Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд дар Қазоқистон то 30 рӯз бидуни сабти ном бимонанд

Имрӯз парлумони Қазоқистон тағйирот ба созишномаи байни ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандонро ба тасвиб расонд.

“Ин санад будубоши 30 рӯз барои шаҳрвандони ду кишварро дар асоси баробар бидуни сабти номи муваққатӣ муқаррар мекунад. Пас аз ин мӯҳлат аз онҳо талаб карда мешавад, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ бигиранд”, - гуфт Ержан Саденов, вазири умури дохилӣ ба вакилон.

Масъалаи таҷдиди мӯҳлати будубош низ ҳал хоҳад шуд, аммо он набояд дар давоми 6 моҳ аз 90 рӯз зиёд бошад. Тавре сардори Вазорати корҳои дохилӣ қайд кард, парлумони Ӯзбекистон ҳамин гуна қонунро моҳи апрели соли 2023 ба тасвиб расонд, хабар медиҳад Vlast.kz.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: