзбекистон дар қатори панҷ кишваре шомил шуд, ки дар татбиқи ислоҳот дар соҳаи баробарии гендерӣ ба муваффақиятҳои бештар ноил шудаанд.
Дар гузориши солонаи «Зан, тиҷорат ва қонун» аз рӯи 10 нишондиҳанда вазъи 190 кишвари ҷаҳон арзёбӣ карда мешавад. Дар индекси нав ислоҳоте, ки дар кишвари мо дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ амалӣ карда мешавад, бомуваффақият дониста шуд. Зимнан зикр гардид, ки Ӯзбекистон дар ин самт натиҷаҳои хуб ба даст овардааст.
Бесабаб нест, ки дар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалии занон, ки соли гузашта дар Тошканд ва Самарқанд баргузор шуда буданд, таҳлилгарону коршиносони мустақил ба ин ҷиҳат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Ҳамаи ин, албатта, муваффақияти бузурги умумии мост ва мо бояд ин корро ба зинаи нав бардорем.
Имсол дар мамлакати мо боз як чорабинии калон — Форуми занони Осиё барпо мегардад. Он якҷоя бо сохтори  «Созмони Милали Муттаҳид – Занон» ташкил карда мешавад.
Итминон дорам, ки ин форум як платформаи муассири муколама барои баррасии сиёсати гендерӣ ва иштироки минбаъдаи занон дар идоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ хоҳад шуд.
Аз фурсат истифода бурда, сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро, ки дар ҷашни имрӯза ҳузур доранд, самимона хайрамақдам мегӯям. Аз самими қалб ба мамлакатҳо ва халқҳои онҳо сулҳу амонӣ, некуҳолӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Дӯстони азиз!
Чунон ки маълум аст, ҳар сол дар арафаи иди 8 март мо духтарони боистеъдодро, ки сазовори Мукофоти давлатии ба номи Зулфия — шоираи бузурги ӯзбек гардидаанд, барои муваффақиятҳои аввалин дар соҳаҳои гуногун табрик мекунем.
Фикр мекунам, ки чорабинии идонаи мо имрӯз барои духтарон, волидон ва мураббиёни онҳо фаромӯшнашаванда хоҳад буд.
Шумо, духтарони азизамро бо чунин мукофоти олӣ, шахсан аз номи худам ва аз номи халқи мо самимона муборакбод менамоям. Итминон дорам, ки шумо дар оянда бо комёбиҳои бузурги худ ба чунин боварии баланд ва эътирофи Ватан  ҳатман сазовор мегардед.
Ҳамзамон, дар арафаи ҷашни имрӯза як гурӯҳи калони занони обрӯманд, ки дар меҳнат ва фаъолияти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷониби давлатамон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. 
Ҳамаи мо онҳоро аз таҳти дил муборакбод карда, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои нав орзу мекунем.
Бонувони азиз!
Бори дигар шуморо бо иди имрӯзаи баҳору зебоӣ табрик мегӯям.
Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва хушбахтӣ, ба хонадонатон сулҳу оромӣ ва файзу баракот таманно дорам.
Бигзор ҳар яки шумо ҳамеша дар иҳотаи муҳаббат ва меҳру эҳтироми хонавода, фарзандону наберагон, кишвару мардум бошед!
Барои эътиборатон ташаккур!

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: