ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОНИ ПАСТДАРҒАМӢ

Вохӯрии навбатии сардори садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатӣ бо ҷавонон дар ноҳияи Пастдарғам баргузор гардид.

Омӯзгори мактаби рақами 51-уми маҳаллаи «Оқ олтин» таъкид кард, ки азбаски дар маҳалла шавқмандии ҷавонон ба варзиш зиёд аст, маҳфили дзюдо ва барои пиронсолон маҳфили офиятмандӣ (реабилитатсия) ташкил кардааст. Вай барои идомаи кор ва сохтмони толори варзишӣ ёрӣ пурсид.
Дар вохӯрӣ аксари ҷавонон асосан дар масъалаи ҷудо кардани замин муроҷиат карданд. 
— Соли равон 742 гектар заминро, ки дар захираи ҳокимияти ноҳия аст, барои ташкил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷавонон медиҳанд, — гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия оид ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об Б. Ёқубов. — Дар ноҳия 107 то маҳалла ҳаст. Аз рӯйи сектор ба ҷавонони бекор, ки хоҳиши аз замин босамар истифода бурданро доранд, замин дода мешавад.
Дар давоми тадбир масъалаҳои таълими ҷавонон ба касбу ҳунар, пурмазмун ташкил кардани вақти холӣ ва шуғли онҳо муҳокима гардида, ба ҷавонони фаъол китобҳо туҳфа карда шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: