Мулоқоти вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акбар Тошқулов ва президенти ташкилоти патенти Авруосиё Григорий Ивлиев баргузор гардид.
Ташкилоти патенти Авруосиё созмони байналмилалии байниҳукуматӣ мебошад, ки барои иҷрои вазифаҳои марбут ба фаъолияти низоми патент, ҳифзи ҳуқуқии ихтироот ва намунаҳои саноатии як қатор кишварҳои воқеъ дар минтақаи Авруосиё таъсис ёфтааст.
Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва тиҷоратикунонии онҳо – яке аз масъалаҳои асосии рушди иқтисодиёт мебошад, дар замони ҷаҳонишавӣ низоми миллии моликияти зеҳниро бояд пайваста такмил дод.
Г. Ивлиев дар навбати худ таъкид кард, ки узвияти кишварҳои Авруосиё дар ин созмон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаи моликияти зеҳнии ин кишварҳо тақвият дода, заминаеро барои сода кардани расмиёти маъмурӣ фароҳам меорад.
Дар баробари ин онҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар тайёр кардани кадрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла дастгирии молиявии мутахассисони зеҳнӣ дар курсҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва тадқиқот дар ҳама гуна самтҳои таълимии ин соҳа изҳор намуданд.
Мулоқот дар вазъияти дӯстона ва созанда гузашт.
Н. АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.